Нерӯи барозанда ва амнияти миллӣ
Ибни Сино дар як рисолаи ба илми ахлоқ бахшидааш овардааст: «Ҳар касе ба шинохти хештани хеш аҳамият медиҳад ва мехоҳад фазилатҳои худ ва роҳи чигунагии тобеъ сохтани онҳоро бидонад, то тавассути онҳо нафси худро пок созад, бояд барои ин саъй варзад. Ҳамчунин ҳар касе мехоҳад разилатҳои хеш ва чигунагии аз онҳо муҳофизат кардани худро бидонад, бигузор нафси хештанро аз онҳо пок намояд. Ҳар касе, ки ахлоқи ҳамидаро афзалтар медонад, бибоистӣ, ки беҳтарин кирдору рафторро ҳадафи худ қарор бидиҳад».
Манзур аз зикри порчаи фавқ баёни шаммае аз рӯзгор ва пайкори яке аз олими нуктасанҷ, инсони шарифу ҳалиму меҳрубон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ аст, ки солҳои зиёд бо назофати андешаву шарофати ҳастияшон баробари тарбияи шогирдони баркамол ҷиҳати пурнур сохтани чароғи маърифат дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши муҷаллои хешро гузошта истодааст.
Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» пиромуни манфиати донишандӯзӣ аз пирамарде ҳикоят кардааст, ки рӯзе он хирадманд аз хусуси рӯйидани як навъ мева дар кишвари Ҳинд сухан ба миён оварда арза доштааст, ки шахси аз он тановулкарда ҳамеша ҷавон мемонад ва ҳеҷ гоҳ пирӣ намепазирад.
Подшоҳе баъд аз шунидани ин сухан ба ҷониби Ҳинд ба хотири дарёфти он мева қосид равона месозад. Қосид пас аз убури шаҳру деҳот ва кӯҳу дашту бешаҳо ба сарзамини афсонавии Ҳинд мерасад, вале бо вуҷуди пурсуҷӯйҳои зиёд аз он мева дараке пайдо накарда рӯй ба сӯйи диёри хеш меорад. Ҳини бозгашт бо шайхе дучор омада матлабро ба ӯ баён медорад. Шайх огоҳ мекунад, ки он дарахти қосид дар ҷустуҷӯяш буда дарахти илм аст:
Шайх хандиду бигуфташ: «Эй салим!
Ин дарахти илм бошад дар алим»
Воқеан ҳам, аз мушоҳидаҳои зиндагӣ бармеояд, ки ҳар инсони камолоти маънавӣ дарёфтаву дар баландиҳои ҳунар ҷойгоҳи шоиста пайдокарда барои ҳамеша мақоми ҷавониву арҷмандиро мушарраф гаштааст. Яке аз чунин шахсиятҳо олими фозил, сарвари гиромиқадри мо Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ мебошанд, ки дар радифи ҳамин гуна бузургмардон қарор доранд ва аз ҳамон меваи дарахти илм баҳраманд гаштаву соҳиби хираду маърифати воло шудаанд. Анҷоми солиму пурсамари рисолату ҳадафи дарпешгузошта ба саъю кӯшиш ва ҳиммати ҷавонмардона иртибот дошта, инсонро азизу мукаррам мегардонад. Кас бо рафтору кирдори худ дар дунё метавонад худро комрону саодатманд созад.
Фаъолияти илмиву педагогии Шарифзода Ф.Р. пурсамар буда, асарҳои эъҷодкардааш маҳсули илми ҳақиқист ва хонандагон пайваста онҳоро мутолиа мекунанд, муҳаққиқон дар пажӯҳиш мавриди истифода қарор медиҳанд. Тайи чанд сол дар Академияи ВКД аз муаллими одӣ сар карда то мақоми роҳбарӣ расида, дар ҳамин ҷомеа обутоб ёфтаву ба дараҷаҳои баланди илмӣ-хидматӣ сабзидааст. Мавсуф дӯстдору сарсупурдаи пешаи хеш аст.
Марди шикастнафасу хоксор тавозӯъпеша, заҳматкашу донишманд, дилогоҳ ва устоди соҳибфазл Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ (собиқ Москва) буда, соли 1991 мактаби миёнаи № 23-юми ноҳияи Ҳамадониро хатм намудааст. Соли 1993 ба сафи курсантони Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1997 бомуваффақият хатм намудааст. То соли 2003 дар вазифаҳои гуногуни РКД дар вилояти Хатлон ба кор шуруъ карда, баъдан ба Академия ВКД ҶумҳурииТоҷикистон сафарбар карда шуд ва дар он ҷо ба ҳайси муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба фаъолият пардохт. Соли 2006 бо тавсияи Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ф.Р. барои таҳсил ба Академияи идоракунии ВКД-и Федератсияи Россия роҳхат гирифт ва соли 2009 бо дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Ташкил ва асосҳои ҳуқуқии таъмини иттилоот оид ба ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо МКД дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ» ба гирифтани унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ сазовор гардид. Солҳои 2010-2012 дар вазифаи сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, солҳои 2012-2014 сардори факултети №2 Академияи ВКД, соли 2014 муовини аввали сардори Академияи ВКД, солҳои 2014-2015 сардори Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб ва аз соли 2015 то ҳол дар вазифаи сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият дорад.
Генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба хотири баланд бардоштани савия илмӣ, методӣ ва педагогии худ пайваста талош меварзад. На танҳо ба таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ саҳм гузоштааст, балки инчунин бо ибтикори хеш дар ҳама соҳаҳои фаъолият намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.
