Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди тайёр намудани кадрҳо дар низоми мақомоти корҳои дохилӣ: назари таърихӣ - муқоисавӣ

534536Таълим ва тайёр намудани кадрҳо дар мақомоти корҳои доҳилӣ яке аз рукнҳои асосии тайёр намудани мутахассисон барои низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мақсадҳои стратегии маориф ва илм дар тайёр намудани кадрҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои доҳилӣ пешниҳод карда шуданд, ки ба масъалаҳои зерини инкишофи ҷомеа вобастагии зич дорад:

- аз сар гузаронидани буҳрони иҷтимоӣ - иқтисодӣ, таъмини сифати баланди зиндагӣ ва амнияти миллӣ;
- барқарор намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳиби фарҳанг ва тамаддуни бойи таърихӣ, ҳамқадами ҷомеаи пешқадами ҷаҳонӣ;
- бунёди асосҳои инкишофи иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва маънавӣ.
Вазифаҳои асосии тайёр намудани кадрҳо дар низоми МКД аз инҳо иборат аст:
- тарбияи ватандӯстонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ширкати онҳо дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро эҳтироми гузошта, соҳиби одоби баланд бошад;
- инкишофи ҳаматарафаи курсантону шунавандагон, ташаккули малакаи худомӯзӣ ва худфаъолиятии шахс;
- ташаккули ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷаҳонбинии илмии курсантон ва шунавандагон, инкишофи фарҳанги таҳамулпазирӣ бо дигар халқҳо;
- таҷдиди бонизоми паҳлӯҳои маориф, инъикоскунандаи тағйиротҳо дар доираи фарҳанг, иқтисодиёт, илм, техника ва технология;
- мудом будани маълумот (таҳсилоти олии касбии баъди мактаби олӣ);
- таҳсил, бозомӯзӣ ва такмили ихисос дар намудҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ (Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази илмии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон , Маркази таълимии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи милитсия, Коллеҷи оташнишонии ВКД, Марказҳои таълимӣ - тактикӣ, Курсҳои Олии Академӣ ва Такмили ихтисоси кормандони МКД (дар такягоҳи Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон), таҳсил ва бозомӯзӣ дар кишварҳои ИДМ ва хориҷи кишвар;
- инкишофи анъанаҳои МКД дар таълим, илм ва тайёр намудани кадрҳо, ҷалб ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ;
- тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои фаъолияти МКД.
86557Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият илм ва маорифро самти афзолиятноки сиёсати давлатӣ шуморида ,як қатор санадҳои муҳиме аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ки дар низоми МКД низ амалӣ карда мешаванд. Аз қабили «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-ноябр соли 2006 №484 тасдиқ шудааст)1, Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02-ноябри соли 2007 №529 тасдиқ шудааст)2, Низомномаи мутахассис (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-декабри соли 2007 №650 тасдиқ шудааст), Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ( бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-майи соли 2002 №200 тасдиқ шудааст)3.Низомномаи намунавии муассисаҳои маълумоти олии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-феврали соли 1996 №714 тасдиқ карда шудааст).
Албатта ин шаҳодати он аст, ки ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд ва инкишофи низоми мақомоти корҳои дохилӣ, талабот ба омӯзиши кадрҳо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он ба назар расида, фаъолияти милитсия бо мутахассисон таъмин карда мешуд.
Тадқиқотҳои илмии дар ин самт гузаронидашуда имкон медиҳанд, ки ба ин масъала равшанӣ андозем. Ҳангоме, ки ба рӯйхати кормандони Комиссариати Халқии Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шуравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон назар меафканем (то ҳолати декабри соли 1924 ва январи соли 1925) фақат як корманд Повлинский Н.М. - Сардори Дастгоҳи Марказии идоракунӣ маълумоти ҳуқуқшиносӣ дошт, боқимонда маълумотҳои маъмурӣ, хоҷагидорӣ, молиявӣ, духтурӣ ва коргузорӣ доштанд. Ин аз он шаҳодат медод, ки дар ҳақиқат масъалаи тайёр кардани кадрҳо дар ҳолати душвор қарор дошт. 5
Шахсоне, ки ба кори хизматӣ ба милитсия гирифта мешуданд, маълумоти муҳими ҳуқуқӣ надоштанд ва дар курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат маълумот мегирифтанд, ки барои фаъолияти касбии онҳо нокифоя буд. Аз рӯи тартиби муқарраршуда барои қабул ба кор комиссияҳои қабулу санҷишӣ созмон дода мешуданд, ки аз рӯи дараҷаи дониш ва коршоямӣ ба вазифа таъин мешуданд. Фаъолияти милитсия дар ин солҳо бо фаъолияти ҳизби коргарӣ- деҳқонӣ (болшевикӣ) ҳамоҳанг гардонида мешуд, ки ба кори тайёр намудани кадрҳо диққати махсус дода мешуд. Махсусан бо донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо аҳамият дода, онҳо ба кори маҳфилҳо, варзиш ва таблиғотӣ ҷалб карда мешуданд. Курсҳои 8-моҳаи тайёр кардани кормандони котибот ва коргузорӣ ташкил ва гузаронида мешуданд, ки нахустин чунин курсҳо 1-ноябри соли 1925 дар назди Комиссарияти Халқии Корҳои Дохилӣ ба кори худ шурӯъ намуд.
Дар Низомномаи «Дар бораи Комисарияти Халқии Корҳои Дохилии (КХКД) Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон», ки 18-феврали соли 1925 қабул шуда буд, баробар дигар паҳлуҳои фаъолияти милитсия, як аз масъалаҳои муҳим - ташкили хизмат ва таълими кормандони милитсия ба шумор мерафт.

15- декабри соли 1930 дар асоси қарори Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Шӯрои Комисарони Халқи Иттиҳоди Шуравӣ Комиссариати корҳои дохилӣ барҳам дода шуда, ба ҷои вай Раёсатҳои милитсия ва кофтукови ҷиноятӣ созмон дода шуд, ки бевосита ба Шӯрои Комиссари халқҳо тобеъ буданд. Мақомоти милитсия низоми таълим ва тарбияи кадрҳоро пурра ба роҳ монда буд, ки ба ин раванди муҳим Ҷанги Бузурги Ватанӣ ( 1941-1945) монеъ шуд. Тамоми кадрҳои мақомоти милитсия ба майдони ҷанг ва ақибгоҳ ба муборизаи зидди ҷинояткорӣ ҷалб карда шуданд.
Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) марҳилаи нав дар низоми тайёр кардани кадрҳои милитсия оғоз гардид, ки дар баробари барқароркунии хоҷагии халқ тағйиротҳои куллӣ дар сохтор ва низоми кадрии ВКД-и Иттиҳоди Шуравӣ ба вуҷуд омад. Дар ин давра дар мақомоти корҳои дохилии Иттиҳоди Шуравӣ 3-шуъбаи илмӣ - техникӣ, 25- зершуъба, 90-гурӯҳҳои илмӣ - техникӣ фаъолият мекарданд. Аз соли 1947 тайёр кардани кадрҳо дар Мактаби Олии ВКД-и ИҶШС оғоз мегардад. Дар Вазорати корҳои дохилии ИҶШС Маркази асосии илмӣ – тадқиқотии идоракунӣ ва иттилоотӣ ташкил ёфт. Ҳанӯз баъд аз итмоми ҷанг соли 1945 Институти илмӣ - тадқиқотии криминалистика кушода шуд, ки экспертизаҳои трассологӣ, баллистикӣ ва физикавӣ – химиявӣ гузаронида мешуд, ки дар тайёр кардани мутахасисон нақши муҳим дошт. Соли 1956 бо васеъшавии Иниститут он ба Институти илмӣ – тадқиқотии ВКД - и ИҶШС ва минбаъд ба Институти умумииттифоқии илмӣ - тадқиқотии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ табдил дода шуд. Доираи тадқиқотҳои илмӣ васеъ шуданд, ки мавзӯъҳои корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, хизмати беруна, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракати роҳ, ҳамкории милитсия бо аҳли ҷамоатчигӣ, ислоҳ ва тарбияи ҳуқуқвайронкунандагон, экспертизаҳои криминалистӣ дар бар мегирифтанд. Натиҷаи кории Институт амалӣ шуда, дар он кормандони милитсия савияи илмии худро баланд мебардоштанд. Соли 1968 ин маркази илмӣ номи Институти умумииттифоқии илми-тадқиқотии ВКД –и ИҶШС гирифт, ки ба кормандони милитсия дар баланд бардоштани дараҷаи тахассуси онро ёрии амалӣ мерасонид. Соли 1969 Лабораторияи марказии илми-тадқиқотии криминалистӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар баробари корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ин таълим ва тарбияи касбии кадрҳо дар низоми ВКД буд. Дар ин самт дар шаҳри Москва тайёркунии кадрҳо дар ҳайати полки махсус гузаронида мешуд, ки чун қисми низомии мустақил фаъолият менамуд. Ин Маркази таълимӣ дар самтҳои зерин фаъолият мебурд.
- тайёр кардани кормандони милитсия ба хизмат;
- бозомӯзӣ ва азнвтайёркунии кадрҳо;
- такмили ихтисоси кадрҳо.
Дар вилояти Калинград мунтазам ҷамъомад - семинарҳои кормандони соҳаҳои гуногун гузаронида мешуд. Дар шаҳри Псков курсҳои якмоҳаи кормандони милитсия фаъолият менамуд, ки дар онҳо нозирони минтақавӣ, кормандони шуъбаҳои шиносномадиҳӣ таҳсил менамуданд. Ҳайати роҳбарӣ ва оперативӣ такмили ихтисоси худро дар муддати 2-сол ба итмом мерасониданд.
Соли 1946 мактаби 2-солаи милитсия дар шаҳри Рига, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияташро қатъ намуда буд, аз сари нав ба кор шурӯъ намуд, ки кормандони оперативӣ ва нозирони минтақавиро тайёр менамуд. Ин мактаб дорои шуъбаи ғоибона буда, курсҳои 10-моҳаи тайёр намудани азнавтайёркунии ҳайати роҳбариро низ дар бар мегирфт. Баъди анҷоми ҷанг 4-мактаби миёнаи махсуси милитсия дар шаҳрҳои Москва, Минск, Ростови лаби Дон, Хабаровск кушода шуданд. Соли 1946 мактабҳои махуси милитсияи шаҳрҳои Каунас ва Вилнюс аввалин хатмкунандагони худро ба фаъолияти амалӣ фиристоданд. Дар солҳои 50-ум асри ХХ 18-мактаби милитсия, 3-мактаби ВКД ИҶШС, 2-курсҳои милитсия, 7-мактаби кинологӣ амал менамуданд.
Соли 1952 мактаби милитсияи Москва ба муассисаи олии ҳуқуқӣ табдил дода шуда, соли 1954 номи Мактаби Олии ВКД ИҶШС –ро гирифт. Муҳлати таҳсил дар факултаи асосӣ 3-сол буд. Дар мактаб курсҳои яксолаи такмили ҳайати роҳбарикунанда ва факултети таҳсили ғоибона (таҳсили 4-сола) амал менамуд.
Солҳои 1956-1958 шумораи мактабҳои милитсия афзуда, дар онҳо мутахасисони мушаххаси хизмати милитсия тайёр карда мешуданд. Масалан мактаби милитсияи Новочеркас-нозирони минтақавӣ, Могилиёв-кормандони милитсияи нақлиёти роҳи оҳан ва об, Рига-кормандони дастгоҳи муборизаи зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ, Алмаато - кормандони кофтукови ҷиноятӣ, Кишинёв – кормандони хизмати беруни милитсияро тайёр менамуданд.
Дар миёнаи солҳои 60-уми асри ХХ 4-Мактаби Олии милитсия дар шаҳрҳои Москва, Киев, Тошкент ва Омск амал менамуданд .
Ба ғайр аз Мактабҳои Олӣ ва миёнаи махсуси милитсия дар марказҳои вилоятҳо бунгоҳҳои тайёр ва азнавтайёркуни милитсия дар самти нозирони минтақавӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, дастгоҳи шиносномадиҳӣ амал менамуданд.
