Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манораи Фатмев

39(Ба ифтихори солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)
МАНОРА – калимаи арабӣ буда маънояш манбаи пур ё чароғдон аст. Манораро ба забони русӣ «Башня» ва ба забони англисӣ «Tower» меноманд ва он дар ду шакл тавсиф карда мешавад:
1) бинои бурҷмонанд, ки асосан дар пеш ва шафати масҷиду мадрасаҳо ё дар дохили ҳавлии онҳо барои азонг азонгӯӣ сохта мешуданд. Аз ин рӯ, баъзан онро маъзана мегӯянд. Манораҳо сараввал аз берун зинаи морпеч дошта, баъдҳо онро дар дохили Манора месохтанд. Манорҳо ба сифати ҷои дидбонӣ ва нишони роҳ низ истифода мешуданд. Манораро асосан аз хишт, санг ва баъзан чӯб месохганд. Манорасозӣ бештар дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ маъмул буд. Манораҳо аз рӯи сохт мудаввар, рерқирра ва чоркунҷа мешаванд. Манораҳои Миср, Ироқ, Эрон, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Миёна асосан мудаввар ё бисёрпаҳлӯ буда, бо лавҳаҳои кандакорӣ, қошӣ ва қафасаҳои нақшин оро до¬да мешуданд. Манораҳои чоркунҷа хоси меъмории Сурия ва мамлакатҳои Африкаи Шимолист. Дар аксари Манораҳои Эрон, Ҳиндустон, мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна катибаҳо низ сабт меёфтанд.
2) Иншооти баланде, ки озод меистад. Устувории Манораро конструксияи асосии он (бе бандакҳо) муайян мекунад. Манораҳои замонавиро аз пӯлод, чӯб, оҳанубетон, санг (Манораҳои телевизион, радиоманораҳо, Манораҳои обфишор, Манораҳои силосхобонӣ ва ғ.) месозанд. Конструксияи сутуни Манора одатан бо шакли милаҳо (гирди, секунҷа, росткунҷа, квадратӣ, бисёркунҷа) иборат аст. Ба Манора асосан омилҳои метеорологӣ (шамол, гармову сармо ва ғ.) таъсир меку¬нанд.
Манораҳоро аз рӯйи қоидаҳои уму¬мии механикаи бинокорӣ месозанд: пеш аз сохтани Манора мустаҳкамӣ, устуворӣ ва мавқеи онро аз ҷиҳати статикӣ ва динамикӣ ҳисоб мекунанд. «Манораи афтанда» дар Пиза (Италия 1174-1372, баландиаш 56 м), силсилаи манораҳои Кремли Москва (асрҳои 15-17), манораи Эйфел дар Париж (1889, баландиаш қариб 300 м), манораи маркази телевизионии Москва (манораи Останкино, 1961-68, баландиаш 536м) машҳуртарин манораҳо мебошанд. //Мачаллаи Маданият ва санъат 28.02. 2018//
Силсилаи манораҳои асрҳои миёна дар Точикистони имруза дар болооби Зарафшон мавҷуд буданд. Мувофиқи ривоятҳои маҳаллӣ дар болооби Зарафшон 7 манора вуҷуд доштааст. Мувофиқи ақидаи муҳаққиқон, ин манораҳо ба асрҳои X-XII мутааллиқанд. Аз ин дастовардхои таърихӣ холо танҳо 3 манора боқӣ монда, то замони мо расидаанд. Инҳо Манораи деҳаи Варзи манор (ҳоло шахраки Айнӣ), Манораи деҳаи Рарз ва Манораи деҳаи Фатмев (дар нохияи Айнии имруза).
Деҳаи Фатмев, чунончи аз номи деҳа ва топонимхои мавзеъхои ҷуғрофии атрофи он ба монанди Фалғар, Анзоб, Вашан, Вешаб , Вешканд , Вота , Ғабируд , Гузари бод, Дар-дар, Дарғ, Деҳбаланд, Дижик, Ёвон, Зарафшон, Зеробод, Зиндакон, Зосун, Искодар, Испағн, Қаздон, Канте, Кирёнте, Кум, КумарҒ, Куруд, Мадм, Марғузор, Марзич, Марғеб, Махшеват, Нарвад , Новдонак, Пасрӯд, Пинён, Пишанза, Пете, Пои Мазор, Похут, Путхин, Рарз, Ревад, Ремон, Сайрон, Сангистон, Саратог, Такфон, Томин, Туда, Урметан, Утогар, Фатмовут, Хайробод, Ҳайронбед, Хишортоб, Хушекат, Чоре, Шаватки Боло, Шаватки Поён, Шамтуч, Шурмашк, Яғноб ва гайра бармеояд, таърихи қадима дорад. Ин номхо аксаран аз забони суғди буда, маскунияти кадимаи ахолии ин сарзаминро ба он даврахо нисбат медихад. Аммо дар хусуси мавҷудияти расмиёт ё санади таърихӣ нисбати дехаи Фатмев ҳуҷҷате дар даст надорем. Ногуфта намонад, ки дар ин хусус дар тадқикотхои илмии бостоншиноси точик Юсуфшох Ёкубов сухан меравад ва мавҷудияти ин деҳа ва шуғли ахолию ёдгориҳои маҳалро номбар кардаанд. // Якубов Ю. Паргар в 7-8 веках нашей эри. Душанбе, 1979//.
