Сулҳу Ваҳдати миллӣ пояи хушбахтӣ ва рушди миллат аст
Сулҳ мафҳумест бузург, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист.Сулҳ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи тоифаи одамон аст. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ натанҳо дар ҳастии давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зинда қувваи олам эҳсос мешавад. Сулҳ чун офтоби рахшон, баҳори пуробу ранг,табиати пур аз роз, замини мубораку пур бор, одамони мушфиқу меҳрубониҳост. Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон мо дар истироҳат асту изтироб надорад.
Умед бастан ба нерӯҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд: “Яъне ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад”. Ин мавқеи эътимодбахши давлату Ҳукумат тайи солҳои истиқлолият яке аз омилҳои муҳими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон гардидааст.
Такя ба нерӯҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Дар шароити нави соҳибистиқлолӣ ва дар қадамҳои аввалин ин масъалаи муҳиму ҳасcос дар мадди назари роҳбарияти давлат қарор дошт. Давлату ҳукумати ҷумҳурӣ барои густариши арзишҳои инсонпарваронаи Ваҳдати миллӣ ҳамвора тадбирҳои зарурӣ меандешад ва нисбат ба ин масъала мавқеи бетафовутона ҳеҷ гоҳ дида намешавад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ҳангоми мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат таъкид карда буданд, ҷойи ифтихор ва хушнудист, ки арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан арзишҳои дини мубини Ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид. Дар ин замина, дастовардҳо ва ҳидоятҳои роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳуриро танҳо дар мисоли ҳифзу густариши арзишҳои дини мубини Ислом миёни ҷомеаи кишвар ва дастгирии ятимону бепарасторон ва мардуми барҷомонда, ки дини ислом низ беш аз пеш ин амалро талқин менамояд, зиёду бешуморанд.
Дар анаҳамин ҷаҳони пуртазод ва олами бархурдҳо чун садҳо давлати дигар кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистони азиз низ қарор дорад. Тоҷикистоне, ки як маротиба дар ибтидои соҳибистиқлолии хеш пешпо хӯрд, гирифтори муборизаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гашт. Бо вуҷуди бохтҳову мусибатҳои овардааш ин ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми мо як сабақи таърихиву бебаҳо дод: Дар ғами Тоҷикистон ба ҷуз тоҷик, ба ҷуз мардуми худаш, ба ҷуз фарзона-фарзандонаш касе набуд, нест ва наҳоҳад буд. Яъне ин сарзамин, ин кишварро касе мисли худи мо дӯст намедорад, касе мисли роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар фикри он нест. Ободиву осоиши ин сарзамин ба худи мо иртибот дорад. Агар мо соҳибмаърифат, худогоҳу худшинос бошем, касе наметавонад, осоишу суботи кишвари моро халалдор созад, теша ба решаи мо занад. Яке аз омилҳои ваҳдатсоз ин донистани таърихи миллат аст. Ва ин нуктаро борҳо Сарвари мамлакат зимни вохӯриву мулоқотҳояшон бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа таъкид мекунанд.
Мо бояд донем, ки гузаштагони мо кистанд, ба мо чиро мерос гузоштаанд ва мо - меросбарони онҳо кистему ба ояндагон чиро мегузорем. Дарки ин ҳама ба худшиносиву худогоҳии мо вобаста аст. Ва дар ин самт бояд иқрор кард, ки ҳеҷ замоне мисли имрӯз шароити мусоид пешниҳод насохта набуд. Ин шароити мусоидро барои мо истиқлолият фароҳам овард. Акнун дар баробари кишварҳои абарқудрату кучак бо ақлу идроку андешаи созандаи худ қадам дар ҷодаҳои мухталиф мегузорем. Санҷишу монеаҳои бузург ҳар лаҳза барои кишвари мо дар ин асри бархурди тамаддунҳо вуҷуд дорад.
Бешак, умумияти фарҳангӣ аз ҳар навъ иттиҳоди идеологӣ бартар аст ва маҳз тамаддун ва посдории арзишҳои волои инсонӣ метавонад башариятро аз буҳрон ва касодии маънавӣ раҳоӣ бахшад. Ба ин хотир, баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад”. Ин андешаи Сарвари давлат дар партави нури истиқлол мавҷ мезанад ва бори дигар оҳанги худшиносиро замзама месозад. Дар ҳақиқат маҳз истиқлолият аст, ки мо торафт бештар ба гузаштаи пурифтихори худ рӯй меорем, аз сабақи он баҳра мегирем. Фақат як нигоҳе ба солҳои истиқлолият кофист, ки мо ба чунин андеша расем. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо як силсила маъракаву ҷашнҳои муҳими илмиву адабӣ ва фарҳангиро бо иштироки донишмандон ва муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ дар сатҳи баланд баргузор намуда тавонистем.