Ба ин пешравиҳо нигоҳ накарда, дар солҳои 60-уми асри ХХ захираи кадрӣ барои фаъолияти босифати милитсия камӣ мекард, танҳо 12,6% ҳайати роҳбарикунанда маълумоти олӣ доштанду ҳуқуқшиносони тахассуси баландро ҳамагӣ 9% ташкил медод, маълумоти миёнаи ҳуқуқӣ 18,5%-ро ташкил медод, ки онҳо низ дар вазифаи роҳбарикунанда кор мекарданд. Дар байни ҳайати қаторӣ ва сержантӣ танҳо 11,7% маълумоти миёна доштанд. Бисёр кадрҳо аз сабаби дониш ва малакаи касбӣ надоштан кори милитсияро тарк менамуданд.
Яке аз ҷиҳатҳои дигар муҳими ба таври кӯтоҳ тайёр намудани кадрҳо ин тайёрии аввалаи кормандони милитсия дар курсҳои 1-2 моҳа буд, ки ба он бо маълумоти синфи 7-8-и мактаби миёна қабул шуда ба онҳо тарзи ҳуҷҷатнигорӣ, бурдани хизмат, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, истифодаи яроқ ва машқҳои самборо меомӯхтанд.
Моҳи майи соли 1969 сохтмони Марказҳои калони таълимӣ, таҷдиди бунгоҳҳои таълимӣ оғоз гашт, ки бо биноҳҳои таълимӣ хобгоҳ, варзишгоҳ, майдони сафороӣ, тиргоҳ, нақлиётгоҳ ва дигар шартҳои муҳим илова гаштанд. Дар ин курсҳои кутоҳмуддати 2-3 моҳ раванди таълим давом менамуд. Дар заминаи он филиалҳои мактабҳо, бунгоҳҳои таълимӣ, лагерҳои саҳроии тобистона дар шаҳрҳои назди шуъбаҳои корҳои дохилӣ созмон дода шуданд. Барномаҳои таълимӣ таҳия гашта, кормандони милитсия дар самти нозири минтақавӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, хизмати техникӣ ва алоқа тайёр карда мешуданд. Чандин воситаҳои таълимӣ аз рӯи фанҳо албому нақшаҳо, воситаҳои ёрирасони таълимӣ тайёр карда мешуданд. Ҳайати прафессорону омӯзгорон низ дар мактабҳои милитсия ва марказҳои таълимӣ меафзуданд, ки 100 нафари онҳо профессорону докторони илм, 1000 нафар дотсентои ва номзадони илм буданд.
Ихтисосҳои нав аз қобили тафтишотӣ - кримилистӣ намерасиданд, ки ҳоло ҳам дар Донишкадаҳои гражданӣ тайёр карда мешуданд.
Соли 1973 Академияи ВКД ИҶШС таъсис ёфт. Барои тайёр кардни кадрҳои педагогӣ дар Академияи адюнктура бунёд ёфт. Барои баланд бардоштани маданяти касбии кормандони МКД дар назди ВКД ИҶШС 120 клубҳо, хона ва қасрҳои фарҳанг, 500-китобҳона, 59-осорхона, 183-дастгоҳи кинономоишдиҳӣ, 13-театри халқӣ, 800-дастгоҳҳои ҳаваскорони санъат, 52- ансамбли рақсу суруд амал менауданд.
Дар назди Академияи ВКД-и ИҶШС Донишгоҳи фарҳанг фаъолият мекард, ки ба кори он беҳтарин бастакорон, ҳунармандони театру кино фаъолона иштирок менамуданд. Аввалин ректори Донишгоҳи фарҳанг бастакори маъруф А. Хачатурян буд. Дар замони Шуравӣ кадрҳои мақомоти корҳои доҳолӣ асосан дар доираи муассисаҳои таълимии Иттиҳоди Шуравӣ тайёр карда мешуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ норасоии кадрҳо доимо ба назар мерасид. Дар ҳамин асос Ҳукумати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҳукумати марказии Иттиҳоди Шуравӣ бороҳо дар бораи дар доираи ҷумҳурӣ тайёр кардани кадрҳо муроҷиат намуданд. Соли 1930 дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) Мактаби дусолаи милитсия амал карда, дар шарҳи ҳоли баъзе кормандон сабт шудааст, ки соли 1930 ё худ солҳои минбаъда мактаби мазкурро хатм кардаанд. Аз миёнаи солҳои 40-ум то соли 1970 бинои таълимии мактаб дар бинои собиқ Раёсати корҳои ислоҳии ВКД ва имрӯза – Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуд. Дар дохили кишвар танҳо Мактаби Душанбегии миёнаи махсуси милитсияи ВКД ИҶСШ (СССР) амал мекард, ки фақат мутахассисони дорои маълумоти миёнаи махсуси ҳуқуқиро тайёр мекард. Мактаби мазкур дар соли 1970 ба фаъолият шурӯъ намуд ва он мутахассисонро танҳо барои мақомоти ВКД Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тайёр менамуд. Дар солҳои мавҷудияти худ (1970-1991) мактаб барои МКД Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳазорон мутахассисонро тайёр намудааст. Бо кушодшавии мактаби миёнаи махсуси милитсияи Тоҷикистон як қатор пешравиҳо ба назар расид, ки ҷумҳурӣ бо кадрҳои миллӣ таъмин карда мешуд, дар соли 1982 бо ташаббуси ВКД ҶШС Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати корҳои дохилии ИҶСШ дар шаҳри Душанбе филиали шуъбаи таҳсили ғоибонаи Мактаби Олии Тошкентии ВКД ИҶСШ таъсис ёфт. минбаъд соли 1991 дар заминаи мактаби миёнаи махсуси милитсия Мактаби Олии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки 200 нафар кормандону омӯзгорон ба таълим ва тарбияи кадрҳои ҷавон машғул буданд. Роҳбарии аввалин Мактаби Олӣ ба зимаи яке аз собиқадорони ВКД полковники милитсия Ҷумъаев Усмон Саломович гузошта шуд, ки таҳти роҳбарии ӯ аввалин бор дар ҷумҳурӣ бор 450 - нафар мутахассисон бо маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва рутбаи лейтенанти милитсия ба сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмат фиристода шуданд.
