Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои рушди иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар дар партави Паём

2523523425Беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандон яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Асоси ин гуфтаҳо дар сархати 3–юми моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёмҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа намудаанд, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои меҳварӣ ҳисоб меёбад. Дар Паёми навбатии худ, ки санаи 21 – декабри соли 2021 ироа гардид, сухани хешро вобаста ба ҳамин мавзӯи матраҳшаванда оғоз намуда, зикр карда шуд, ки «Тоҷикистон баъди сипарӣ шудани си соли истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад».
Агар бо назари муқоисавӣ ба мазмуну муҳтавои паёми Пешвои миллат назар афканем маълум мегардад, ки қисми зиёди он ба масъалаи рушди иқтисоди миллӣ дар замони истиқлолият бахшида шудааст. Бо вуҷуди давлати ҷавону тозаистиқлол будан, мураккабии вазъи сиёсии мамлакат дар даҳсолаи аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дастовардҳо дар ин соҳа бениҳоят зиёд мебошанд:
Аз ҷумла «287 нерӯгоҳи барқӣ – обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмуъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардида, беш аз 2000 мегават иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд гардидааст».
Неругоҳи Обӣ-барқии Роғун, ки бархе аз коршиносон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода додани онро як амали тахайюлӣ, ғайриимкон ва ношуданӣ меҳисобиданд, сохта ва ба истифода дода шуда, бо мақсади анҷоми кор ва пурра ба истифода додани он корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти аср идома доранд.
Нишондиҳандаи дигаре, ки аз рушди иқтисоди миллӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандон, беҳтар гардидани шароити зиндагӣ шаҳодат медиҳад, ин зиёд гардидани теъдоди воситаҳои нақлиёт мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки «соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрави шахсӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ин теъдод танҳо дар бист соли охир 730 ҳазор гардида, дар солҳои истиқлолият аз ҷониби аҳолӣ зиёда аз 320 ҳазор воситаҳои нақлиёт ва дигар техникаи таъиноти гуногун хусусӣ гардонида шудааст, яъне аҳолии мамлакат дар замони истиқлолият соҳиби беш аз ду миллион воситаи нақлиёти шахсӣ гардидааст»;
Ҷиҳати муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёт дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рафтуомади бе мамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.
Пешвои миллат хотиррасон намуданд, ки «имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад».
Масъалаи муҳими дигаре, ки далели рушди иқтисодии Тоҷикистони маҳбубамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи сокинони он мебошад, бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани шаҳрвандон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар паёми худ дарҷ карданд, ки дар замони истиқлолият «ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.
Аз рӯйи тартиби муқарранамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёри майдони истиқомати барои як нафар 12 метри мураббаъ муқаррар шудааст. Агар 1,2 миллион метри мураббаи манзилҳои истиқоматии дар соли 2021 сохташударо ба меъёри муайяншуда тақсим намоем, сад ҳазор шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд. Яъне аз ҳисоби манзилҳои истиқоматии асосан дар биноҳои баландошёна сохташуда, сад ҳазор шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд.
Зиёда аз ин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба шаҳрвандон «дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд».
Дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд. Сокинони мамалакат, манзилҳои истиқоматии аз 1 то 5 ошёна ва зиёда аз он манзили истиқоматӣ сохта, шароити зиндагии худро беҳтар менамуданд. Ҳамзамон ин исботи рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани шароити зиндагии шаҳрвандон мебошад. Ҳамаи ин пешравӣ дар самти сохтмони манзилҳои истиқоматии замонавӣ далели возеҳи рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии шаҳрвандон мебошад. Бо ҳамин мақсад Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин нишонаи рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии шаҳрвандон ёдовар шуданд.
Ҳолати дигаре, ки аз рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинони Тоҷикистон далолат медиҳад ва Пешвои миллат дар Паём ба он ишора карданд, ин зиёд шудани муштариёни алоқаи мобилӣ мебошад. Хотиррасон карданд, ки агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст. Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Танҳо дар 10 соли охир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.
