Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАОРИФ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

66666Масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Соҳаи маориф ҳамчун зерсоҳаи иҷтимоӣ дониста шуда, пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат қарор гирифтааст. Ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин соҳаи калидии барои давлат муҳим ғамхориҳои беандоза зиёд зоҳир намуда, дар сиёсати пешгирифтаи худ маорифро дар мақоми аввал мегузорад.
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар як баромади хеш ба муҳим ва афзалиятнок будани ин соҳа чунин зикр намуданд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Пешвои муаззами миллат пайваста дар баромадҳои хеш нисбат ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ ҳарф мезананд ва барои пешрафти маориф кушишҳои зарурӣ намуда, аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд, то ки муассисаҳои таълимии маорифи кишвар рӯ ба беҳбудӣ оранд. Аз рӯзҳои аввали даврони истиқлолият шуруъ карда, то ба имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як қатор барномаву стратегияҳои мухталиф ба хотири такмилу таҳким ва ислоҳот бахшидани соҳаи маориф сурат гирифта истодааст.
Ҳангоми ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди соҳаи маориф, ба мақом ва нақши омӯзгорон дар омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ чанд андеша дарҷ гардид. Дар баромади хеш Пешвои миллат аз тамоми роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Пешвои миллат дар рафти баромади хеш қайд намуданд, ки то ҳол омӯзгороне ҳастанд, ки аз методҳои кӯҳнаи раванди таълим дарс мегӯянд. Дар замони муосир технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ бо суръати кайҳонӣ пеш рафта муносибати навро, аз ҷумла дар соҳаи маориф ба вуҷуд оварда истодааст. Замони муосир тақозо менамояд, ки омӯзгорони муассисаҳои олии касбӣ донишҳои соҳавиашонро таҳким бахшида дар раванди таълим барои беҳтару хубтар гардондани ҷараёни таълим аз методҳои нав, аз техникаю технологияи ҷадид, ки муносибати нави дарсгӯйиро талаб менамояд, моҳирона истифода баранд. Дар ин алоқамандӣ қайд кардан ба маврид аст, ки низоми таҳсилоти кредитӣ ва замони муосир аз ҳар омӯзгор, бахусус омӯзгорони ҷавон дараҷаи баланди касбиро зарур медонад.
Имрӯзҳо бошад аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия як зумра корҳо аз қабили таҳияи китобҳои дарсӣ, барномаҳо, нақша-конспектҳо ва матни лексияҳо ба забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, фаъолияти омӯзгорон дар ин самт таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Раванди таҳлили сифати таълим дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар маҷмӯъ истифодаи самараноки воситаҳои аёнии таълим ва иштироки омӯзгорон ба дарсҳо дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки истифодаи технологияҳои замонавӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои тахассусӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.
Ҳамзамон, дар Академия беш аз 45 синфхонаи таълимӣ ва толорҳо бо воситаҳои муосири техникии таълимӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ, экрани электронии формати HD, проекторҳо, ноутбук, воситаҳои пурқувваткунандаи нутқ ва ғайра таҷҳизонида шудааст, ки раванди таълимро дар муассисаи таълимии мазкур таҳким мебахшад.
Бояд таъкид намуд, ки ҳадаф аз бунёду таҷдиди заминаҳои моддиву техникии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ин баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи курсантону шунавандагон, омода кардани мутахассисони баландихтисос ва ватандӯсту худшинос барои мақомоти корҳои дохилӣ ва такмилу тақвияти донишу малакаи касбии кормандон ба ҳисоб меравад.
Дар давраи бисёр ҳам пуртаззоди имрӯза дар назди омӯзгорон вазифа гузошта мешавад, ки дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавонон, ки 70% ҷомеаи моро ташкил медиҳад, пурмасъулият бошанд. Зеро ки касби омӯзгорӣ аз як ҷониб бисёр ҳам пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Рисолати омӯзгорӣ ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати зиёдро талаб менамояд. Вобаста ба ин ҳолат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 ҳангоми воҳурӣ бо аҳли омӯзгорони муассисаҳои олии кишвар бахшида ба Рӯзи дониш дар мавриди вазифа ва рисолати омӯзгорон дар шароити муосир зикр намуданд: «Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд».
Замони муосирро аз як тараф раванди ҷаҳонишавӣ ва аз тарафи дигар бархурди манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат, бархурди тамаддунҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ ҳамроҳи намуда вазъи печидаи сиёсии минтақа ва ҷаҳонро боз ҳам мураккабтар мегардонад. Дар ин давраи бисёр ҳам ҳассос ва моҷароҷӯи минтақа ва ҷаҳон омӯзгоронро зарур аст, ки тарбияи насли наврас ва ҷавононро, ки қишри ояндасози давлату миллат мебошанд, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандорӣ, ватандустӣ ба роҳ монда маърифати сиёсии онҳоро баланд бардоранд. Дар сурати тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон фаъолияти якҷояву дастаҷамъонаи аҳли омӯзгорон ва дар умум ҷомеаи шаҳрвандиро талаб менамояд.