Аз соли 1993 то соли 2000-ум ба Мактаби Олии ВКД яке аз мутахассисони варзидаи мақомоти корҳои дохилӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович роҳбарӣ намуданд. Таҳти роҳбарии ғамхоронаи вай Мактаби Олии ВКД ба яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии ҷумҳурӣ табдил ёфт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аз Мактаби Олии ВКД дидан намуда, ба фаъолияти устодону афсарони он дар тайёр кардани кадрҳо баҳои сазовор доданд.
Солҳои 2000-2005 ба Мактаби Олии ВКД полковники собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Саймуддинов Шамсулло роҳбарӣ намуд, ки маҳз дар давраи фаъолияти ӯ Мактаби Олӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-декабри соли 2000 тахти №519 ба Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Саймуддинов Шамсулло дар мавзӯи «Ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти муосири он» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ба унвони номзадӣ илмҳои сиёсатшиносӣ ва генерал-майори милитсия мушарраф гардид. Маҳз таҳти роҳбарии Саймуддинов Шамсулло шумораи олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда, бо Академияи идоракунии ВКД-и Федератсияи Россия робитаҳои илмӣ мустаҳкам гардида, роҳи таҳсил дар адюктураи Академияи идоракунии Федератсияи Россия кушода шуда, тайёр кардани кадрҳои илмӣ- педагогӣ ривоҷ ёфт. Дар ин давра муовини Сардори Академия оид ба корҳои илмӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи ҷумҳурӣ Солиев К.Ҳ. рисолаи номзадии худро бо мувафақият ҳимоя намуда, дар самти ривоҷи корҳои илмӣ ва интишори дастовардҳои Академия нақши хеле калон гузоштанд. Инчунин дар ин айём сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Розиқзода А.Ш. дар мавзӯи «История формирования и деятельности милиции Таджикитана» рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои таъриҳ гаштанд. Солҳои 2005-2009 Сардори Академия генерал-майори милитсия Дӯстов Файзиддин буд, ки дар ин солҳо неруи илмӣ - педагогии Академия боқувват гашта, базаи моддӣ - техникии Академия мустаҳкам гашт. Шумораи адюнктон ва тадқиқодчиёни илм хеле афзуд. Дар ин давра муовини аввали сардори Академия полковники милитсия Назаров Н.Ҷ. дар мавзӯи «Организационно-правовые основы становления и развития милиции Таджикистана (1917-2006гг.) дар шаҳри Москва дар Академияи идоракунии ВКД-и Федератсияи Россия бомуваффақият рисолаи доктории риштаи илми ҳуқуқро ҳимоя намуда, ба Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, Мактаби илмии «Омӯзиши таъриҳ ва паҳлуҳои ҳуқуқии фаъолияти милитсия» асос гузошт, ки ба он ва педагогҳо ва дигарон шомил гаштанд, ки дар раванди таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрҳо барои низоми мақомоти корҳои дохилӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд.
Бо пешниҳоди Президент ва Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-явари соли 2009 Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ (худ собиқ педагоги Академия), ки чанд муддат ректори Донишкадаи Тарбияи ҷисмонӣ кор мекарданд ба вазифаи сардории Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гаштанд. Розиқзода А.Ш .дар як муддат тавонист, ки неруи боқувват ва созандаро дар Академия мутаҳид намуда, ба низоми таълиму тарбия, омодагии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, корҳои илмӣ, варзишӣ –фароғатӣ ба назари нав ва маъсуляти баланд муносибат намояд. Ҳамчун педагоги варзида ба раванди таълиму тарбия, дараҷаи тайёр намудани кадрҳо,бозомӯзӣ ва такмили ихтисосӣ кормандони МКД таъсири худро расонида, маҷмӯи чорабиниҳои зиёдеро амалӣ гардонид, ки ба фаъолияти босуботи Академия такони нав бахшид. Робитаҳои илмӣ ва хориҷии Академия густариш ёфт, биноҳои таълимӣ, қисми навбатдорӣ, синфхонаҳо, варзишгоҳ, Шӯрои олимон, Маркази тестӣ ва чандин объектҳои муҳими таълимӣ ба истифодаи афсарон, курсантону шунавандагон гузошта шуд. Аз фаъолияти босуботи Академия расонаҳои ахбори омма огоҳ гашта, шумораи довталабон афзуд ва озмуни интихоби объективонаи курсантон ва шунавандагон ба роҳ монда шуд.
13-уми декабри соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 626 ба вазифаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ,генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир таъин шуд. Маҷидзода Ҷ.З. - доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Аъзои ҳақиқии Академияи умумиҷаҳонии илмҳои амнияти комплексӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1,
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муаллифи зиёда аз 100 асарҳои илмӣ, ки ба методологияи тадқиқоти давлатдорӣ, ташаккулёбӣ ва инкишофи давлатдории этникӣ дар Осиёи Миёна, давлатдории миллӣ дар ИҶШС (СССР) ва фазои баъдишуравӣ, проблемаҳои этносотсиалии ҷинояткорӣ, масъалаҳои ташкилӣ ва тактикии муқовимат ба ҷинояткории миллӣ ва трансмиллӣ, аз он ҷумла дар соҳаи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор тааллуқ доранд, ба шумор меравад.
Дар давраи сардории Ҷ.З.Маҷидзода дар заминаи Академияи ВКД шуъбаи адъюнктура, ки аввал шуъбаи омодасозии кадрҳои илм - педагогӣ ном дошт, ташкил шуд. Шуъбаи мазкур бо мақсади тайёр намудани кормандони илмӣ ва илмию омӯзгории дорои унвони номзади илм дода шуда, шакли асосии он тайёр намудани кормандони илмии баландихтисос мебошад. Ҳоло дар адъюнкураи Академияи ВКД беш аз 30 нафар адъюнктон, уновонҷӯён дар шаклҳои ғойибона ва рӯзона таҳсил менамоянд.
Ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарони собиқи Академияро роҳбари имрӯзаи он, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р идома дод. Шарифзода Ф.Р. соли 1997 Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуда, пас аз се соли кори амалӣ фаъолияти илмӣ - омӯзгории худро дар ин даргоҳи муқаддас гузаронидааст. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ., дар моҳи сентябри соли 2015 нашрияи даврии Академияи ВКД “Набзи милитсия”, Сомонаи интернетӣ, Маркази матбуот, Студияи радио ва телевизион таъсис дода шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи иттилоотии он дар миқёси муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ, инчунин тарбия намудани курсантону шунавандагон, саҳми арзандае мегузорад. Маҷаллаи илмии « Осори Акдемия» ба феҳристи КОА ФР ворид гашт. Пешравии обрӯю нуфӯзи Академия дар ин сол боз дар он ифода гардидааст, ки олимони он дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти конунгузорӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои байнидавлатӣ шомил буда, мунтазам таклифу пешниҳодот ирсол менамоянд. Масалан, пешниҳод ба Қарори Мушовараи якҷояи байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Федератсияи Россия № 732/1017 б/з аз 24-уми ноябри соли 2015 ҷиҳати баррасии Созишнома байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳо дар самти фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, ки аз ҷониби олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки соли 2015 мутахассисони Академияи ВКД дар ҷаласаи якумини Шӯрои машваратии назди Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ моҳи июни соли 2015 иштирок намуданд, ки дар он як қатор ҳуҷҷатҳои танзимдароварандаи сохтори мазкур тасдиқ карда шудаанд.Ҳамчунин, барои ширкат намудан дар озмуни лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии бунёдӣ ва амалӣ барои солҳои 2015-2016 лоиҳаи мавзӯи Академияи ВКД ҶТ “Ташаккули консепсияи давлати ҳуқуқбунёд ва амниятӣ дар Тоҷикистон” ба Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ ирсол карда шуд.
Лоиҳаи мазкур дар озмун ғолиб баромада, қарори мусбати экспертҳо ва Шӯрои Фонди Президентии тадқиқоти бунёдиро гирифт.
Алҳол, Академия муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки нақшаю барномаҳои таҳсилоти давлатии маълумоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва иловагии касбиро амалӣ месозад: тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро ба роҳ мемонад; дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намудҳои фаъолият тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро иҷро мекунад ва дар самти фаъолияти худ маркази илмию методӣ ба ҳисоб меравад. Муассиси Академия Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бевосита дар итоати вазири корҳои дохилӣ қарор дорад. Академия дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзанда мегузорад. Тайёрии касбии мутахассисони хадамоти гуногуни корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи Академия, бо назардошти шароити воқеӣ ба амал бароварда мешавад. Айни ҳол дар Академия бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ 8 - доктори илм, 35-номзади илм, 8-дотсентон барои пешбурди раванди илм ва таълим саҳми босазои худро мегузоранд. Аз инҳо 30-нафар номзади илмҳои ҳуқуқ,1-нафар номзади илмҳои таърих, 2-нафар номзади илмҳои филология, 1-нафар номзади илмҳои педагогӣ, 2-нафар номзади илмҳои сиёсӣ, 1-нафар-номзади илмҳои кимиё мебошанд. Аз 24-кафераҳои Академия аксари онҳо бо кадрҳои илмӣ-педагогӣ пурра таъмин гаштаанд. Дар Академия дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавзӯъҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби олимону омӯзгорон тадқикотҳои фундаметенталии илмӣ гузаронида мешавад.Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. Акдемияи ВКД пурра бо фонди китобҳои илмӣ, таълимӣ, бадеӣ, китобхонаи электронӣ, толори конфронсӣ, интернети баландсурат таъмин гаштааст. Аксари китобҳои илмӣ ва таълимӣ аз фанни ФОҶ ба қалами доктори илми ҳуқуқ, дотсент, Раҳимзода Р.Ҳ.таалуқ доранд. Фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва табъу нашр, тарбиявӣ, ҳоҷагӣ ва байналмилалӣ аз самтҳои асосии фаъолияти Академия ба ҳисоб мераванд.
Санаи 30-юми августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни маҷмааи олии таълимии навбунёд роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз лавҳаи рамзӣ бардошта, расман ба фаъолияти марҳилаи аввали Маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд ва онро туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Хотиррасон мешавем, ки ба сохтмони маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июни соли 2014 санги асос гузошта, барои бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот масъулони соҳаро вазифадор намуда буданд. Баъд аз ифтитоҳи иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии Рӯзи дониш дар ҳузури ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуда густариши илмро яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академия шумориданд. 22 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни муассисаи олии таълимӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни академия самимона истиқбол гирифтанд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолияти факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд. Бинои нави факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 15 синфхона бо 600 ҷой, толори лексионӣ, китобхона, бойгонӣ, 16 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаҳои шоҳмотбозӣ, лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, толори диссертатсионӣ ва ду толори маҷлис бо 460 барои курсантони Академия пешбинӣ гардидааст. Акнун минбаъд дар ин бинои нав дар ду кафедраи факулта - кафедраҳои ташкили тактикаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷуӣ ва пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, 20 нафар олимону профессорон ба донишҷуён таълим медиҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди таълиму тарбия, илм, ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус ВКД мунтазам таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои хос зоҳир менамоянд. Ҳамаи ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба он равона гаштаст, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД бо ин дастовардҳои нави илмӣ ва таълимӣ ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ва 30-солагии таъсисёбии ин боргоҳи илмро сазовор истиқбол намуданд.
Дар баробари тайёр намудани кадрҳо барои воҳидҳои хизматии гуногуни мақомати корҳои дохилӣ Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба таълим ва тарбияи кадрҳо аҳамияти махсус медиҳад. Таърихи пайдоиш ва инкишофи Хадомоти оташнишонӣ аз тарафи Ғаюров С.Ш.1 тадқиқ гашта, интишор шудааст. Ба ақидаи Ғаюров С.Ш. ба мисли дигар ҷуъзу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ тайёр кардани кадрҳо проблемаҳо буд. Аввалин дастаҳои оташнишонӣ соли 1929 таъсис ёфта буданд. Маъсалаи тайёр кардани кадрҳо дар маҷлиси кумитаи иҷроияи Шӯрои комисарони халқ 30-июли соли 1930 муҳокима ва баррасӣ шуд.
