Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоии занон дар ҷомеа

DSC00356Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бешак мо шоҳиди дастовардҳои азимӣ сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тандурӯстӣ, роҳу нақлиёт, илму маориф ва маънавиёт гардида, саҳми зан-модари тоҷикро дар ин ҷодаҳо бемуҳобо хоҳем дид. Зеро фазои орому осуда ва амну осоиштаи Ҳукумати мамлакат барои ин шахсияти нексиришт мақом ва манзалати хосаеро додаст. Ҳамчунин, давлат ба онҳо кафолати таъмини ҳуқуқ ва имконоти баробарро бо мардон ва эшонро қисми таркибии сиёсати ҷомеаи навин эътироф намудааст. Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба воқеияти замон ва хусусиятҳои миллию фаҳангӣ, ҳамчунин доир ба масъалаҳои беҳтар гардонидани шароити занон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҷузъи муҳимми рушди сиёсати бунёдгарона ҳисобида шуд.
Дар заминаи санадҳои байналмилалӣ ва бо дастгириҳои Ҳукумати кишвар, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор фармону қарорҳо ва қонуну барномаҳо ҷиҳати дастгирии занон дар ҷомеа ба тавсиб расид. Зеро боварӣ ва таваҷҷуҳи амиқи Ҳукумати мамлакат ба зан модар бениҳоят баланд гардида , пайваста имтиёзҳои заруриро ба онҳо роҳандозӣ менамояд . Аз қабили, Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»,Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»,Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2011 № 185 «Дар бораи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2011 – 2015», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, № 391 дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 – 2010» ва дигарон мебошанд , ки сирф барои дастгирӣ ва чалби онҳо ба ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошанд.
Тавре, ки Пешвои миллат 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд намуданд: «Бо қаноатмандӣ изҳор медорам , ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем». Воқеан ин суханон имрӯзҳо аён дар пайроҳаи амалишавӣ қарор доранд.
Бо дарки гуфтаҳои боло баҳри беҳдошти ҳаёти зан - модар, тарбияи наслҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар ҷомеа, зан-модарро ҳамчун симои идомабахши наслҳо, тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар дар рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат меҳисобанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон симои зани тоҷикро ба сифати чеҳраи сиёсӣ эътироф кардааст, ки ӯ вижагиҳои хоси худро дорад.
Ҳадаф ва мароми пайвастаи давлат ин ба маротиб боло бурдани мақоми зан дар ҷомеаи демократӣ буда, ба хотири татбиқи ин раванд ҳамеша пайи иҷрои принсипҳои мушаххас аст.
Тибқи моддаи 17-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод. ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимои, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».
Баҳри амалӣ намудани ҳамин банди Конститутсия бо мақсади ба амал баровардани принсипи баробарҳуқуқии мардон ва занон, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид низ зикр ёфтааст, ҳамзамон ҷиҳати баробар кардани вазъияти мардон ва занон нисбати соҳиб шудан ва истифода бурдан аз ҳуқуқҳои сиёсӣ тибқи муқаррароти Эъломияи ҳуқуқи башар Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занонро ба тавсиб расонид.
Дар он аз ҷумла омадааст, ки «Занҳо ҳуқуқ доранд дар ҳамаи интихоботҳо дар шароити баробар бо мардон бе ягон монеа, овоз диҳанд. Занҳо метавонанд дар шароити баробар бо мардон, бе ягон хел табъиз дар ҳамаи муассисаҳое, ки баргузории интихоботи умумиро қонунгузории миллӣ муқаррар намудааст, интихоб карда шаванд.Занҳо дар шароити баробар бо мардон бе ҳеҷ гуна табъиз ҳақ доранд дар хизмати ҷамъиятиву давлатӣ мансаб ишғол карда ва ҳамаи вазифаҳои ҷамъиятию давлатиеро, ки қонуни миллӣ муқаррар намудааст, ба иҷро расонанд
Бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 декабри соли 1997 таҳти рақами 517 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ба тавсиб расид. Қонун навъҳои зерини таъминоти суғуртаи давлатии иҷтимоиро муқаррар менамояд, ки пеш аз ҳама, барои дастгирии занон равона гардидааст: таъминоти нафақа, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд, кумакпулиҳои оилавӣ, кумакпулӣ ба сабаби бекорӣ, кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат, хароҷоти маблағҳо барои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин барои татбиқи дигар тадбирҳо, ки ба вазифа ва функсияҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо мувофиқ аст, иловапулиҳо ба нафақа аз ҳисоби маблағи андӯхти нафақаи ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ.
Қонун муқаррар менамояд, ки кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рӯзи рухсатӣ ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рӯзи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохт карда шавад. Ҳангоми таваллуди кӯдак бошад, дар оила кумакпулии оилавии яквақта бинобар таваллуди кӯдак, кумакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак пардохта мешавад:
Ҳамзамон, дар сурати додани рухсатӣ ба зан барои нигоҳубини кӯдак то ба сини якунимсолагӣрасидани он барои ин муҳлат дар ҷои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ба андозаи 100 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ӯ кумакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак пардохта мешавад.
Ҳамин тариқ, аз ин таҳлилҳо чунин хулоса метавон кард, ки Истиқлолияти давлатӣ барои занон шароитҳои мусоид фароҳам оварда заминаҳои ҳуқуқии баробарии гендерӣ, меҳнатӣ, ва ҳуҷҷатҳои меъёри-ҳуқуқии дахлдорро барои баланд гардидани мавқеи занон дар ҷомеа ва сиёсат матраҳ кардааст.Дар навбати худ ин омил аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гардидааст. Сиёсати мазкур дар солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар оянда мавқеи занон дар сиёсат боз ҳам болотар хоҳад рафт.

Абдуллозода Д .А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...