Ҷавонон қишри асосии ҷомеаи моро ташкил дода, нақши онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ хело назаррастар дида мешавад. Агар дар сурате насли наврас ва ҷавонони мо соҳибкасб ва ватандӯсту худогоҳ мешаванд, ки таълиму тарбия дар тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои олии касбӣ дуруст ба роҳ монад шуда бошад. Аз ин хотир, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба масъалаи таълиму тарбия, забондониву донистани технологияи муосир таъкидҳои махсус намуданд: «Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад».
Ғайр аз ин, Пешвои миллат ба азхудкунии донишҳои замонавии хонандагон, чӣ гунае ки қайд намудем ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ пайваста диққати махсус зоҳир намуда, ҳангоми суханрониҳо ва мулоқотҳояшон сохторҳои дахлдорро вазифадор месозанд, ки дар ин самт фаъол ва ташаббускор бошанд.
Бояд таъкид намуд, ки омӯзиши донишҳои замонавӣ, хусусан таълими забонҳои хориҷӣ - русӣ ва англисӣ аз марҳилаи аввали истиқлолият дар маркази диққати Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Бо ин мақсад, ҳанӯз аз соли 2004 барномаҳои давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ қабул гардида, давра ба давра дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438, «Дар бораи Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тадбири саривақтӣ буда, татбиқи он ба ҳалли ин мушкилӣ мусоидат хоҳад намуд. Зеро дар раванди ҷаҳонишавии ҷомеаи ҷаҳонӣ донистани забонҳои хориҷӣ як роҳи ноил гардидан ба муваффақиятҳои беш аз пеши ҳар як сокини кишвар маҳсуб меёбад.
Яъне, ба андешаи Роҳбари давлат забондонӣ ва соҳибкасб будани шахс омили на танҳо пешрафту ободии ҷомеа, боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва боиси обрӯву эътибори махсус пайдо намудани шахс дар ҷомеа мегардад. Президенти мамлакат дар Паёми хеш бо мисолҳои равшан ишора намуданд, ки бештари хатмкунандагони мактабҳои олӣ забонҳои хориҷиро намедонанд, ки ин боиси пайдо карда натавонистани ҷойи кори арзандаи онҳо мегардад. Дар ин робита, аз омӯзгорон ва ҷавонон тақозо карданд, ки ҳадди ақал ду забони хориҷиро аз худ намоянд. Зеро бе донистани забони хориҷӣ дар оянда пешрафт кардани шахс ғайриимкон аст. Зимнан, ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳида пешбинӣ намояд. Ҳамчунин, талаб карданд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ, дар тамоми факултаву шуъбаҳои макотиби олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Аз ин лиҳоз, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таъкидҳои Сарвари давлат ба масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ эътибори ҷиддӣ дода, кушиш намуда истодаанд, ки хатмкардагони Академия на танҳо ҳуқуқшиносони баландихтисос, балки донандагони хуби забонҳои хориҷӣ низ бошанд.
Ба масъалаи омӯзиши забонҳо, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир мегардад. Баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонии курсантону шунавандагон пайваста мизҳои мудаввар, викторинаҳо ва озмунҳо ташкил карда мешаванд. Дар доираи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар асоси ҷадвалҳои дарсӣ машғулиятҳо гузаронида шуда, баҳри тақвият додани ин самти фаъолият дарсҳои иловагӣ гузаронида мешаванд
Баҳри тақвият бахшидан омӯзиши забонҳои хориҷӣ синфхонаи лингофонӣ ташкил карда шуда, машғулиятҳо дар ин самт пайваста баргузор карда мешавад.
Воқеан, соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявию ҷамъиятӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот барои омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯй ба талаботи рақобати бозори меҳнат таъсири бевосита мегузорад. Аз ин рӯ, ислоҳоти соҳаи маориф ин нишони рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, омили пешрафти ҷомеа ва боз ҳам ба таври шоиста беҳтар муаррифӣ гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021 ифода ба он менамояд, ки масъалаи илм ва маориф беш аз ҳарвақта дида мавриди диққати Пешвои миллат қарор гирифтанд. Пешвои миллат зимни суханронӣ ба масъалаи омӯзиши фанҳои таълимии табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон, тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос, таҳқиқи масоили мубрами ҷаҳони муосир ва ғайра дахл намуда, таваҷҷуҳи масъулони соҳаро баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими сатҳу сифати дониш ва саводу малакаи мутахассисон ҷалб намуданд.
Саидзода Саидшоҳ Саид - сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД, полковники милитсия.

Расулзод Лоиқ - ходими шуъбаи ташкили илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...