Дар ин ҷаласа қарор карда шуд, ки курсҳои кутоҳмудат назди «Колхозтрест» ташкил карда шаванд. Дар ин курсҳо мутхассисонро на танҳо барои ҳифзи сӯхтор, инчунин кормандони суғуртаи давлатӣ, муҳофизони ҳарбии хоҷагии халқро тайёр менамуданд. Шӯрои Комисарони Халқро Нусратулло Махсум раисӣ мекард ва талаб намуд,ки аз Кумитаи халқии меҳнат дархост карда шавад, ки 5-мутахасисони сӯхтор барои таҳсил фиристода шаванд. Дар ин солҳо сардори шӯъбаи ҳифзи сӯхтор дар як вақт сардори курсҳои сӯхтор ва техникӣ ба шумор мерафт. Солҳои 1930-1934 ба ин курсҳо сардори шӯъбаи ҳифзи сӯхтори КХКД-и ҶШС Тоҷикистон Ковалский роҳбарӣ мекард. Солҳои 1934 -1936 ин вазифаро Ф.С.Курганов иҷро менамуд. Соли 1938 ба ин вазифа Ефрименко таъин шуд. Сардори мактаби тайёр намудани ҳайати фармондиҳии хурд Сардории Раёсати ҳифзи сӯхтори шаҳри Сталинободро низ иҷро мекард. Душвории тайёр намудани кадрҳо дар он буд, ки асосан мутахассисон ба омӯзгорон русзабонҳо буданд.
Тирамоҳи соли1971-ум дар Бунгоҳои таълимии такмили ихтисос ва тайёр намудани ҳайати фармондеҳии хурд ба кӯчаи ба номи С.Вализодаи шаҳри Душанбе кӯчонида шуд. Соли 1973 ин Бунгоҳи таълимӣ ваъсеъ гашт, ки дар он сардорони ҳифзи сӯхтори колхозҳо, савхозҳо, корхонаҳои саноатӣ таъсис ёфт. Дар ин маркази таълимӣ гурӯҳҳои Мудофиаи гражданӣ низ тайёр карда мешуданд. Дар ин солҳо ба ин Маркази таълмӣ С.Г.Голенков роҳбарӣ мекард, ки таҷрибаи бой дошт. Вай маҳорати баланди педагогӣ нишон дода аз фанҳои махсус дарс медод. Дар ин Маркази таълимӣ А.И.Садрдинов, М.Давлатов ба фаъолият шурӯъ намуданд. М.Давлатов дар вазифаи сардори қисми таълимӣ кор мекард, вай барҳамхурдани Итиҳоди Шуравиро пешбинӣ намуда, пешниҳод намуд, ки курсҳои тайёр намдудани мутахассисони бехатарии сӯхтор дар дохили ҷумҳурӣ ташкил карда шаванд. Бо ташабуси ӯ дар Коллеҷи ҳарбии Вазорати дифоъ шуъбаи мутахассисони бехатарии сӯхтор таъсис ёфт. Соли 1998 бо ташабусси полковники хизмати дохилӣ Ғаюров С.Ш. дар факултети №3-и Академияи ВКД шуъбаи бехатарии сӯхтор ва кор дар ҳолатҳои фавқулода кушода шуд, ки то ҳоло ҳамчун факултети №5 фаъолияти босамар мебарад.
Омӯзиши тайёрии ибтидоии ҳайати қаторӣ ва миёнаи хурди роҳбарикунандаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ яке аз маъсалаҳои муҳими замони ҳозира ба шумор меравад. Зеро мавқеъ ва нуфузи ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилиро дар ҷомеъа маданият ва дараҷаи фаҳмишу интизоми намунавии вай муйян менамояд. Бо мақсади омӯзиш ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони милитсия зиёда аз 40-сол пеш Маркази таълимии ВКД таъсис дода шуда ва то ҳоло амал менамояд. Маркази таълимӣ яке аз ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба омӯзонидан ва сайқал додани маҳорати касбии кормандони ҳайати қаторӣ ва миёнаи хурди роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ машғул мебошад. Дар солҳои 60-уми асри ХХ роҳбарияти ВКД ба чунин қарор омад, ки барои баланд бардоштани маҳорати кабии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Маркази таълимиро таъсис диҳанд.Маркази таълимии нигоҳдории тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (бояд тазакур дод, ки ВКД он вақт чунин ном бурда мешуд) 19-май соли 1966 таҳти фармони№062 таъсис дода шуд. Аввалин сардори Маркази таълимӣ аз 1-июни соли 1966 майори милитсия Норматов Махмуд буд.
Сипас аз соли 1972 то соли 1977 Маркази таълимиро майори хизмати дохила Юрасов А.М. рохбарӣ намудааст. Дар солҳои минбаъда Маркази таълимиро шахсони зерин рохбарӣ намудаанд: аз моҳи марти соли 1977 то моҳи майи соли 1980 подполковники милитсия Шарипов М.Ш., аз моҳ майи соли 1980 то моҳи июни 1982 майори милитсия Норов Н.М., аз соли 1982 то1986 подполковники милитсия Тошкулов В.Н., аз соли 1986 то 1990 подполковники милитсия Билолов А.Б., аз соли 1990 полковники хизмати дохилӣ Ҳабибов А.Х., аз соли 1992 то соли 2001 полковники милитсия Хоҷаев А., ки дар солҳои ҷанги шахрванди Маркази таълимӣ давраи ниҳоят вазнинро аз сар гузаронид. Новобоста аз мушқилиҳои иқтисоди сиёсӣ ва молиявӣ дар вазъияти ноороми дохили кишвар, хайати шахсии маркази таълимӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошта бо сарбаландӣ баромада тавонистанд.22-августи 2001 сардори Маркази таълимӣ яке аз таҷрибадорони соҳаи мақомоти корҳои охила, ки худ дастпарварӣ маркази таълимӣ буда ва баъдтар маҳорати касбиашро дар Раёсати кадрҳо ва кор ба хайати шахсии ВКД сайқал дода, полковники милитсия Абдуллоев Мухаббат таъин гардид.
