Хусусиятҳои хоси омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон:таҷрибаи рушди илми ватанӣ
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии касбии таълимӣ барномаи таълимӣ-касбии таҳсилоти олиро тибқи стандарти давлатӣ ва самти муайяни таълиму тахассус, тайёрии касбии шаҳрвандон вобаста ба майлу хоҳиш, қобилият ва талаботи меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин ва татбиқ намуда, ҳамчунин тавассути шуъбаи адъюнктура фаъолияти тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогиро амалӣ мегардонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Дар расми тантанавии ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитохи бинои нави Академияи ВКД 30-августи соли 2017 иброз доштанд: “Академияи ВКД ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми назаррас дошта, кормандону хатмкардагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ,таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботи кишварамон фидокорона заҳмат кашида, ба Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда истодаанд”.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Академия тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия барои мукаммалгардонии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ равона гардида, аз ҷониби ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда амалӣ карда мешавад. Академияи ВКД дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ташкилоти илмии ватанию хориҷӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, барномаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методиро тибқи қонунгузорӣ амалӣ менамояд. Академия фаъолияти илмии худро мутобиқи нақшаҳои дурнамо, солона ва иловагии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ташкил менамояд. Нақшаҳо тибқи нишондодҳои Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳия карда мешаванд.Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии солона дар Шӯрои олимон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуда, бо қарори Шӯрои олимони Академия тасдиқ карда мешавад.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия барои ташаккули фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва амалияи касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ равона гардида, ҷиҳати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти онҳо кӯмаки зарурии илмӣ-методӣ мерасонад. Дархостҳоро оид ба гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва коркардҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартнома иҷро карда, дастовардҳои навтарини илмиро паҳн намуда, теъдоди зиёди адабиёти илмӣ, таълимӣ, методӣ ва иттилоотиро нашр менамояд. Нашрияҳои даврии илмӣ ва оммавӣ, ки натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияро ифода менамоянд, ба табъ мерасонад.Коркарди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва омода намудани маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия мебошад.
Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар шаклҳои зерин амалӣ мегарданд:
- ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ бо тартиби муқарраргардидаи расмӣ ба қайд гирифта;
- дастурҳо ва тавсияҳои методӣ;
- маърӯзаҳо (ахбор) ба роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия;
- рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), монографияҳо, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ.
Як қатор мавзӯъҳои фармоишии илмии Академия аз қабили «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотии низоми давлативу ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дастгирии иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ,“Ҷанбаҳои иҷтимоӣ-равонӣ ва ҳуқуқии каҷрафтории ҷавонон дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон», “Таъмини илмии коркард ва такмили қонунгузории ҷииноятӣ” дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии назди Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд.Тадқиқоти илмие, ки дар Академия гузаронида мешавад аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Дар Академия маҷаллаи илмии «Осори Академия» ва рӯзномаи «Набзи милитсия»,”Маводҳои коференсияхои илмӣ”пайваста нашр мешавад. Рӯзномаи «Набзи милитсия» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №242РЗ-97 аз 12-апрели соли 2021 ба қайд гирифта шуда, бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Барои тарғиби фаъолияти илмӣ-эҷодӣ бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академия студияи телевизионии “Наврӯз”, Маркази матбуот ва радиои маҳаллӣ фаъолияти густурда мебаранд.Ҳамчунин вобаста ба семинар ва конфронсҳои гузаронида бо ибтикори сардори Академия пайваста маводҳои он дар шакли алоҳида бо ду забон (тоҷикӣва русӣ) ба табъ расонида мешаванд. Ба ҳар як иштирокчии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи фаъолияти илмиаш ҳуқуқи интихоби мавзӯи илмӣ ва имконияти истифодаи иттилооти зарурӣ тибқи тартиби муқарраршуда кафолат дода мешавад.
