Пайғоми табрикотӣ ба муносибати ҷашни 80-солагии Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич
21-уми апрели соли 2022 дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон аз ҷониби кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Диалоги илм ва фалсафа дар асри ХХI» баргузор гардид.
Конференсияи мазкурро муовини яккуми ректори Донишгоҳ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гайнутдинова Арина Геннадевна бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар кори конференсия як қатор олимони соҳаи илми фалсафа ҷамъ омада, вобаста ба нақш ва алоқамандии фалсафа бо илм, илм ва мантиқ баромад карда, аҳамияти илми фалсафаро дар ҷомеаи муосир муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, маърӯзачиён дар баромади хеш аз саҳм ва дастовардҳои назарраси доктори илмҳои фалсафа, профессор, мутахассиси варзидаи улуми мантиқ ва файласуфи кишвар Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич, ки номашон дар маҳфилҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он маъруф аст, баромад карда, устоди гиромиро ба муносибати 80 – солагии мавлудашон табрик ва муборакбод намуданд.
Бояд иброз намуд, ки доираи фаъолияти тадқиқотии илмии профессор Н.М. Сайфуллоев хеле фарох аст. Ӯ на танҳо донандаи хуби соҳаи мантиқ, балки дар омӯзиш ва назариёти ҷадиди фалсафӣ хизматҳои шоён намудааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки номбурда дар бахшҳои мантиқ, фалсафа, таърихи фалсафа, механика зиёда аз 300 асари илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмии методӣ таълиф намудааст. Ғайр аз ин, профессор Н.М. Сайфуллоев дар як қатор конференсияҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург (Русия), Киев (Украина), Минск (Беларус), Тбилиси (Гурҷистон), Ереван (Арманистон), Паланга (Литва), Бахание (Чехия), Афина (Юнон), Ню-Йорк, Вашингтон (ИМА), Теҳрон, Ҳамадон (Эрон), Тошканд (Ӯзбекистон), Алмаато (Қазоқистон), Гетеборг (Шветсия) иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ ба сифати як нафар мантиқшиноси беназир ва файласуфи пуркор ватанашро муаррифӣ кардааст.
Устод Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич бештари умри хешро баҳри пешрафти илми тоҷик ва таълиму тарбияи ҷавонон сипарӣ кардаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки устод Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич солҳои тӯлонӣ бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта, дар омода кардани кадрҳои соҳаи ҳифзи ҳуқуқ саҳмгузор мебошанд, ки дар ин ҷода то рутбаи полковникӣ расидаанд.
Аз ин рӯ, роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Устоди гиромиро ба муносибати 80-умин солгарди мавлудашон табрик ва муборакбод намуда, баҳрашон сарбаландӣ, саломатӣ, рӯзгори нек ва дар кору амалашон бурдбориҳо таманно карданд.
Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич ба муносибати 80-солагӣ ва саҳми назаррас доштан дар рушди илми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода бо нишони сарисинагии 25-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд, ки он дар рафти чорабинии мазкур дар вазъи тантанавӣ ба Устод аз ҷониби муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия З.А. Саидзода тақдим гардид.