То соли 1993 дар Маркази таълими 3 иттиҳодияи методӣ ва аз соли 1993 то инҷониб ду иттиҳодияи методӣ «омодагии ҳарбию хизматӣ ва ҷиноӣ» ва « фанҳои гуманитарӣ» амал менамоянд. Ҳайати шахсии Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро аз рӯи муқаррароти намунавии оиди Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки бо фармони ВКД таҳти №286 аз 19.05.1992 инчунин Фармони №562 аз 10.08.2004 «Оиди тасдиқи қарор дар бораи омӯзиши тайёрии ибтидоиии ҳайати қаторӣ ва миёнаи хурди роҳбари кунандаи» мақомоти корҳои дохилӣ» ба роҳ мемонад. Самтҳои асосии фаъолияти ҳайати шахсии Маркази таълимӣ аз инҳо иборат аст:
- тайёр намудани кормандони касбӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ;
- андухтани таҷриба ба кормандони нав таъиншудаи МКД;
-пурзурнамудани корҳои тарбиявӣ.
Мушоҳидаи муқоисавӣ нишон доданд, ки дар тӯли соли 1992- 2001-4379 нафар ва солҳои 2002-2005 1728 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз курсҳои тайёрии ибтидоии ҳайати қатори ва миёнаи хурди роҳбарикунанда гузаштаанд. Дар айни замон мувофиқи барномаи нави таълимӣ, ки дар мувофиқа бо Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, раванди таълим ба муддати 3-моҳ ба роҳ монда шудааст.
Мақсади асосии таъсис ва ба фаъолият шурӯъ намудани шуъбаи адъюнктура ин тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ бо роҳи тақвият додани тайёрии назариявӣ ва тахассусии махсусан кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон, аз худ намудани усулу воситаҳои тадқиқоти илмӣ ва мустақилона дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмӣ, пеш аз ҳама вобаста ба бартараф намудани муаммоҳои фаъолияти ҳуқуқтадбиқнамоии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Дар давраҳои фаъолияти хеш Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бевосита дар самти корҳои илмӣ ба дастовардҳои назррас ноил гардида, бунёдгузори соҳаи мустақили илм ва фанни таълимии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар кишвар мебошад. Муаллифи маҷмӯи китоби дарсии “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”, беш аз 200 мақола, барнома ва дастуру воситаҳои таълимӣ дар самти мазкур мебошад, ки дар давлатҳои ИДМ низ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтанд.
Шахсиятҳои маъруфи зерин аз ҳисоби хатмкардагони Академия айни замон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кору фаъолият намуда истодаанд ва соҳиби рутбаҳои олии афсарии генералӣ мебошанд: Саидов Мурод Файзович, Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, Навҷувонов Абдулло Шамбиевич, Саидзода Маҳмадсаид Борон, Рамазонзода Суҳроб Кароматулло, Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, Машрабзода Ҷамшед Хол, Назарзода Шариф Раҳмон, Маҳмадалиев Раҷабалӣ Солеҳович, Каримзода Зайниддин Маҳмадалӣ, Орипов Нурулло Маъруфхонович, Насимзода Акбар Ғиёс, Искандарзода Маҳмадшо Амиршо, Ҳикматулло Зикрулло, Салим Шерали Фозил, Шоҳиён Рустам Мирзохоҷа, Маҳмадзода Хуршед Изатулло, Қунғуротзода Фотеҳ, Раҳмонзода Лолахон Футур, Маҳмадшозода Шералӣ Аъзам, Назарзода Қудратулло Бобо, Шарифзода Рустам Исмоил, Нурзода Тоҳир Сироҷиддин, Гулмаҳмадзода Ҷамшед Гулмаҳмад, Рауфзода Суҳроб Орзу.
Дар зарфи солҳои 1991-2021 Академияи Вазорати корҳои дохилиро беш аз 12 ҳазор нафар хатм намудаанд, ки аз онҳо 300 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардидаанд. Дар баробари ин ба беш аз 150 нафар хатмкардагони шакли таҳсили рӯзона рутбаҳои аввалини махсуси “Лейтенанти калон” ва дипломи аъло дода шудааст.
Дар робита бо амалӣ намудани самти фаъолияти илмӣ тибқи Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми ноябри соли 2014 таҳти №0158 бо замима, дар Академияи ВКД шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ таъсис дода шуда, воҳидҳои штатӣ ҷудо карда шуданд.Барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти дурусти шуъбаи адъюнктура аз ҷониби Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии идоравии дахлдор, ки фаъолияти ин сохторро ба танзим медароранд, қабул ва тасдиқ карда шуданд. Чуноне, ки соли 2016 барои боз ҳам дар сатҳи функсионалӣ таъмин намудани фаъолияти дурусти шуъбаи адъюнктура ва раванди тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ аз ҷониби сардори шуъбаи адъюнктура, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Юсуфзода А.Ҳ. “Низомнома дар бораи аттестатсияи адъюнктон ва унвонҷӯёни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода карда буд.Баъдан ба шуъба номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. роҳбарӣ намуд.Ҳоло бошад ба шуъба номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Самиев Н.М. роҳбарӣ намуда, тибқи дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия ШарифзодаФ.Р., ки дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27-уми сентябри соли 2018 дар самти тақвият додани раванди таълим ва илм дар шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ироа гардида буд, фаъолияти шуъбаи адъюнктура бознигарӣ ва мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Аз ҷониби масъулин камбудиҳои муайяншуда бартараф карда шуданд ва он ноқисиҳое, ки бевосита танзими ҳуқуқиро талаб менамоянд тавассути таҳия ва коркарди тағйиру иловаҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Оид ба ин самтҳо дар якчанд ҷаласаҳои шуъбаи адъюнктура масъалагузорӣ карда шуда буд ва шахсони масъул муваззаф гардида буданд. Умуман, сабаби дигари омода намудани тағйиру иловаҳо ин ба як қатор муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҷавобгӯ набудан ва куҳна шудани миқдори муайяни муқаррароти “Низомномаҳои шуъбаи адъюнктура” буд ва ҳамзамон, дар ин самт ба қонунгузори соҳавӣ низ як қатор тағйирот ворид карда шуда буданд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии раванди омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ бояд ба он ҷавобгӯ бошанд.
Бояд қайд намуд,ки бафаъолият шурӯъ намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ва ба тавсиб расидани миқдори зиёди қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти болозикр, таъсири худро низ гузошта истодааст.