Тадқиқотҳои илмӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ яке аз рукнҳои асосии фаъолит ба ҳисоб меравад, ки дар Академияи ВКД аз ҷониби роҳбарияти ВКД ва Шӯрои олимони Академия ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Дар шароити муосир чӣ тавре, ки Вазири корҳои дохилӣ борҳо таъкид менамояд раванди идоракунии самараноки мақомоти корҳои дохилиро бе тадқиқотҳои илмӣ тасаввур кардан ғайримкон аст. Дар ин ҷода бояд профессорону омӯзгорони Академияи ВКД бояд фаъолияти густурда мебаранд. Фаъолияти илмии Академияро сардори Академия, муовини сардори Академия оид ба илм, шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, шуъбаи адъюнктура роҳбарӣ ва ба танзим медароранд. Сол то сол теъдоди нашрияҳои илмии Академия афзуда, Маҷаллаи илмии «Осори Академия», ки муассиси он – Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтан таҳти № 178/МҶ-97 аз 08-уми феврали соли 2021 пешниҳод гаштааст. Маҷаллаи илмӣ аз соли 1998 нашр мегардад. Маҷаллаи илмӣ соли 2015 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Россия (РИНЦ) ворид карда шуд. Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия аз 6-уми июни соли 2017 маҷаллаи илмӣ ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризӣ, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмӣ оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо ва доктори илмҳо нашр гарданд ва бо қарори Президиуми Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2018 ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшаванда, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмии диссертатсияҳо аз рӯйи самти омода кардани докоторҳои фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, аспирантҳо,адъюнктон,унвонҷӯён, докторантҳо ба чоп расонда шаванд, ворид гардид. Дар маҷалла мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешаванд.Дар маҷалла мақолаҳои илмии тадқиқотчиёни ватанӣ ва давлатҳои ИДМ нашр мегарданд.
Робитахои илмии Академия бо кишварҳои хориҷии дур ва наздик ривоҷ ёфта, ба кори илмӣ кулли омӯзгорони Академия ширкат варзида, дар конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба риштаҳои гуногуни илмӣ ширкат намуда, маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод менамоянд, ки аз ҷониби олимони варзидаи ватанӣ ва ИДМ пазируфта мешаванд.
Дар Академия шуъбаи ташкилӣ-илмӣ, табъу нашр ва шуъбаи адъюнктура дар ҳамоҳангӣ фаъолият менамояд.
Муҳимтарин самтҳои корҳои илми-тадқиқотӣ дар Академияи ВКД аз инҳо иборат мебошанд:
-фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Академия мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва мақомоти корҳои дохилӣ, ташкил ва мавриди амал қарор дода мешавад.
-вазифаҳои асосии Академия дар соҳаи фаъолияти илмӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба воситаи тадқиқоти илмие, ки аз ҷониби кормандони илмӣ-педагогӣ, курсантон (шунавандагон) соҳавӣ амалӣ мегардаданд;
-Академия дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо дигар муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилотҳои илмӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, ташкилотҳои шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои гуногуни моликият дар асоси барномаҳои муштараки тадқиқоти илмӣ, ҳамзамон, бо роҳи истифодаи шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла, бо тартиби муқарраргардида ташкил намудани ассотсиятсияҳо,созмонҳои байналмилалӣ, иттифоқҳо, институтҳои илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, коллективҳои муваққатии эҷодӣ ва дигар иттиҳодияҳо тадқиқоти илмӣ мебарад;
-тадқиқоти илмӣ аз ҷониби кормандони илмӣ, ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳо ва олимону мутахассисони бо ҳамкорӣ ҷалбшуда, унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ (адъюнктон, аспирантон, докторантон ва ғайра), курсантон (шунавандагон) анҷом дода мешавад;
-Академия фаъолияти илмии худро мутобиқи нақшаҳои дурнамо ва солонаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ташкил менамояд. Академия дар соҳаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ интегратсияи фаъолияти илмӣ ва таълимиро таъмин менамояд, бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар кори аз ҷониби онҳо амалан татбиқ намудани натиҷаҳои тадқиқот ва коркардҳои Академия кӯмаки зарурии илмӣ-методӣ мерасонад. Дархостҳоро оид ба гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва коркардҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаҳои ҳуқуқии гражданӣ иҷро менамояд, дастовардҳои навтарини илмиро паҳн намуда, адабиёти илмӣ, таълимӣ,тавсиявӣ, методӣ ва маълумотиро давра ба давра нашр менамояд.
