Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон

837f8c80-5942-50db-b647-2ac4bdd391a0Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ буда, захираҳои об барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар нақши муаасир дорад. Қариб ҳамаи обҳое, ки дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд, барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ ва нӯшидан мувофиқанд. Айни замон, захираҳои об дар кишвар манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% — и барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешаванд. Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсоли тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим дорад, истифода мешавад. Захираҳои об дар кишвар, ҳамчунин, дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳмгузор аст. Рушди минбаъдаи соҳаи гдроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд. Аз ин номгуй муҳимияти бештарро соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ касб менамоянд, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти кишварро бо шуғл таъмин менамояд.
Қисмати асосии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун оби нушокӣ ва дар самтҳои санитария, гидроэнергетика, обёрӣ, саноат, моҳипарварӣ, истироҳат ва муҳити зист истифода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 17-20 фоизи захираҳои оби дар ҳудудаш мавҷудбударо истифода мебарад.
Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 90% аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. 947 рӯди хурду бузург, 1300 кӯл бо захираи 46,3 километри мукааб об, ки 20 километри мукааби он оби ширин мебошад, 11 обанбор бо ҳаҷми муфиди 7,5 километри мукааб об ва зиёда аз 10 ҳазор пирях манбаи асосии оби на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказист. Бино бар ҳисоби мутахассисон, ҳаҷми обҳои зеризаминии мамлакат ба 18,7 километри мукааб дар сол баробар аст, ки аҳолӣ аз он низ самаранок истифода мебарад.
Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон
Пиряхҳо масоҳат, км2 ҳаҷмипирях, км3
Федченко 651,7 93,6
Грумм-Гржимайло 143 19,84
Гармо 114,6
Виктовского 50,2 6,882
Академияи илмҳо 48,0 5,242
Наливкин 45,2 8,588
Бивачий 37,0 8,05