Шарифзода Ф. олими ҳақиқӣ аст, зеро: якум, соҳаи илмеро, ки бо он машғул аст, ба таври мукаммал медонад; дуюм, дар соҳаи интихобкардааш мунтазам ба таҳқиқ мепардозад ва ғояҳои навро пеш мебарад. Эшон бо заҳматҳои шаборӯзӣ барои ҳалли масоили умдаи ҳуқуқшиносӣ низ хидматҳои шоиста кардаанд. Натиҷаи ин ранҷу кӯшишҳо таълифи зиёда аз панҷоҳ адад асари илмиву методии пурарзиш мебошад. Зери таҳрири устод ҳашт монография, се китоби дарсӣ, 16 дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ба нашр расидааст, ки ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ тааллуқ дорад. Дар айни замон, дар ҳаммуаллифӣ таълиф гардидани қисмате аз рисолаҳои мазкур аз ҳамкории васеъ доштани устод бо донишмандони дигар ва шогирдони болаёқаташон гувоҳӣ медиҳад. Муҳим ин аст, ки рисолати олимиву инсонии хешро дарк намудаву бохабар будан аз донишҳои муосирро амри зарурӣ медонад. Ба шогирдон таъкид мекунад, ки ғафлату ноогоҳӣ аз пешрафтҳои замона ҷаҳонбинии касро маҳдуд намуда, бинои ақли шарифро низ хароб месозад.
Ба хотири татбиқи қонунҳо, амру супоришоти Сарвари давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишу малака ва маҳорати касбии хешро дареғ намедорад. Пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки усулҳои нави тадрису нақшаҳои тозаи таълимиро роҳандозӣ кунад, бо тарбияи шогирдони қобилиятнок ва соҳибирода шуғл меварзад ва мактаби илмияш густардаву пурбаракат гашта истодааст. Лозим ба таъкид аст, ки дар давраи роҳбарии ӯ муносибатҳои байналмилалии Академияи ВКД бо давлатҳои хориҷӣ боз ҳам густариш ёфтанду самараҳои хуб ба бор оварда истодаанд. Ба шарофати масъулиятшиносиву серталабиаш Академияи ВКД имрӯз дар байни дигар ҷузъу томҳои вазорат ва дигар мактабҳои олии кишвар мавқеъ ва манзалати хоси худро пайдо намуда, на танҳо ба як боргоҳи таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос, балки ба як маркази пуриқтидори илмӣ табдил ёфтааст. Тандурустӣ ва пеш гирифтани тарзи ҳаёти солимро аз омилҳои муҳими инкишофу рушди кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва милитсия маҳсуб медонад. Ба ин хотир, барои обутоби ҷисм ва варзиши бадан барои муҳассилин тамоми шароиту имконотро фароҳам сохтааст. Таваҷҷӯҳ ба ин самти фаъолият боис гардидааст, ки даҳҳо шогирдон дар чандин озмунҳои байналмилалӣ ғолибият ба даст оранд. Азҷумла, яке аз курсанти курси 5-ум Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бонуварзишгари муштзани тоҷик ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Самадова Миҷгона дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон” ба тамоми ҳарифонаш дастболо шуда, соҳиби медали тилло ва ҷоизапулӣ гардид. Ин ҳама дастовардҳо нишонаи дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ, муҳтарам Раҳимзода Рамазон ва алалхусус сардори Академияи ВКД муҳтарам Шарифзода Файзалӣ аст, зеро чунин мардони ғаюр ва дӯстдорони Ватану миллат буданд, ки имрӯз курсантони Академия ба чунин комёбиҳои баланд ноил гардида истодаанд.
Ҳамчунин Шарифзода Ф. дорои табъи баланди инсонӣ ва бархурдор аз шеваи мумтози таҳқиқӣ аст, ки дар тӯли фаъолияти пурбори хеш ба илму таҳқиқ ишқу алоқаи беандозае зоҳир намудааст. Садоқат ба илм ва натиҷаи заҳматҳои шаборӯзиаш аст, ки ниҳоли парваришкардааш сабзу борвар ва аз он хони шаҳдогине барои шогирдону шунавандагон густурда шудааст. «Нони ҳалол хӯрдан аз обилаи дасти худ» шиори зиндагиаш буда, инро ба наздикону пайвандон тазаккур менамояд. Аҳли сухан дар васфи чунин мардон хуб гуфтаанд:
Марди мардӣ, марди фардӣ дар замину дар замона,
Дар дили мардум ниҳодӣ аз садоқат ошёна.
Барои хизматҳои шоёнаш ба гирифтани чандин ифтихорномаву мукофот ва ҷоизаву унвонҳо, аз ҷумла, бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», “Аълочии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо Ифтихорномаву сипосномаҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 531 аз 10-уми августи соли 2015 ба ордени «Шараф»-и дараҷаи 2 сарфароз шудааст.
Ба устоди азиз, ба ин марди нексиришт, ки кӯлбори илму маърифати шогирдону ҳамкоронро бо осори гаронмояи хеш ғановат бахшидаанд, қабл аз ҳама, умри дароз, саодати рӯзгор, тавфиқи пайваста, тандрустиву фараҳи ҳамешагӣ ва дастовардҳои нави тозаи илмиро таманно дорем ва бо истифода аз байти пурҳикмати Ҳаким Фаррухии Сиистонӣ гуфтанием:
Султони ҳақиқӣ бувад он кас, ки тавонад,
Худро ба бари ҷомеа маҳбуб намояд.
Муяссара Тоҳирӣ