Муҳимтарин ҷиҳати пешрафти илмӣ инҳо мебошанд:
- коркарди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва омода намудани маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти МКД;
-мувофиқасозии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-тадқиқотии Академия аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии назди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-барои баррасии масъалаҳои фаъолияти табъу нашр дар Академия Шӯрои илмӣ-методӣ ва таҳрирӣ таъсис фаъолият менамояд, ки ҳайати онро сардори Академия тасдиқ менамояд;
-натиҷаи фаъолияти илмӣ-тадқиқоти Академия моликияти зеҳнии он ба ҳисоб рафта, бо ҳимояи зарурии ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад. Шартҳои соҳибӣ намудан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмӣ-техникиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- ба ҳар як иштирокчии раванди илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи нақшаи фаъолияти илмии аз тарафи Шӯрои олимон тасдиқ гардида, ҳуқуқи интихоби мавзӯи илмии тадқиқотӣ ва иҷозати бемамоният истифода бурдан аз иттилооти зарурӣ кафолат дода мешавад;
- дар кафедраҳо бо мақсади дар курсантон (шунавандагон) ривоҷ додани малакаи бурдани тадқиқоти илмӣ «Ҷамъияти илмии курсантон» фаъолият мебаранд.
Фаъолияти илмӣ-иттилоотӣ дар Академия бо мақсади таъмини курсантон ва шунавандагон, адъюнктон (аспирантон), докторантон, унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ, кормандони илмӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон бо маълумот оид ба тамоюлҳои навтарин дар ҷодаи тайёрии кадрҳо ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фароҳам овардани заминаи ҳозиразамони иттилоотии раванди таълим ва тадқиқоти илмӣ, амалӣ мешаванд. Он аз хусусиятҳои зерин иборат аст:
- ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ ва коркарди маълумот оид ба таҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- ташаккул додани фонди маълумотӣ-иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, адабиёти илмӣ ва таълимӣ, ҳуҷҷатҳои (маводи) иттилоотӣ ва ғайра;
- бо иттилоот ҳамроҳӣ намудани мавзӯъҳо ва масъалаҳои тадқиқотие, ки дар Академия гузаронида мешавад;
- муқаррарсозӣ ва нигаҳдории робитаи иттилоотӣ бо марказҳо, мақомоти соҳавии иттилоотии илмӣ-техникӣ ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ.
Шуъбаи ташкили-илмӣ ва табъу нашри Академия, ки ба кори он номзади илмҳои хуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур ва шуъбаи адъюнктура, ки ба он номзади илмҳои хуқуқ, полковники милитсия Самиев Назар Мурадович роҳбарӣ менамоянд тасмим гирифтанд, ки дар ҷодаи пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Академияи ВКД-ро дар асоси дастурҳои Пешвои миллат,Вазири корҳои дохилӣ ва кӯмаки сардори Академия , муовини сардори Академия оид ба илм н.и.ҳ., дотсент полковники милитсия Саидзода З.А.ин боргоҳи илму маърифатро ба яке аз марказҳои пуриқтидори илмии кишварҳои ИДМ табдил диҳанд.Фаъолони корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедраҳо ва аъзоёни ҷамъияти илмии курсантон мунтазам аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори Академия қадрдонӣ карда мешаванд.
Бинобар ин, ҷиҳати густариш додан ва мустаҳкам намудани базаи илмии Академия, баланд бардоштани нуфузи илмии он дар миқёси муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маълумот, тахассуси илмӣ ва педагогии шаҳрвандон дар робита бо амалӣ намудани самти фаъолияти илмӣ тибқи Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро якумин маротиба шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ (ҳоло шуъбаи адъюнктура) аз 13-уми ноябри соли 2014 таҳти №0158 таъсис дода шуд.Ин ташаббуси неки роҳбарияти ВКД ҷиҳати такмил додани корҳои илмӣ дар сатҳи Академия ва ҷумҳурӣ боиси таҳсин мебошад. Айни ҳол ба шуъбаи адъюнктура номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, педагоги варзида, хатмкунандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия, номзади илмҳои ҳукуқ, полковники милитсия Самиев Назар Мурадович роҳбарӣ менамояд. Дар шуъба 24-унвонҷӯён аз мавзӯъҳои гуногуни илмӣ дар риштахои мухталиф тадқиқоти илмӣ мебаранд. Қисмате аз онҳо Раҳимзода Р.Ҳ.,Ҳафиззода Ш.,Қосимов Ф.,Ҳайдарзода М.,Хусйнова М., Нарзулоев С. рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Аз соли 2014 то ин ҷониб 16-нафар тадқиқоти илмиро ба анҷом расонида, соҳиби унвони номзади илмҳои хуқуқшиносӣ гардиданд.Дар маҷмӯъ дар солҳои истиқлолият 30-нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда,ба фаъолияти илмӣ-педагогӣ машғуланд.