Дар ҳудуди кишвар зиёда аз 200 адад манбаъҳои обҳои маъданӣ арзи вуҷуд доранд. Дар минтақаҳо рушди кабати полеозой ва ҷинсҳои магматикӣ 86 баромадгоҳи табиии обҳои карбонӣ ва нитрогенӣ (азотӣ) ба қайд гирифта шудаанд. Наздики 70-тои он дар ҳудуди вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҷойгир мебошад.
Мавзеъҳои маъмуру манфиатбахши он Обигарм ва Хоҷа Обигарм ба шумор мераванд, ки дар каторкуҳҳои Хисор ҷойгир гардидаанд. Дар ин росто обҳои минералии машҳуртарин кишвар Шоҳамбарӣ, Анзоб, Файзобод, Истаравшан, чашмаҳои табобатӣ ин Хавотоғ, Табошар, Адрасман, Явроз, Қаратоғ, Боботоғ, Гармчашма, Айваҷ, Бахмир, Эплис ва гайраҳо ба шумор мераванд. Дар заминаи баъзе чашмаҳо мавзеъҳои табобатию истироҳатӣ сохта шудаанд. Оби минералии истироҳатгоҳи табобатии «Хоҷаоби гарм» ба бемориҳои дил, системаи рагҳои хунгард, торҳои асаб, шуш ва пӯст шифо мебахшад. Ҳамчунин истироҳатгоҳи табобатии «Шоҳамбарӣ», ки он манбаи оби минералии ошомиданӣ мебошад, барои системаи узвҳои ҳозима, ҷигар, роҳҳои талхадон, ғадуди зери меъда тавсия дода мешавад. Ба ғайр аз ин оби минералии истироҳатгоҳи «Гармчашма», ки дар ноҳияи Ишкошим воқеъ мебошад, ба нафарони гирифтори бемории пӯст кумак мерасонад. Инчунин истироҳатгоҳи «Оби гарм» ки дорои радон аст, барои шахсоне, ки ба бемории узвҳои нафаскашӣ гирифторанд, тавсия дода мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ тақрибан 100 манбаъҳои обҳои гарм (геотермелӣ) ошкор гардидаанд, ки дар ҳолатҳои зарӯрӣ, метавонанд, норасоии сӯзишворӣ ва гармиро дар тавозуни электроэнергетикӣ қисман ҷуброн намоянд.
Сарфаҷӯии об яке аз масъалаҳои мубрам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Айни замон дар кишвар корҳо дар самти сарфакорона истифода намудани заҳираҳои об дар соҳаҳои обёрӣ тавассути технологияҳои муосир ва ҳамчунин насб намудани воситаҳои ченаки об дар нуқтаҳои обтақсимкунии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.
Тағйирёбии иқлим мушкилоти глобалии замони муосир аст. Олимон сабаби онро дар зиёд шудани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва кам шудани масоҳати ҷангалзор арзёбӣ мекунанд. Воқеан, ҳар ду омили зикршуда бо таъсири бевоситаи инсон ба вуҷуд омадааст. Аз як тараф, агар рушди босуръати илму техника ва ба авҷи аъло расидани инқилоби саноатӣ боиси зиёд шудани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера шуда бошад, бо ҳамин суръат нобуд шудани ҷанглазор низ тавозунро дар табиат халалдор кард. Масалан, мувофиқи маълумоти манбаъҳои расмӣ 100 сол пеш зиёда аз 30 дарсади масоҳати Тоҷикистонро заминҳои ҷангалпӯш ташкил мекарданд. Имрӯз ин рақам то 3 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат бо қабули барномаҳо барқарор ва бунёди ҷангалзорро ба роҳ мондааст, зеро ҷангал таъсири газҳои гулхонаӣ ва омилҳои дигари ба табиат таъсири манфӣ расонандаро коҳиш медиҳад.
Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдориашро аз коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера изҳор дошта, ҳарчи бештар истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар раванди рушди “иқтисоди сабз”-ро ҷонибдорӣ намудааст. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) изҳор дошта буданд, ки “кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 — умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.
Тоҷикистон бо вуҷуди он ки дар самти истихроҷи газҳои гулхонаӣ яке аз ҷойҳои охирро ишғол мекунад, аз таъсири тағйирёбии иқлим бенасиб намонд. Дар кишвари мо 13 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳад. Дар чил соли охир беш аз 1000 пирях об шуда, пурра аз байн рафтаанд. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии оби кишварҳои минтақа мебошанд. Аз обе, ки ҳамасола дар ҳудуди кишвар ташаккул меёбад (қариб 60 дарсади оби минтақаи Осиёи Марказӣ), миқдори камаш (ҳамагӣ 10 дарсад) барои эҳтиёҷоти Тоҷикистон истифода мешавад.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар ҷумҳурӣ ба таври умумӣ болоравии ҳарорат, бардавомии хушкии ҳаво ва ҳодисаҳои фавқулодаи табиат ба мушоҳида мерасад. Обшавии пиряхҳо, ки ҳама дарёҳои минтақаҳои Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунанд, метавонад соҳаҳои энергетика ва кишоварзиро дар худи мамлакат ва тамоми минтақа таҳти хатар қарор диҳанд.
Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати кишвар бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда дар самти коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва дигар омилҳое, ки раванди тағйирёбии иқлимро ба самти манфӣ метезонанд, чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ намуда, тадбирҳои амалӣ меандешанд
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идоракунии оқилонаи захираҳои оби барномаҳои зерин амалӣ гардида истодаанд:
● Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025.
● Барномаи беҳсозии таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ барои солҳои 2008-2020.
● Барномаи давлатӣ барои солҳои 2012-2020 оид ба азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарорсозии заминҳое, ки аз истифодаи кишоварзӣберун мондаанд.
● Барномаи давлатӣ оид ба корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020.
● Барномаи давлатӣ оид ба беҳсозии заминҳои обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023.
Бо мақсади ноил гардидан ба вазифа ва ҳадафҳои дар доираи Стратегияҳои миллии рушд барои то соли 2030 муайянгардида, барнома ва стратегияҳо, дар муҳлатҳои наздиктарин таҳияи як қатор барномаҳои нав, аз ҷумла Барномаи рушди обёрикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Ташаббусҳои глобалии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳон баҳои баланд гирифтанд ва шахсиятҳои бузург ин нуктаро борҳо зикр намуданд. Чор ташаббуси бузурги Сарвари давлат дар масъалаҳои ҳалли проблемаҳои марбут ба об дар рушди устувори кишварҳо марҳилаи муҳим гардиданд. Талошҳо дар ҷаҳорчӯбаи ташаббусҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза», 2003, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 хеле муассир ҳастанд.
Вобаста ба пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ дода, дар ҷомеаи муосир мақому манзалати сазовор пайдо намоянд.


Аъзои Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД,
Курси 3-юми факултети №6,
Сержанти хурди милитсия
Саидов Абубакр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...