Маданияти суханронӣ ва қоидаҳои муоширати корманди МКД
(Дар асоси талаботи фармони №1 ВКД ҶТ «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони МКД ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» аз 01.01.2006 сол ва Кодекси одоби касбии корманди милитсия, фармоиши ВКД ҶТ№19 б/з аз17.02.2017сол)
Маданияти суханронӣ нишондиҳандаи муҳими касбии корманди МКД ба шумор рафта, дар баёни бурро ва кӯтоҳ ифода мегардад.
1) Маданияти суханронӣ аз корманд риояи қоидаҳои зеринро талаб менамояд:
- ифоданокӣ ва оддигӣ ҳангоми гуфтугӯ;
- мазмуннокӣ, ки дар сухан баён гардида, дар он мазмун ва моҳияти сухан ҷой дошта бошад;
- баёни мантиқии сухан, ки моҳияти сухан бо ҳам зид набошад, фикри пурраро дар бар гирад;
- замони сухангӯӣ, ки дар кадом ҳолат зарурият дорад.
2) Корманд бояд тозагии забони адабӣ (давлатӣ)- ро нигоҳ дорад.
Дар суханронӣ манъ карда мешавад:
- истифодаи калимаҳои қабеҳ, дурушт ва дағалона;
- истифодаи калимаҳои беҷо, аз ҷумла омехта бо забонҳои дигар;
-баёни суханҳое, ки шаъну шарафи халқҳо ва ё гурӯҳи дигари иҷтимоиву маҳаллиро паст мезанад;
- баёни суханҳои бадномкунанда нисбати ҳамкор ва ё шахсони алоҳида
- истифодаи ибораҳои кӯчагӣ, лаҳҷавӣ ва ибораҳои махсус (жаргон).
3) Дар муошират бо шаҳрвандон кормандро лозим аст, ки аз нуқтаи назари талаботҳои конститутсионии он, ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи дахлнопазири хаёти шахсӣ, сирри давлатӣ, ҳифзи шаъну шараф, номи неки худро доро мебошад, рафтор намояд. Дар ин ҳолат ба корманд зарур аст:
- муоширатро ба салом додан (дар ҳолати дар либоси низомӣ будан бо гузоштани даст ба кӯлоҳ) оғоз намуда, аз даст фишурдан худорӣ намояд. Худро дар баёни вазифа, рутбаи махсус, ному насаб муаррифӣ намуда, ба таври кӯтоҳ ва мухтасар мақсади муроҷиат намуданро иброз намуда ва бо хоҳиши шаҳрвандон шаҳодатномаи хизматиро пешниҳод менамояд;
- талаботҳо ва эътирози худро дар шакли кӯтоҳ, фаҳмо баён намуда, агар лозим бошад бомаданият ва пурра мазмуни талаб ва эътирозро фаҳмонад;
- байни шаҳрандон бодиққат, сухани онҳоро набурида, ҳурматашонро нигоҳ дошта, гӯш бояд кунад;
-ба пиронсолон ва маъюбон, ҷавонону ноболиғон ҳурмати махсус зоҳир намуда, дар ҳолати зарурӣ ба онҳо бояд кӯмак расонад;
- дар муоширати байни ҳамкорон ва шаҳрвандон бо истифодаи калимаи «Шумо» муносибат бояд кард.
5) Дар ҳолати муқаррар намудани шахсияти шаҳрванд ба корманд лозим аст:
- аз шаҳрванд баъд аз муаррифии худ ба таври эҳтиромона пешниҳод намудани ҳуҷҷаташро бояд пурсид;
- дар ҳолати ҳуҷҷат ҷой доштани чизҳои дигар дар ҳуҷҷат аз шаҳрванд хоҳиш намоянд, ки худаш онҳоро гирад;
- ҳуҷҷатро тез ва бодиққат омӯхта, дар ҳолати санҷиши иловагӣ сабаб ва тарзи гузаронидани санҷиши иловагиро ба шаҳрванд фаҳмонанд;
- баъди ба охир расонидани санҷиш ба шаҳрванд барои ҳамкорӣ бо милитсия минатдорӣ баён намояд;
6. Дар муошират ва муносибат бо шаҳрвандон ба корманд манъ аст:
- баён намудани ҳамагуна эътироз вобаста ба миллат; ҷинс, нажод, вазъи шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва оилавӣ, мансубият ба ягон ҳизб ё дин;
- бо овози баланд сухан гуфтан, ғайриқонунӣ ва беасос талаб намудани ягон амал;
- гуфтани суханҳои таҳдидомез ва таҳқиромез;
- беасос талаб намудани санҷидани шиноснома, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои шахсиятро муайянкунанда.
7. Ҳангоми истифода аз телефони мобилӣ бо овози паст сухан бояд кард, пеш аз даромадан ба маҷлисҳои хизматӣ, ба назди роҳбар он бояд хомӯш карда шавад, ҳангоми ҳаракат дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз гуфтугӯ бо телефонҳои мобилӣ худдорӣ бояд кард.
8) Ҳангоми муошират бо шаҳрвандон, ки бо МКД муроҷиат мекунанд, бояд дар хотир дошт, ки ҳар як шаҳрванд дар натиҷаи дучор шудан бо ҳуқуқвайронкунӣ барои мадад ба МКД муроҷиат мекунад. Аз тарзи қабули шаҳрванд, муошират, сари вақт ёрӣ расонидан ақидаи шаҳрвандон дар бораи МКД муайян мегардад.
9) Ҳангоми қабули шаҳрвандон бояд:
- саломи ӯро эҳтиромона қабул намоянд ба ҷои нишаст пешниҳод намоянд;
- бодиққат ва эҳтиром зоҳир намуда, омодагии худро барои расонидани кӯмак ифода намоянд;
- арзи шаҳрвандонро бо диққат гӯш карда, ба моҳияти арз сарфаҳм равад;
- дар ҳолати зарурӣ талаботҳои санадҳои меъёриро вобаста ба масъалаи пешниҳодшуда фаҳмонад;
- аз рӯи моҳияти масъала қарори қонунӣ қабул намояд;
- ба шаҳрванд тартиб ва муҳлати баррасии муроҷиатро фахмонад.
10. Ҳангоми қабули шаҳрванд ба корманд манъ аст:
- роҳ додан ба ҳолате, ки барои қабули шаҳрванд вақти тӯлонӣ интизор шавад;
- дағалона буридани сухани муроҷиаткунанда;
- дар ҳузури муроҷиаткунанда сухан гуфтан бо телефон, қабули дигар шахс ва ё корманд.
Мураттибон: Асламов Б.С., полковники милитсия, Убайдуллоев Ш.Э., полковники милитсия