Мақсади асосии таъсис ва ба фаъолият шурӯъ намудани шуъбаи адъюнктура ин тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ бо роҳи тақвият додани тайёрии назариявӣ ва тахассусии махсусан кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон, аз худ намудани усулу воситаҳои тадқиқоти илмӣ ва мустақилона дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмӣ, пеш аз ҳама вобаста ба бартараф намудани муаммоҳои фаъолияти ҳуқуқтадбиқнамоии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти дурусти шуъбаи адъюнктура аз ҷониби Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии идоравии дахлдор, ки фаъолияти ин сохторро ба танзим медароранд, қабул ва тасдиқ карда шуданд. Чуноне, ки соли 2016 барои боз ҳам дар сатҳи функсионалӣ таъмин намудани фаъолияти дурусти шуъбаи адъюнктура ва раванди тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ “Низомнома дар бораи аттестатсияи адъюнктон ва унвонҷӯёни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода гардид. Ҳоло бошад, тибқи дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., ки дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27-уми сентябри соли 2018 дар самти тақвият додани раванди таълим ва илм дар шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ироа гардида буд, фаъолияти шуъбаи адъюнктура бознигарӣ ва мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Аз ҷониби масъулин камбудиҳои муайяншуда бартараф карда шуданд ва он ноқисиҳое, ки бевосита танзими ҳуқуқиро талаб менамоянд тавассути таҳия ва коркарди тағйиру иловаҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Оид ба ин самтҳо дар якчанд ҷаласаҳои шуъбаи адъюнктура масъалагузорӣ карда шуда буд ва шахсони масъул муваззаф гардида буданд. Умуман, сабаби дигари омода намудани тағйиру иловаҳо ин ба як қатор муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҷавобгӯ набудан ва куҳна шудани миқдори муайяни муқаррароти “Низомномаҳои шуъбаи адъюнктура” буд ва ҳамзамон, дар ин самт ба қонунгузори соҳавӣ низ як қатор тағйирот ворид карда шуда буданд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии раванди омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ бояд ба он ҷавобгӯ бошанд. Бояд қайд намуд,ки ба фаъолият шурӯъ намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ва ба тавсиб расидани миқдори зиёди қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти болозикр, таъсири худро низ гузошта истодааст.
Махсусан бояд зикр намуд, ки бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ, техникӣ ва нуқсонҳо Низомномаҳои шуъбаи адъюнктура мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд, ки аз натиҷаи он тасмим гирифта шуд, ки ба якчанд Низомномаҳои дахлдор тағйироти назаррас ворид карда шуданд, ба монанди “Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Низомномаи ташкил ва гузаронидани аттестатсияи адъюнктон ва унвонҷӯёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Низомнома оид ба ташкил ва баамалбарории роҳбарии (мушовирии) илмии тайёр намудани тадқиқоти диссертатсионии номзадӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Низомномаи дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабул ба шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Низомномаи интихоб ва қоидаҳои тасдиқи мавзӯъҳои тадқиқоти диссертатсионӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Низомномаи шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Ҳамчунин, дар ҷода “Қоидаҳои гузаронидани озмуни дохилшавӣ ба адъюнктураҳои муассисаҳои таълимии ВКД Федератсияи Россия” ва “Уҳдадориҳои вазифавии кормандони шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери таҳрири нав қарор дода шуданд.
Шуъбаи адъюнктура дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2008 №308 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2019 таҳти №271 б/з, Низомномаи шуъбаи адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2019, Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2019, Низомнома дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабул ба адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2019 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму маориф ва мақомоти корҳои дохилӣ таҳиягардида, фаъолият менамояд.
Вазифаҳои асосии шуъбаи адъюнктура аз инҳо иборат мебошад:
амалигардонии барномаҳои давлатии тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
ташкили фаъолияти илмӣ-тадқиқотии адъюнктон ва унвонҷӯён вобаста ба ихтисоси илмии дахлдор;
омӯзиш ва натиҷагирии таҷрибаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар дигар муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо, ва дар асоси онҳо коркарди пешниҳодҳои афзалиятнок вобаста ба мукаммалгардонии самтҳои асосии фаъолияти шуъба ва дурнамои инкишофи он;
ташкили шароити мусоид барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмӣ ва илмӣ-педагогии адъюнктон ва унвонҷӯён;
таъмини ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти илмӣ-эҷодии адъюнктон ва унвонҷӯён бо дигар муассисаҳои олии таълимии давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хориҷӣ.
