Ҷавонони Тоҷикистон - ҳомиёни Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ( Бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ)
Ҳукумати кишвар ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ медонад ва имрӯз, ки мо дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ қарор дорем, барои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат, бояд ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онро рӯ биоварем, зеро, ки “мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола ба 70% аҳолии ҷамъияти Тоҷикистон баробар аст” ва онҳо айни замон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи моянд.
Воқеан, ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва неруи бузурги бунёдгару созандаи давлату мамлакат буданд, ҳастанд ва мебошанд. Аз ин рӯ, ҳанӯз чанд ҳазор сол муқаддам файласуфи машҳур Арасту навишта буд, ки “...ҳама касоне, ки хусуси санъати идоракунии тафаккур намуданд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири имперяҳо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ дорад”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд: “...ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд,дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва Парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Давлату Ҳукумати мамлакат тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд аҳамияти зарурӣ медиҳад. Зеро миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди омода намудани кадрҳои ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар давоми солҳои Истиқлолият барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои назаррасро анҷом дода истодааст.
Месазад, ки мо ба андешаҳои Пешвои миллат, ки “... минбаъд олимони мо дар доираи стратегияву баромаҳои давлатӣ таҳқиқот бурда, ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ диҳанд”, дастгиру ҳамовоз гардем.
“Бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд ”- таъкид менамояд, Пешвои миллат.
Назорати масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон, кору фаъолияти онҳо дар хориҷӣ кишвар ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҷавонони муҳоҷир баъди бозгашт ба маҳалли зисташон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин дар ин самт кӯшиш бояд кард, ки ҷавонони мо бо тайёрии зарурӣ ба хориҷӣ кишвар рафта, бо сабаби надонистани забон ва меъёрҳои оддии муносибату муошират бо кордиҳандагон ба мушкилот дучор нашаванд, баъзеи онҳо аз каммаърифатӣ ба ҳизбу гурӯҳхои ифротӣ шомил мешаванд.
“Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд”.
Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон тамоми мақомоти давлатиро зарур аст, ки корҳои фармондадиҳиро густариш диҳанд. Зеро вақтҳои охир мутаасифона аз тарафи бархе аз ҷавонон қонунвайронкунӣ ба мушоҳида мерасад. Дар бисёр ҳолатҳо ба ҷавонон зарур аст, ки талаботи Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”-ро сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳанд.
Сиёсати давлатии ҷавонон ба сиёсати хизмати давлатӣ ҳамбастагии зич дорад. Боварӣ дорем, ки кадрҳои ҷавони Тоҷикистон бахусус хатмкунандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонро пайваста эҳсос менамоянд, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо нестанд ва манфиати Ватану миллат ва арзишҳои миллиро аз ҳама боло медонанд.
Асламов Б.С., Қосимов Ф.М.