Ҷанбаи иқтисодии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд.
Чун анъана Пешвои миллат санаи 21 декабри соли 2021 бо Паёми худ баромад намуд. Яке аз фарқиятҳои асосии мазмуну муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз паёмҳои қаблӣ дар он буд, ки ин маротиба бештар ба масъалаи рушди иқтисодӣ ва саноатикунонии ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон Таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Аз дастовардҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият аз ҷумла дар соли 2021 ёдоварӣ шуда, инчунин ҷиҳати дурнамо дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои идораи давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандон яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ сухани муқадимавии хешро аз ҳамин мавзӯъ оғоз намуда, таъкид намуд, ки «Тоҷикистон баъди сипари шудани сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад».
Бо ҳамин мақсад бо ташаббуси Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, стратегия ва барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расонида шудаанд. Яке аз чунин санадҳо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои давраи то соли 2030 қабул шудааст.
Асоси таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 се принсипи асосии рушди оянда: (1) боздоранда (пешгирии осебпазирии рушди оянда), (2) саноатикунонӣ (баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ) ва (3) инноватсионӣ (рушд дар асоси навовариҳо дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар) ташкил менамоянд.
Ҳадафи олии рушди дарозмуддати кишвар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Агар бо назари муқоисавӣ ба мазмуну муҳтавои паёми Пешвои миллат назар афканем маълум мегарда, ки қисми зиёди он ба масъалаи рушди иқтисоди миллӣ дар замони истиқлолият бахшида шудааст. Бо вуҷуди давлати ҷавону тозаистиқлол будан, мураккабии вазъи сиёсии мамлакат дар даҳсолаи аввали солҳои соҳибистиқлдолии Тоҷикистон дастовардҳо дар ин соҳа бениҳоят зиёд мебошанд, ки далели ин гуфтаҳо нишондиҳандаҳои зерин мебошанд:
- 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардида, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд гардидааст»;
Неругоҳи Обӣ-барқии Роғун, ки бархе аз коршиносон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода додани онро як амали тахаюлӣ, ғайриимкон ва ношудани меҳисобиданд, сохта ва ба истифода дода шуда, бо мақсади анҷоми кор ва пурра ба истифода додани он корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти аср идома доранд.
- шумораи воситаҳои нақлиёти автомобилгард зиёд гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки «соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрави шахсӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ин теъдод танҳо дар бист соли охир 730 ҳазор гардида, дар солҳои истиқлолият аз ҷониби аҳолӣ зиёда аз 320 ҳазор воситаҳои нақлиёт ва дигар техникаи таъиноти гуногун хусусӣ гардонида шудааст, яъне аҳолии мамлакат дар замони истиқлолият соҳиби беш аз ду миллион воситаи нақлиёти шахсӣ гардидааст»;
- барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.
- дар замони истиқлолият «ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.
Зиёда аз ин бо ҳамин мақсад, яъне барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба шаҳрвандон «дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд».
Дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.
- зиёд шудани муштариёни алоқаи мобилӣ. Пешвои миллат Хотиррасон карданд, ки «агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст».
«Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд».
«Танҳо дар 10 соли охир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст».
Бояд қайд намуд, ки чунин дастовардҳо дар замони истиқлолият бениҳоят зиёд мебошанд, ки дар доираи мақолаи оммавӣ дарҷ кардани онҳо ғайри имкон мебошад.
Пешвои миллат инчунин ба масъалаи дурнамои рӯшди иқтисодӣ таваҷҷуҳ карда қайд намуданд, ки « …дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад. Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад. Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад».
Мо ба бовари гуфта метавонем, ки нишондиҳанраҳои дурнамои рӯшди иқтисодии кишвари азизамон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат амалӣ мешаванд.
Сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
подполковники милитсия
Абдулаҳадзода Абдулвоҳид