Ҳоло дар адъюнктура кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои илмии зерин омода карда мешаванд:
12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ;
12.00.02 – ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ; ҳуқуқи мунитсипалӣ;
12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ;
12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
12.00.09 – мурофиаи ҷиноятӣ;
12.00.11 – фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ;
12.00.12 – криминалистика; фаъолияти судӣ - экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ.
Шуъбаи адъюнктура пайваста бо дигар шуъбаҳои аспирантураи муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд. Аз он ҷумла ҳамкорӣ дар самтҳои дахлдори шуъба бо Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон, Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Москва, ВКД Ҷумхуриҳои Федератсияи Россия,Белоруссия,Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба роҳ монда шудааст.
Низомномаи интихоб ва қоидаҳои тасдиқи мавзӯъҳои тадқиқоти диссертатсионӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дуруст интихоб намудан ва риояи раванди тасдиқи мавзӯъҳои тадқиқоти диссертатсионӣ дар ҷузъу томҳои дахлдори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои муайян намудани иқтидори илмӣ-эҷодӣ ва дигар сифатҳои касбии номзад, интихоби дурусти самт ва тахассуси илмии омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ ва илмӣ мусоидат менамояд.Ба адъюнкт, унвонҷӯ ва докторант мутахассисони варзидаи кафедраҳои дахлдори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интихоби мавзӯи тадқиқоти диссертатсионӣ ёрии илмӣ-методии худро мерасонанд.Дар раванди интихоб ва тасдиқи мавзӯъҳои тадқиқоти диссертатсионӣ, пеш аз ҳама, Номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2014, таҳти № 765 ва Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018 таҳти № 1005 тасдиқ карда шудааст, ба инобат гирифта шаванд.Ҳамчун роҳнамо ва сарчашма мавзӯъҳои кафедравӣ ва мавзӯъҳои илмие, ки аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷроиш қарор мегиранд, истифода бурда мешаванд.Дигар мавзӯъҳои ҳамҷавор низ метавонанд интихоб гарданд, ки ба инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ мусоидат менамоянд.
Вобаста аз самтҳои омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши 4.4., «Илмҳои ҳуқуқшиносӣ»-и Номгӯйи мазкурро истифода кардан мумкин аст. Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 аз инҳо иборат аст:
такмили усул (методология)-и таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва давлатшиносӣ;
таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, истиқлолияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва амният;
масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус коррупсия, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурӯши одамон ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ;
проблемаҳои ҳуқуқи байналмилалии об, ҳуқуқи байналмилалии нақлиёт, ҳуқуқи Аврупо ва ҳуқуқи ислом;
масъалаҳои такмили танзими ҳуқуқии молияи давлатӣ, истифодаи мақсадноки сарватҳои табиӣ, ҳифзи рақобати озоди иқтисодӣ, дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
аз байн бурдани мухолифатҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои воҳиди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
проблемаҳои муносибатҳои ҳуқуқии хизматӣ ва меҳнатӣ ва имтиёзҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Ба сифати роҳнамо ва сарчашма мавзӯъҳои кафедравӣ ва мавзуъҳои илмие, ки аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷроиш қарор мегиранд, истифода бурда мешаванд.Дигар мавзӯъҳое, ки мубрамият ва мақсаднокии таҳлили онҳо дар шакли тадқиқоти диссертатсионӣ то ҳол пурра ё қисман иҷро нагардидаанд, метавонанд ба сифати мавзӯъ интихоб гарданд.
Иваз намудани номи мавзӯъҳои тадқиқоти диссертатсионӣ ё ихтисоси илмӣ танҳо бо иҷозати сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.Асоси иваз намудани номи мавзӯъҳои тадқиқоти диссертатсионӣ ё ихтисоси илмӣ бояд мушахассан дар гузориш ё ариза дарҷ карда шавад.Гузориш ё ариза аз ҷониби роҳбар (мушовири) илмӣ, сардорони кафедраҳо ва муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм мувофиқа ва имзо карда мешавад.Иваз намудани номи мавзӯъҳои тадқиқоти диссертатсионӣ ё ихтисоси илмӣ ба муҳлатҳои интихоб ва ба тасдиқ пешниҳод намудани онҳо бояд мутобиқат намояд. Дар ҳолатҳои истисноӣ ин муҳлат аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.Адъюнкт, унвонҷӯ ва докторант мавзӯъҳои тадқиқоти диссертатсиониро интихоб ва барои тасдиқ намудани он дар ҷаласаи Шӯрои олимон бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намоянд.