Яке аз соҳаҳои дигари рушди иқтисодиёти давлат самаранокии фаъолияти низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба ин масъала афзуданд, ки: «Рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз низоми бонкӣ вобаста мебошад, вале то ҳанӯз дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мушкилоти зиёди ҳалталаб боқӣ мемонад». Дар ҳақиқат низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми асосии ҷудонашавандаи бахши молиявӣ буда, барои амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1850 адад расонида шуда, сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000-ум 130 баробар афзоиш ёфт, ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин дастовардҳо аз ислоҳот ва мукаммал сохтани низоми бонкдорӣ шаҳодат медиҳанд. Дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони истеҳсолӣ дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муайян дорад. Агар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 117 миллиард сомониро ташкил карда бошанд, (аз ҷумла дар соли 2021-ум 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст), 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст.
Бо вуҷуди таъсири бемории сироятии КОВИД–19, дар соли 2021 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 6,8 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,5 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба соли 2020 ҳаҷми сармоя 42 фоиз ва сармояи мустақими хориҷӣ 39 фоиз зиёд мебошад, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз талошҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд.
Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт».
Аз ҷумла дар даврони истиқлолият дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ даромади буҷети давлатиро барои соли 2022 дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ эълон дошта, таъкид намуд, ки «…нисбат ба соли 2021-ум 19,4 фоиз зиёд мебошад».
Яке аз самтҳои муҳим барои рушди иқтисоди миллиамон ин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ҷумҳурии аграрӣ будани Тоҷикистон, сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон ва шароити арзандаи зиндагӣ аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Бо ҳамин мақсад Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои мухталифи соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуд. Бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.
Вобаста ба рӯшд ва маблағгузории соҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки «… аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд».
Натиҷаи чунин таваҷҷуҳои хоса ба соҳаи кишоварзӣ буд, ки дар давоми 20 сол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 21 ба 200 адад расонида шуда, воридоти гӯшти паранда аз 65 ҳазор тонна ба маблағи 50 миллион доллар дар соли 2014 то 3 ҳазор тонна ба маблағи 9 миллион доллар дар соли 2021 кам гардид, яъне аз рӯи ҳаҷм беш аз 21 баробар коҳиш ёфт.
Самтҳои дигар хоҷагии қишлоқ, ки дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ буданд. Шароити зиндагии арзандаи ҷомеа ва рушди иқтисоди мамлакат аз соҳаҳои зикршуда вобастагии калон дорад.
Пешвои миллат аз дастовардҳои соҳа дар замони истиқлолият ёдовар шуда, хотиррасон намуданд, ки дар замони истиқлолият «… майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт».
Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонида шуда, дар ҳамин замина 700 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии худро бо мевагии хушсифат таъмин намуда, ба давлати содиротӣ табдил ёфтааст. Аз рӯи ҳисобҳои расмӣ соли 2021 беш аз 200 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2020 70 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Агар соли 1991 ба Тоҷикистон 150 ҳазор тонна гӯшти чорво ва 325 ҳазор тонна картошка бо мақсади истеъмолӣ ворид шуда бошад, пас ҳоло бо ин мақсад ба кишвар гӯшти чорво ва картошка умуман ворид намешавад;
Аз андози ягона озод кардани кишоварзон боиси 6 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2021 нисбат ба соли қаблӣ гардид.
Яке аз масъалаҳои бисёр муҳиме, ки вобаста ба дастгирии иҷтимоӣ дар Паёми Пешвои муаззами миллат садо дода, таваҷҷуҳи ҳамаи табақаҳои аҳолиро ба худ ҷалб намуд, ин аз 1-уми январи соли 2022 ба андозаи 25 фоиз зиёд намудани музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот, аз 1-уми июли соли 2022 ба андозаи 20 фоиз зиёд намудани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз 1-уми июли соли 2022 ба андозаи 25 фоиз зиёд намудани нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида ва аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд кардани ҳадди ақалли музди меҳнат ва муқаррар кардани андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ, ба ҳисоб меравад.
Дар партави гуфтаҳои боло қайд кардан ба маврид аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият то ба ин рӯз музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои муаззами миллат бори дигар собит сохт, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт авлавият дода шуда, таъмини рӯзгори шоистаи сокинони кишвар моҳияти асосии сиёсатии мазкурро ташкил медиҳад.


Муаллими кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 майори милитсия Рахимзода А.Р.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...