Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПОЯИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

142124124Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ собиқ ҷумҳуриҳо ба роҳи истиқлолияти хеш кӯшиданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари нофаҳмиҳо, нобасомониҳо ва идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ қисмати зиёди кишвар дар ҳолати буҳрони иқтисодиву маънавӣ қарор гирифт. Аз ин рӯ, истиқлолият маънои на танҳо ба расмият шинохтани давлат, балки фаъолияти амалии ҳар як фарди Тоҷикистониро тақозо менамуд. Ин буд, ки барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мустақилият дар соҳаи энергетика ва ба кор андохтани корхонаҳои саноати сабук ва ҳам вазнин дар назди мардум вазифаҳои хеле зиёд меистод. Дар давоми 31-соли Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои хеле назаррас соҳиб гардид. Кишварро зиёда аз 150 давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Инчунин ваҳдати тоҷикон барои тамоми давлатҳои ҷаҳон намунаи ибрат мебошад. Аз тарафи президенти шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ профессор Антон Каража мувофиқи қарордоди ин шӯро ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон унвони Пешвои асри XXI мансуб дониста шуд. Ин унвон тамоми дастовардҳои кишварро дар тӯли XX - сол таҳти сарварии Президенти кишвар ифода мекунад.

Соҳибихтиёрии халқ дар соҳибихтиёрии давлат ва соҳибихтиёрии миллӣ таҷассум меёбад. Халқи Тоҷикистон давлати худро барои татбиқи соҳибихтиёрӣ ҳуқуқдор менамояд. Дар натиҷа ҳокимияти давлатӣ соҳибихтиёр гардида, хусусиятҳои ба худ хосро пайдо мекунад. Асоси иҷтимоии соҳибихтиёрии халқ ва соҳибихтиёрии давлат як буда, аз ҳамдигар ҷудонашванда мебошанд. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрии халқ ва соҳибихтиёрии давлат шаклҳои гуногуни таҷассуми соҳибихтиёрии ягона аст.
Самтҳои асосии фаъолияти давлатӣ оид ба таъмини истиқлолият, ки дар ҷаласаи ХVI пешбинӣ шуд ва аввалин қадамҳои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон моҳиятан робитаи ногусастанӣ бо номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дорад, зеро ӯ дар муддати барои таърих хеле кӯтоҳ сазовори боварии халқ гардида, тавонист тамоми кӯшишҳои нерӯҳои мухталифи сиёсӣ ва ҷамъиятиро барои ба даст овардани ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар кишвар равона созад.
Ҳамин тарик, соҳибихтиёрии Тоҷикистон чунин хусусияти ҳокимияти давлатӣ аст, ки дар асл олӣ, мустақил ва соҳибистиқлол будани онро ифода мекунад.
Ҳоқимияти олии давлатӣ дар он ифода меёбад, ки он низоми ҳамаи муносибатҳои ҳуқуқии дар айни вақт амалкунанда, тартиботи ҳуқуқӣ, қобилияти ҳукуқдорӣ, ҳукуқу вазифаҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандро муқаррар менамояд. Инъикоси равшани худро ҳокимияти олии давлатӣ дар Конститутсия ва қонунҳои давлат меёбад, ки онҳоро мақомоти олии давлатӣ тайёр ва қабул мекунанд ё ба раъйпурсӣ пешниҳод менамоянд.
Хусусияти дигари соҳибихтиёрии давлат ягонагии (ваҳдати) ҳокимияти давлатӣ буда, хеҷ ягон иттиҳод ва қувваи сиёсии дигар набояд ба ҳокимияти давлатӣ дахолат кунад.
Бори аввал дар Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ки санаи 24-уми августи соли 1990 ба тасвиб расонида шудааст, пояи дар ҷумҳурӣ барпо кардани давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро инъикос намуд
Ҳамин тарик, соҳибихтиёрии Тоҷикистон чунин хусусияти ҳокимияти давлатӣ аст, ки дар асл олӣ, мустақил ва соҳибистиқлол будани онро ифода мекунад.
Вобаста ба ин ҷашни хотирмон дар ҳудуди факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушду нумӯи давлатдории миллӣ, асри дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ ҳайати роҳбарикунандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарон, курсантони факултет, иштирок намуданд. Ҷамъомади тантанавиро сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ғафурӣ М.С. ҳусни ифтитоҳ бахшида дар бораи ҳифзи асолати миллӣ ва арзишҳои миллӣ сухан намуданд.
Собит карда шуд, ки яке аз рукнҳои давлатдории тоҷикистониён аз Истиқлолияти давлатӣ оғоз мегардад.
Баъдан сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.А. маърӯза карда ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро дар ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд бо проблемаҳои иҷтимоӣ мавриди назар қарор доданд.
Инчунин бахшида ба 31- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд нафар афсарон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Давлатзода Ҷ.Н., корманд мутахассиси кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, сержанти милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...