Барои адъюнктон баъд аз дохил шудан ба шуъбаи адъюнктура то 3 моҳ муҳлат пешниҳод карда мешавад. Ба унвонҷӯён баъд аз вобаста шудан то 6 моҳ муҳлат пешниҳод карда мешавад. Ба докторантон баъд аз вобаста шудан то 2 моҳ муҳлат пешниҳод карда мешавад.Дар ҳолатҳои истисноӣ ин муҳлатҳо бо пешниҳоди гузориш ё аризаи асоснок дар мувофиқа бо роҳбар (мушовири) илмӣ, сардорони кафедраҳо ва муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм танҳо аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон то 3 моҳ дароз карда мешаванд.Баъд аз интихоб ва мувофиқаи шифоҳии мавзӯи тадқиқоти диссертатсионӣ бо роҳбари (мушовири) илмӣ, адъюнкт, унвонҷӯ ва докторант номи мавзӯи интихобгашта бо асоснокии мавзӯъ ба муҳокимаи кафедраи дахлдор равон карда мешавад.Дар раванди муҳокимаи мавзӯи тадқиқоти диссертатсионии интихобгашта, кафедраи дахлдор уҳдадор аст намояндаи шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр ва шуъбаи адъюнктураро даъват намояд.
Дар кафедраи дахлдор мавзӯи интихобгашта бо асоснокии он мавриди таҳлил ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифта, дар протокол натиҷаи муҳокима бо тасдиқ ва тавсияи роҳбари (мушовири) илмӣ ба шуъбаи адъюнктура бо мактуби кафедра ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ирсол карда мешавад. Тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар 2 нусха ирсол карда мешаванд.Ба сифати ҳуҷҷатҳои зарурӣ эътироф карда мешаванд: розигии роҳбари (мушовири) илмӣ; гузориши роҳбари (мушовири) илмии асосӣ аз натиҷаи суҳбат бо довталаб ҷиҳати иштирок дар имтиҳонӣ дохилшавӣ ба шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон; асоснокии мавзӯи тадқиқоти диссертатсионӣ; нусха аз протоколи кафедра оид ба муҳокимаи мавзӯи интихобгашта.Асоснокии мавзӯи тадқиқоти диссертатсионӣ бояд дар ҳаҷми зарурӣ (барои шиносоӣ пешниҳод намудан ба аъзоёни Шӯрои олимон) ба шуъбаи адъюнктура ирсол мегардад.Дар сурати мавҷуд будани тадқиқоти диссертатсионӣ оид ба мавзӯи интихобгаштаи ҳамҷавор ё ҷой надоштани мутахассиси соҳаи мазкур, роҳбарияти кафедра метавонад мутахассиси дигарро аз кафедраи дигар ё аз дигар муассиса даъват намояд.Ҳуҷҷатҳои ирсолкарда, ба шуъбаи адъюнктура тибқи муқаррароти қабулшудаи самти ҳуҷҷатгузорӣ расман бояд аз ҷониби роҳбари (мушовири) илмӣ, сардори кафедра, адъюнкт, унвонҷӯ ва докторант имзо карда мешаванд.Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи кафедра барои муҳокима ва тасдиқи мавзӯи тадқиқоти диссертатсионӣ, масъулини шуъбаи адъюнктура ба унвонии котиби Шӯрои олимони Академия ҳуҷҷатҳои лозимиро бо мактуб расман на дертар аз 10 шабонарӯз то ҷаласаи навбатӣ, пешниҳод менамояд.Котиби Шӯрои олимон баъд аз мувофиқа бо сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, муовини сардори Академия оид ба илм ва сардори Академия муҳокима ва тасдиқи мавзӯи тадқиқоти диссертатсиониро ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ворид менамояд.Масъулини шуъбаи адъюнктура баъд аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон, асоснокии мавзӯи тадқиқоти диссертатсиониро дар мувофиқа ва тавассути котиби Шӯрои олимон ба ҳар як аъзои он дар шакли хаттӣ ва электронӣ расман пешниҳод менамояд.Баъд аз тасдиқи мавзӯи тадқиқоти диссертатсионӣ дар Шӯрои олимон, масъулини шуъбаи адъюнктура ҳуҷҷатҳои заруриро барои ба қайд гирифтан дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати савдо ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мактуби расмӣ ирсол менамоянд.Шахсоне, ки аз берун ба кафедраҳои дахлдори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати унвонҷӯ хоҳиши вобаста шуданро доранд, ба номи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд гузориш ё ариза пешниҳод намоянд.
