Баъзе аз масъалаҳои таъмини қонуният ва мубориза бо терроризм дар давлат ва минтақа дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21-уми декабри соли 2021 дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба ба тамоми мардуми Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳими сол ва барномаю дурнамоҳои солҳои минбаъда ҳамчун самтҳои асосии фаъолияти дохилӣ ва хориҷии давлат, муроҷиат ва суханронӣ намудаанд.
Мӯҳтавои Паём аз лиҳози вазмун ва сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, корҳои хориҷӣ ва дар умум тамоми самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар бар мегирифт.
Дар натиҷаи боздид ва назари ҷузъӣ ба Паём пай бурдан мумкин аст, ки диққати асосӣ ва ҷиддии Сарвари давлат оид ба масъалаи таъмини қонуният, ҳифзи тартибот, мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, аз ҷумла терроризм низ равона мегардад ва пешниҳоду ташаббусҳое, ки дар ин масъала ироа гардиданд давоми мантиқии сиёсати давлат аз тарафдории сулҳу субот дар минтақа шаҳодат медиҳанд.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд, ки шарти асосии танзими муносибатҳои навэҳё ва дар умум таъмини қонуният, ин мавҷудияти қонунҳои баландсифат ва такмили механизми иҷрои талаботи онҳо ба шумор меравад.
Заминаи муҳими таъмини пешрафти муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеа мутобиқ гардонидани талаботи меъёриву ҳуқуқии қонунҳо ба сатҳи рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дар марҳилаи имрӯза ва меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ дониста мешавад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: “Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва такмили механизми иҷрои онҳо, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд”.
Ҳамзамон роҳбари давлат дар баробари таҳияву қабули қонунҳо ба масъалаи риоя ва иҷрои қатъии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид сохтанд, ки «Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991-1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем». Набояд фаромӯш сохт, ки риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад. Дар амри таъмини волоияти қонун дар баробари фаъол сохтани чораҳои назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба вазифаҳои муҳим ва рӯзмараи фаъолияти мақомоти давлатӣ табдил ёфтанаш, таъкид гардид.
Падидаи номатлубе, ки имрӯз боиси ташвиши мақомоти давлатӣ ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон гардида, дар Паёми имсола ба он таваҷҷуҳ гардида аст, масъалаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Хатари ин падида аз он иборат аст, ки дар баробари боло бурдани сатҳи ҷинояткории умумӣ, вай сарчашмаи асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад. Дар робита ба ин пурзӯр намудани мубориза бо ин шакли ҷинояткории хатарнок дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар вазифаи тақвият бахшидани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор сохтани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир меистад.
Дар шароити имрӯзаи шиддат гирифтани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, ки бо ноором гардидани вазъи низомӣ-сиёсӣ дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон робитаи мустақим дорад, дар назди мақомоти қудратии давлат вазифаи таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз пештара дида ҷиддитар меистад. Дар чунин вазъи мураккаби минтақа Сарвари давлати Тоҷикистон дар назди Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифа гузоштанд, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Дар Паём таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа аст. Бар таъкид бар ин асолати таърихии кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон, Тоҷикистон бо хатарҳои амниятӣ рӯ ба рӯ аст, ки зарурати вусъат бахшидани мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмиро тақозо менамоянд. Дар шароити авҷ гирифтани раванди бесуботӣ дар Афғонистони ҳамсоя Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар аҳаммияти хос медиҳад.
Мо ҳамарӯза шоҳиди он мегардем, ки пас аз 15 августи соли ҷорӣ, пас аз дубора ба қудрат расидани гурӯҳи тундрави Толибон дар кишвари ҳамсояи мо вазъият ҳамоно печида ва мураккаб боқӣ монда, ҳукумати имрӯзаи Афғонистон сиёсати тавсеаталабона, нодида гирифтани манфиатҳои миллату халқиятҳои ғайрипаштун, аз ҷумла тоҷиконро идома дода, бо кутоҳандешии сиёсии худ аҳволи миллионҳо шаҳрвандони одии кишварро ба мушкилиҳои ҷиддӣ, бахусус таҳдиди гуруснагӣ мувоҷеҳ сохтааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз сарнавишти фоҷиабори мардуми Тоҷикистон, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, бинобар дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ ба ҷанги таҳмилшудаи шаҳрвандӣ дучор омада, талафоти бузурги моддӣ ва маънавӣ, махсусан ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардида буд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Бо дарназар гирифтани таҷрибаи талхи таърихӣ дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта, Сардори давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба масъалаҳои дохилии Афғонистон ҳеҷ гоҳ дахолат нахоҳад намуд ва дар муносибати худ бо ҳамсояи худ ягон ҳадафи ғаразнок надорад. Тоҷикистон ҷонибдори барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар Афғонистон буда, онро заминаи барпо гардидани фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда медонад.
Дар робита бо ҳалли қазияи Афғонистон Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани чанд чораи муҳимми сиёсӣ ва дипломатиро зарур мешуморад:
таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва иборат аз намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад;
мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд;
сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва райи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад;
бо мақсади бартараф намудани таъсири буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон кумакҳои башарии мақсаднок расонад;
Ҳукумати Тоҷикистон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ менамояд.
Дар Паёми худ Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки вазъияти Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Зеро тамоми мушкилоте, ки дар минтақаи марзӣ байни ду кишвар ба вуҷуд меояд, аз ҷумла қочоқи рӯз ба рӯз афзояндаи маводи мухаддир мустақиман ва қабл аз ҳама, ба дӯши Тоҷикистон қарор мегирад. Маҳз барои ҳамин, Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошад.
Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки тамоми шаҳрвандон ва афроди ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри таъмини волоияти қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муқовимат бар зидди бархурди манфиатҳои байнидавлатию байналмиллалӣ, пешгирии ҷинояткории трансмиллӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Сарвари давлат иҷрои нишондодҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем. Зеро ба бовар метавон гуфт, ки татбиқи босамари ин барномаи ояндасоз дар иртибот ба рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия
Нуриддинзода С.Н.
Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия
Ғафурзода Д.А.