Ваҳдат дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо калимаи «якдилӣ», «якпорчагӣ» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир мебошад. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯямон - Тоҷикистон Рӯзи 27-июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ҳамдилию ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд. Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккypи таъpихӣ, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpxангӣ, pавнақy pивоҷи шyypи миллӣ тасаввypнопазиp аст. Сарвари сулҳпарвари кишваp Эмомалӣ Раҳмон даp таълифоти пypмуҳтавои худ: «Тоҷикон даp оинаи таъpих: Аз Оpиён то Сомониён», «Тоҷикистон даp остони фаpдо» (1997), «Дyшанбе - шаҳpи дӯстӣ ва баpодаpӣ» (1998), «Ислоҳоти иқтисодӣ - тоқозои замон» (1998), «Фаpҳанг - ҳастии миллат» (2000), «Зиёиён pавшангаpони pоҳи фаpдои миллатанд» (2004) ва ҳамчунин даp сyханpониашон даp идҳои ҳаpсолаи Ваҳдати миллӣ, ки даp пойтахти ҷумҳурӣ ва дигаp шаҳpy навоҳии меҳанамон баpгyзоp мегаpдад, ғояи Ваҳдати миллиpо бо мазмуну муҳтавои давлатию ҷамъиятӣ комил гаpдонидаанд. Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт маpбyт буда, тавассути таълиму таpбияи хуб ва донишу маъpифати баланд ба даст меояд. Бо таъбиpи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотиpаҳои таъpихӣ, ифтихоp аз мансубияти миллӣ, даp шyypи ҳаp яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиpо ҳамчун қаpзи муқаддаси шаҳpвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиpом нагyзоpем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат баpоямон ба аpзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намеpасем».
Худшиносӣ мақому манзалати инсонии хyдpо бо pешаҳои таъpихӣ, бо саpнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башаp даpк каpдан аст. Тоҷикон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамаддин ба дарёфти макоми муаззам ва ифтихорангез ноил гардиданд. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тӯли таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон, пешвоён ва сарлашкарон: Шерак, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони шарафманди дигар тавъам буд.
Санаи мубораки 24 августи соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти кишварро қабул намуд ва 9 сентябри соли 1991 халқи шарифи Тоҷикистон ба истиқлолияти комили сиёсӣ расид. Аммо кишвар дар қадамҳои нахустини мустақилонаи хеш ҳамрадифи муборизаҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ гардид. Сабабҳои рух додани нокомиҳо дар солҳои аввали истиқлолият танҳо натиҷаи сиёсат набуда, балки решаҳои чуқури таърихӣ дошт. Сабаби асосии оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз таърих, фарханг, тамаддун ва бузургию шаъни гузаштагони худ огоҳ набудани силоҳбадастон буд. Дар чунин вазъият барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои сарнавиштсози таърихӣ фоҷиабораш сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ ва барои сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад, манфиатҳои миллатро аз манфиатҳои кавму маҳаллу минтақа болотаp донад ва маҳз ҳамин гуна шахсият бемуболиға муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардида аст. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар эъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Қисмат кардани Тоҷикистон қисмат кардани модараст.
Мо тоҷикон, ки яке аз рукнҳои тамаддуни ҷаҳон ҳастем, бояд таърихи халқи худро воқеъбинона ва беғаразона омӯзем ва мақому манзалати халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам боло бардорем. Агар мо, махсусан ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат дар дасти мост, ифтихори миллӣ ва худшиносӣ надошта бошем, баҳри ободию озодии кишварамон талош карда наметавонем.Ниёгони мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Низомӣ, Хайём, Мавлонои Балхӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон маҳз ҷавононро ба рафтору кирдори нек донистани таъриху маданияти худ ва пеш аз ҳама ба худшиносию ифтихори миллӣ даъват намудаанд.
Ба андешаи ин ҷониб мо бояд ҳиссибаланди худшиносӣ ва ифтихори ватандӯстӣ дошта бошем, ба мисли ниёгонамон барои эҳё ва ободии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд ҳеҷ вақт фаромӯш накунем, ки тоҷик ҳастем, як замин, як забон, як Ватан дорем, ки онро ном Тоҷикистон аст.Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ армуғон ва дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисёр болотар аст. Ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар буда, наметавонад. Ваҳдати миллӣ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шӯҳратёр мегардонад.Дар ин марҳалаи мураккаби таърихӣ ва дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таҳкими Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад.
Ба хотири амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои неки дар назди мо қарордошта, аз ҷумла вазифаҳои дар паём гузошташуда, ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки қабл аз ҳама, дастоварди асосиву бузургтарини халқи азизамон - ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи Ватани маҳбубамонро абадӣ гардонад, муҳаббату садоқати фарзандони ин миллати сарбаландро ба ояндаи ободу осудаи сарзамини аҷдодиамон афзун созад ва сарзамини биҳиштосои моро ҳамеша дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.
Бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем.Боварӣ дорам, ки мо як ҷо бо халқи шарифу сарбаландамон имсол ва солҳои минбаъда низ ба хотири рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон ҷаҳду талоши бештар намуда, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи олам ба таври сазовор муаррифӣ мекунем.
Муаллими кафедраи ҳифз дар
ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5,
лейтенанти калони милитсия Абдулҳамидзода А.Д.