Боиси ифтихор аст, ки дар Академияи ВКД бо ибтикори Вазири корҳои дохилӣ д.и.ҳ., дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғози моҳи апрели соли 2022 нахустин Шӯрои диссертатсионӣ таъсис ёфт, ки ҳадафи он омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ мебошад. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳангоми ифтитоҳи Шӯрои диссертатсионӣ изҳор намуданд, ки “Академияи ВКД зодаи замони Истиқлолияти давлатӣ буда, дар давраи фаъолияти худ ҳазорон кадрҳои баландихтисос ва ҷасуру далерро омода намудааст, ки онҳо дар лаҳзаҳои вазнину ҳассоси кишварамон ҳомиёни воқеии Ватан ва ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ будани хешро исбот намудаанд. Хушбахтона, имрӯз ҳайати профессорон ва омӯзгорони ин даргоҳи низому маърифат, тарзу усулҳои таълимро такмил дода, дурнамои корҳои илмӣ ва навовариҳоро амалӣ менамоянд. Ҳоло дар Академияи ВКД 186 нафар омӯзгорони доимӣ, 84 нафар омӯзгорони ҳамкор ва 30 нафар омӯзгорони корбайъ фаъолият доранд, ки аз онҳо 7 нафар профессору докторони илм, 45 нафар номзад ва 7 нафар дотсент мебошанд. Ҳайати профессорон ва омӯзгорон дар 7 самт оид ба масъалаҳои мубрами илм ва амалияи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва 4 мавзӯи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда корҳои тадқиқотиро анҷом медиҳанд. Имрӯзҳо дар назди Академияи ВКД шуъбаи адъюнктура аз рӯи ихтисосҳои пешниҳодшуда (ихтисосҳои 12.00.11 - фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва 12.00.12 - криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ) амал мекунад. Дар баробари ин, ихтисосҳои дар боло зикргардида бевосита ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ тааллуқ доранд. Ҳамзамон, аз рӯи ихтисосҳои пешниҳодшуда ба истиснои Академияи ВКД, дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ таҳқиқот бурда мешавад. Ин корҳо тавассути номзадони илм ва ҳам дотсентон амалӣ мешавад, ки миқдори умумии онҳо кифоягӣ наменамояд. Ҷой доштани норасоии кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ дар соҳаи илмҳои пешниҳодгардида тақозо намуд, ки дар Академияи ВКД ташкили Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм мувофиқи мақсад дониста шуда, дархост ба Комиссияи олии аттестатсионӣ тибқи талабот ирсол гардид ва ин дархост дастгирӣ ёфт. Ба ҳайати Шӯрои диссертатсионӣ 8 доктори илм ва 3 номзади илм аз рӯи 2 ихтисос дохил шудаанд, ки аз онҳо 6 нафарашон корманди Академияи ВКД мебошанд. Боварии комил дорам, ки фаъолияти Шӯрои мазкур ҷиҳати таъмини сиёсати давлатӣ дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мусоидат менамояд,” - афзуд Вазири корҳои дохилӣ ва меҳмонону ҳайати профессорону омӯзгорони Академияро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намуд. Сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ миннатдории худ ба Вазири корҳои дохилӣ , ҳайати профессорону омӯзгорон, ба роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионӣ ва меҳмонон барои мусоидат намудан ба таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ ва фароҳам овардани имконоти пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти ихтисосҳои нодир, баён намуд. Бояд тазаккур дод, ки кушодани Шӯрои диссертатсионӣ на танҳо роҳи калонро дар тадқиқотҳои илмҳои криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мекушояд балки, домонаи корҳои илмӣ ва пайвастани назария ва амалияро дар МКД густариш дода, обрӯ ва манзалати Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷӣ боз ҳам афзунтар мегардонад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи муқаррароти фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2018 таҳти № 2736 бо мақсади гузариш ба низоми байналмилалии таҳсилот шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии номзади илмҳои ҳукуқ, полковники милитсия Самиев Назар Мурадович дар айни замон барои ба зинаи таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ-доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) табдил гардидан, ҳуҷҷатҳои дахлдорро вобаста ба ин самт мавриди омӯзиш ва пешниҳод қарор додааст.
Асламов Б.С.-ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, узви ИЖТ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э.-дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД, Аълочии милитсия, полковники милитсия