Хушбахтона, аз руи маълумотҳои академик Бобочон Ғафуров, ки дар китоби “Тоҷикон” сабт ёфтааст, маълумотхои расми мавчудияти ин сарзаминро ба ибтидои асрхои VIII мансуб медонанд.
Хамзамон, ин нуктаро ҳуҷҷатхои суғдие, ки дар Калъаи Муғ ёфтаанд, шаходат медиханд, ки дар омӯзиши онҳо ва ёдгориҳои бостонии водии Зарафшон саҳми шарқшиносони рус ва ватанӣ Андреев М.С., Литвинский В.А., Писарчик А.А., Хромов А.А., Якубовский А.Ю., Пугаченкова А.Г., Боголюбов М.Н., Смирнова О.И., Ёкубов Ю. ва дигарон хеле бузург аст. //Лившиц В.А., Луконин В.Г. Среднеперсидские и согдийские надписи на серебряних сосудах.- ВДИ, 1984, №3, стр.169-170 //
Дар маъхазхои хаттӣ хабар дода мешавад, ки дар асрхои IX-X бисёр бинову иморатхо сохта шуда буданд, вале аз онхо хеле кам то ба рӯзҳои мо омада расидаанд.
Хушбахтона, дар деҳаи Фатмев то имрӯз ду ёдгории таърихӣ яке Манора ва дигаре Масҷид бокӣ монда, то замони мо омада расидааст, ки мувофиқи маълумотҳои бостоншиносон ба асрхои 12-13 тааллук доранд. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ кушку қасрхо, мақбараю манораҳо ва масчиду мадрасаҳои дар он давраҳо сохташаванда, аслан аз гил, похса, хишти хом сохта мешуданд. Чӯб ҳам бисёр истифода мешуд. Сутуну болорхои чӯбин барои меъмории асрхои 9-12 хеле хос буд. Намунаи чӯбхои кандакорӣ низ ҷолиби диққат буданд. Дар ин хусус Бобочон Гафуров дар китоби “Тоҷикон ” нигоштаанд: “Алалхусус меҳроби Искодар , сарсутунхои Сангистон сутунхои Курут, Оббурдон ва Фатмев хеле хуштаносуб ва назаррабо мебошанд. Ин осори нодири санъат бе ягон мех ё ширеш сохта шуда, саросар кандакорӣ карда шудааст ва кандакори аз ҳошинхои катибаи куфӣ, нақши калон-калони занҷира ва резанақши ислимӣ иборат мебошанд. Бомаи ин сутунхо бо усули чуқур кандакорӣ шуда, асосан аз нақши наботи ва тасвири шартии ҳайвонот таркиб ёфтааст”. // Гафуров Б. Г. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Душанбе, нашриёти “Ирфон”, 1998. сах. 480//
Хушбахтона, бо дастгирӣ ва ҳидояти оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ аз нав эҳё гардида, ба бозёфтҳои бостонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Манораи деҳаи Фатмев дар маркази деҳа ҷойгир шуда, дар назди роҳи мошингузар мавқеъ дорад. Болотар аз он масчиди деҳа вуҷуд дорад, ки дар наздаш ҳавзи обгирӣ вучуд дорад. Манора бо мурури замон бисьёртар осеб дида, ҳоло баландиаш танҳо 6 м аст. Солхои наздик бомпӯш карда шудааст. Пойдевор надорад ва бевосита дар рӯи замин сохта шудааст. Даромадгоҳаш хеле боло ҷой гирифтааст. Дар назди манора қабристони кӯҳнаи деҳа ҷойгир шудааст. Зинаи морпечи дохилаш хароб гашта, танҳо якчандтои он барҷо мондааст. Ба қатори ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумхурии Тоҷикистон дохил гардида, дар фехрист тахти раками 75 сабти ном шудааст.
Манораҳои саргаҳи 3арафшон на танҳо таъиноти динӣ, балки аҳамияти мудофиавӣ низ доштанд. Шаклу усули сохташон манораҳои дидбонии пешазисломиро ба хотир меоваранд ва аҳамияти таърихиву маданӣ доранд. Ин ёдгориҳо дар муҳофизати давлатанд.
Бояд гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри ХХ1 эътироф гаштааст.
Агар ба ташкили инфрасохтори дурусти мамолики олам назар афканем, намудор мегардад, ки то чй андоза аз ёдгорихои таърихии кишвари худ даромади иктисодӣ меёбанд. Масалан, Манораи Эйфел аз беҳтарин ва маъмултарин намунаҳои санъати меъморӣ дар Париж буда, дар ҷаҳон ҳамчун рамзи Фаронса эътироф гардидааст. Дар як сол то 7 миллион сайёҳ, баъзан то 30 000 нафар дар як рӯз ба тамошои манораи Эйфел меоянд. Тибқи рейтинги Палатаи савдову саноати Италия Манораи Эйфел 435 миллион евро нархгузорӣ шудааст, ки аз мавзеъҳои гаронбаҳотарин дар Аврупо эътироф мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табии буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёхони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Тибқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, Тоҷикистон кишвари аз ҷиҳати сайёҳӣ дар ҳоли рушд қарордошта муайян гардидааст. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Маълум аст, ки мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумуи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Мавзеъҳои таърихии мо бешумор буда, мо бояд онҳоро омӯзем, макони сайру саёҳат ташкил намоем ва тарғибу ташвиқи оламиён намоем. Зеро ёдгориҳои фархангӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд.
Бойзода Ҷамшед
полковники милитсия
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Бойзода Меҳрон
донишҷӯи соли 2-уми ДМТ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...