Махсусан бояд зикр намуд, ки бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ, техникӣ ва нуқсонҳо Низомномаҳои шуъбаи адъюнктура мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд, ки аз натиҷаи он тасмим гирифта шуд, ки ба якчанд Низомномаҳои дахлдор тағйироти назаррас ворид карда шуданд, ба монанди “Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Низомномаи ташкил ва гузаронидани аттестатсияи адъюнктон ва унвонҷӯёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Низомнома оид ба ташкил ва баамалбарории роҳбарии (мушовирии) илмии тайёр намудани тадқиқоти диссертатсионии номзадӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Низомномаи дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабул ба шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Низомномаи интихоб ва қоидаҳои тасдиқи мавзӯъҳои тадқиқоти диссертатсионӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Низомномаи шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Ҳамчунин, дар ҷода “Қоидаҳои гузаронидани озмуни дохилшавӣ ба адъюнктураҳои муассисаҳои таълимии ВКД Федератсияи Россия” ва “Уҳдадориҳои вазифавии кормандони шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери таҳрири нав қарор дода шуданд.
Шуъбаи адъюнктура дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2008 №308 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2019 таҳти №271 б/з, Низомномаи шуъбаи адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2019, Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2019, Низомнома дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабул ба адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2019 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму маориф ва мақомоти корҳои дохилӣ таҳиягардида, фаъолият менамояд.
Вазифаҳои асосии шуъбаи адъюнктура аз инҳо иборат мебошад:
 амалигардонии барномаҳои давлатии тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
 ташкили фаъолияти илмӣ-тадқиқотии адъюнктон ва унвонҷӯён вобаста ба ихтисоси илмии дахлдор;
 омӯзиш ва натиҷагирии таҷрибаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар дигар муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо, ва дар асоси онҳо коркарди пешниҳодҳои афзалиятнок вобаста ба мукаммалгардонии самтҳои асосии фаъолияти шуъба ва дурнамои инкишофи он;
 ташкили шароити мусоид барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмӣ ва илмӣ-педагогии адъюнктон ва унвонҷӯён;
 таъмини ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти илмӣ-эҷодии адъюнктон ва унвонҷӯён бо дигар муассисаҳои олии таълимии давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хориҷӣ.
Ҳоло дар шуъбаи адъюнктура кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои илмии зерин омода карда мешаванд:
 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ;
 12.00.02 – ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ; ҳуқуқи мунитсипалӣ;
 12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ;
 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
 12.00.09 – мурофиаи ҷиноятӣ;
 12.00.11 – фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ;
 12.00.12 – криминалистика; фаъолияти судӣ - экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ.
Шуъбаи адъюнктура пайваста бо дигар шуъбаҳои аспирантураи муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд. Аз он ҷумла ҳамкорӣ дар самтҳои дахлдори шуъба бо Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон, Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш. Москва ва ғайра.
Ҳоло, тибқи муқаррароти фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2018 таҳти №2736 бо мақсади гузариш ба низоми байналмилалии таҳсилот шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ-доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) табдил гардидан, ҳуҷҷатҳои дахлдорро вобаста ба ин самт мавриди омӯзиш қарор додааст.
Албатта ҳамаи ин комёбиҳои назаррас бо ибтикороти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста амалӣ гашта истодаанд, ки дар қиёс ба замони Шуравӣ афзалият ва бартариро дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ доро мебошанд.


Асламов Б.С.-ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, полковники милитсия
Самиев Н.М.-сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э.-дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД, полковники милитсия


Адабиёт

1. Мактаби олӣ (қисми дуввум). Санадҳои меъёрии ҳуқуқи соҳаи таҳсилоти олии касбӣ. Душанбе, 2009.
2. Ахбори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (санадҳои ҳуқуқуию меъёри мактабҳои миёна ва олии касбӣ). Душанбе, 2003.
3. Розикзода Ф.Ш. История формированияи деятельности милиции в Таджикистане. Часть-2. Душанбе, 2004.
4. Ғаюров С.Ш. История огния и огнеборцев в Таджикистане. Душанбе, 2007.
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 18-марти соли 2015,№1197.
6. Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2008 №308 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
7. Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-ноябр соли 2006 №484 тасдиқ шудааст).
8. Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02-ноябри соли 2007 №529 тасдиқ шудааст)..
9. Низомномаи мутахассис (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-декабри соли 2007 №650 тасдиқ шудааст).
10. Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ( бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-майи соли 2002 №200 тасдиқ шудааст).
11. Низомномаи намунавии муассисаҳои маълумоти олии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-феврали соли 1996 №71 тасдиқ карда шудааст).
12. Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2008 №308 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
13. Оинномаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2019 таҳти №271 б/з.
14. Низомномаи шуъбаи адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2019.
15. Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2019.
16. Низомнома дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабул ба адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2019.

Пайдоиш, ташаккул ва ҳуввияти ҳар як халқу миллатро дар марҳилаҳои гуногуни таърих саргузашту сарнавишти он муайян месозад.
Халқи қадимаи тоҷик, ки тӯли таърих басо ҷафоҳо кашидааст, бурду бохтҳои худро аз давраи пайдоиш то кунун маҳз дар тарозуи таърих муайян мекунад. Ин амри табиист. Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем.
Оре, ба таърихи миллати худ чун ба оинаи поку муқаддас назар бояд кард. Оинан, ки акси халқро танҳо бо ҳама шукӯҳу ҷамол ё айбу нуқсон нишон медиҳад. Яъне таърих дӯсти ҳақиқатгӯст ва саҳифаҳои пурифтихор ва пуринҳирофи онро бо таҳҳамул бояд омӯхт. Ва ба хусус дар ин марҳилаи хеле ҳасоси сарнавиштсози таърихӣ, ки тақдири давлату истиқлолро нисбати миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон гардонидааст, лозим аст, ки мо ба оинаи таърихамон аз ҳар ҷиҳат амиқ назар афканем. Ин барои худшиносии ҷомеа дар ин айёми мураккаб, пурмоҷаро ва ихтилофи назарҳо хеле зарур аст. Танҳо оинаи таърих, басо нозуку комил омӯхтани даврони гуногуни давлатдории аҷдодон чашми худшиносии моро мекушояд ва пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...