Чорабиниҳои ВКД бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Рӯзи 21 марти соли равон дар саҳни бинои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо бахшида ба Наврӯзи соли 2022 баргузор гардид.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва муовинонаш, меҳмонони ташрифовардаро самимона пазироӣ намуданд.
Баъди тамошои маросими идона, ки ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён пешниҳод гашта буд, муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим ба бонувону, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмонон рӯй оварда қайд кард: «Шуморо ба фарорасии фасли баҳор, оғози мавсими кишту ко р ва эҳёи табиат, Иди хуҷаставу фархунда, Наврӯзи байналмилалӣ аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо хушбахтию хушрӯзӣ, нишоту хуррамӣ ва файзу баракати рӯзгорро таманно менамоям.
Ҷамъ омадан дар ин мавзеи зебоманзар ва бинои бошукӯҳ аз шарофати Наврӯзи Аҷам ва қадами мубораки баҳори хуррам ба ин мулки биҳиштосо буда, яке аз суннатҳои ин ҷашни аҷдодӣ-ваҳдату ягонагӣ, муттаҳидӣ ва ҳамдилӣ, имрӯз мову Шуморо гирди ҳам овардааст.
Бояд таъкид намоям, ки Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориётабор ба шумор рафта, таърихи чандҳазорсола дорад. Маҳз бо талошу кӯшиш ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳрастҳои осори фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил карда шуд ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмааи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21-уми мартро «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълом кард. Бо қарори СММ ҳар сол Иди Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ дар як қатор кишварҳои дунё бо тантана таҷлил мегардад.
Ин иқдоми нек ва муҳим на фақат дар рушди тамаддуни муосир созгор аст, балки шаҳодати он мебошад, ки имрӯз мардуми дигар қавму миллат ва нажоду халқиятҳо ба арзишҳои олии маънавию ахлоқии фарҳанги наврӯзии мо арҷгузорӣ мекунанд.
Ин ташаббус ва амали шоиста шаҳодати қадршиносӣ ва пос доштани беҳтарин анъана ва суннатҳои мардумӣ ба ҳисоб рафта, бо шарофати дастгирӣ ва ғамхории Сарвари давлат Наврӯзи байналмилалӣ сол аз сол пуршукӯҳу зебо ва шаҳомати хосаро ба худ касб мекунад.
Имрӯз Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Покистон ва Аврупову Амрико эътибори хоса пайдо кардааст.
Наврӯз ба хусусиятҳои некию накукорӣ, саховатмандию хайрхоҳӣ, ободкорию созандагӣ ва ваҳдату ягонагӣ риштаҳои дӯстиро мустаҳкам ва ҳамкориҳои моро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт боз ҳам таҳким мебахшад.
Пешвои миллат дар масъалаи мартабаи баланди ҷашни Наврӯз чунин баён кардаанд: «Вақте ба таърихи пайдоиш ва такомули Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки ин оини кӯҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдориҳои ниёгони мо мақому манзалати басо арзанда доштааст».
Ҳамасола Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи суннату маросимҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои гиромӣ доштан ва равнақи тоза бахшидан ба он, кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд.
Ба истифода додани Наврӯзгоҳи бошукӯҳу замонавӣ, ки ҳамасола дар он ҷашну маросимҳо ботантана таҷлил мегарданд, тӯҳфаи арзандае барои меҳмонон ва сокинони пойтахт ба ҳисоб меравад.
Талошу кӯшишҳои Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самараи нек дода, бо шарофати ҷашну маросимҳои мардуми кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо, ваҳдату ягонагӣ пойдор ва зиндагии сокинони мамлакат сол аз сол беҳтар мегардад.
Воқеан, боиси зикр аст, ки Наврӯз аз ҷумлаи идҳои милливу куҳантарини халқи тоҷик ба шумор рафта, он аз гузашта то ба имрӯз дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва инсонгариву башардӯстӣ ба мардуми кишвари мо рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Наврӯз ҷашнест, ки ба табиат ва мавҷудоти он ҷон ато намуда, замину замонро сабзу хуррам ва зебо мегардонад. Боварӣ дорам дар замири кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ ҳисси баланди ифтихор аз давлату давлатдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба савганди хеш дучанд гардида, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими суботу оромӣ сарбаландона меҳнат менамоянд.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, бахту саодат, файзу баракати наврӯзӣ ва сарсабзиву комёбиҳо орзумандам. Наврӯзатон муборак бошад!
Дар охир фармоиши Вазири корҳои дохилӣ оид ба қадрдонӣ қироат карда шуд. Бо ин фармоиш 30 нафар собиқадорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ бошад аввал курсантону омӯзгорони Академия зери роҳбарии капитани милитсия Лақаев Сайфидин, баъзе суннатҳои наврӯзиро ба ҳозирин ба намоиш гузоштанд. Сипас, ҳофизону сарояндагони ҷумҳурӣ Фахриддини Малик, Шаҳло Ҳафизова, Фаридуншоҳи Иброҳимзода, Сайфидин Сайфулло, Абдулхайр Муминов ва Акрамов Иршод ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабинӣ сурудҳои беҳтарини хешро пешкаши бинандагон гардонида ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.