Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни 144-солагии устод Садриддин Айнӣ дар Академияи ВКД

OSH 8648

Айнӣ Садриддин Саидмуродзода 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфтааст. Ҳангоми мактабхониаш, ҳарчанд дар саводомӯзӣ баҳрае набурда бошад ҳам, бо баъзе намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Соиб, Бедил ва дигар устодони назм шиносоӣ пайдо мекнад. Пас аз вафоти падару модар, ба сахтиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, соли 1890 бо нияти таҳсил ба Бухоро меояд. Роҳ ёфтан ба муҳити илмӣ ва адабии Бухоро, алоқа пайдо карда бо зиёиёни равшанзамир ва махсусан шинос шудан бо ақидаҳои маъорифпарваронаи Аҳмади Дониш ба инкишофи фикрии ӯ таъсири муфид мебахшад…

Осори адабии устод Садриддин Айнӣ аз наср ва назм фароҳам омадааст Нахустин шеърҳои ӯ ба тахаллусиҳои «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ», «Сифлӣ» ҳанӯз дар овони таҳсил дар мадраса гуфта шудаанд.. Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул намуда, бо ҳамин ном дар адбиёт машҳур мегардад. Дар ҷараёни фаъолияти маъорифпарварии худ шеърҳои таълимӣ менависад. Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» ва манзумаи тамсилии «Кирмак ва парвона» дорои аҳамияти тарбиявӣ буда, яке аз беҳтарин асарҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд….Соли 1920 якумин повести худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта фоҷеаҳои рӯзҳои вопасини аморатро фош мекунад. Соли 1927 повести «Одина»-и устод Айнӣ чоп мешавад. Ҳамин тавр устод Садриддин Айнӣ соли 1930 якумин роман «Дохунда»-ро, ки муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ нишон медиҳад, пешкаши хонандагон мегардонад. Қалонтарин романи ӯ соли 1935 бо номи «Ғуломон» , ки ҳаёти садсолаи халқи тоҷикро инъикос намуда, чи тавр ба ҳаёти озодона ва саодатмандона расидани онҳоро нақл мекунад, нашр мешавад…

Бо чунин мазмун мизи мудаввар бахшида ба 144-солагии устод Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли ҷорӣ таҳти унвони «Тараннуми Ватан дар ашъори сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Инчунин 4-уми апрели соли 2022 дар байни курсантони Академияи ВКД Озмуни иншои беҳтарин дар мавзуъҳои: «Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ», «Мероси илмӣ ва адабии устод Садриддин Айнӣ», «Ҷаллодони Бухоро»- нахустин асари калони насрии Садриддин Айнӣ», «Саҳми устод Айнӣ дар тавлиди адабиёти нави тоҷик», «Ёддоштҳо»- аввалин жанри ёддоштӣ дар Осиёи Миёна», эълон гардида, ғолибони озмун сазовори мукофотҳои арзанда гардиданд.

Давлатшозода Азиза
полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...