Ҳамкории факултети №4 Академияи ВКД бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд. Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро зарур аст, ки ба ин масъала дар оянда низ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
21 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Ҳамгироии илм ва истеҳсолот баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ», бахшида ба эълон гаштани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва Рӯзи илми тоҷик баргузор шуд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир оғоз шуд. Ректори донишгоҳ зимнан иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад. Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад. Илова шуд, ки баргузории ҳамоиши мазкур дар ҳамгироии илму истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Баъдан, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Суғд, Тоҷибой Султонзода иштирокчиёнро бо ифтихори Рӯзи илми тоҷик муборакбод намуд.
Дар идомаи маърӯзаҳо Муяссара Пӯлотова директори генералии ФҚХ «Имон» дар мавзӯи «Ташкилотҳои молиявии қарзии хурд дар низоми рушди иқтисоди минтақа (дар мисоли ФҚХ «Имон»)», Илҳом Сангин директори ҶДММ «Равзана» маърӯза таҳти унвони «Татбиқи дастовардҳои илмиву инноватсионӣ – омили таъмини самаранокии корхонаҳои истеҳсолӣ», Муҳайё Салимова мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ маъруза бо номи «Имтиёзҳои андозӣ дар низоми андозбандии муосир ва аҳамияти он дар рушди саноат» ва донишҷӯи курси 2-юми ДДҲБСТ, иштирокчии даври ниҳоии озмуни ҷумҳурияии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Омина Ҳидоятова маърӯза таҳти унвони «Озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва нақши онҳо дар рушди тафаккури ҷавонон» шунида шуд.
Сипас, сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Самтҳои муқовимат баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба терроризм дар замони муосир», ба саъми ҷавонон расонида шуд, ки имрӯзҳо аз номи дини мубини ислом бисёр ҷараёну ҳаракатҳо барои ба мақсади нопоки худ расидан, фаъолият менамоянд. Яке аз ҳамин гуна ҳаракатҳо ҳаракати ифротгароӣ (экстремизм) мебошад. Ифротгароӣ бештар хусусияти сиёсӣ дошта, баҳри расидан ба мақсадҳои муайян бештар ба зӯроварӣ майл дорад. Фаъолияти моҷароҷӯён асосан барои бунёди давлати исломӣ ва ба сари ҳокимият омадани «мусалмонони пок»-ро тақозо мекунад. Қувваи ҳаракатдиҳандаи ҳаракати ифротгароёнро махсусан донишҷӯён, коргарон, савдогарони хурд, муҳандисон, духтурон ташкил медиҳанд. Вале қувваи асосӣ барои онҳо ҷавонон мебошанд. Хулоса, идеологияи эстремистӣ ин барномаи тахайюлотиест, ки ҷомеаро ба муқобилияти ошкоро рӯбарӯ сохта, манфиати гурӯҳи муайяни иҷтимоиро ифода мекунад ва амалҳои содиркунии онҳо аз вайронсозии ҷомеа ва давлат иборат мебошад, баромада намуд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиш ба баромадкунандагон, меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ба устодон шаҳодатномаи унвони ифтихорӣ ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Баҳодурзода М., муаллими калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, капитани милитсия