Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инъикоси Наврӯзи оламафрӯз дар сарчашмаҳои таърихӣ

изображение 2022-03-16 124402Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имруз бо расму ойин, арзишхои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардуми тоҷик буда, умри дарози беш аз панҷхазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «Рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рузест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар хамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.
Аз таърихи ҷашни Наврӯз рочеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куханбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо маколаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотхои мустаким ва пураҳамиятро дар «Шохнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезй ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифок Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд.
Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» рочеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз 1 шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-у иқтидо карданд».
Дар дарбори подшоҳони Сосонӣ Наврӯз хеле бошукӯх ва бодабдаба тачлил мегашт. Намояндагони 23 кишвар (тобеъони Эрон ва кишварҳое, ки бо Эрон робита доштанд) ба ҳузури шох мерасиданд ва аз тарафи кишвари худ ҳадяҳо тақдим мекарданд. Аз ин туҳфаҳо бахши бузурге ба хазинаи кишвар ворид мешуд. Кисравӣ дар китоби «Ал-махосин вал аздод», дар бораи такдими ҳадяҳо ва навъи чунин навиштааст: «Аз Ҳинд фил, шамшер, мушку васоили кишоварзӣ, аз Тибету Чин мушку анбар, абрешим ва ранг, аз савоҳили руди Синд товус ва тутӣ, аз дарбори Рум фаршу порчаҳои алвон, эҳтиёҷи саворкороии эронӣ, аз кишварҳои хамҷавор ва Миср аспхои зебо ва тезрав, гусфанд, шутур, оҳӯ ва зарофа». Такдим ва навъи ин ҳадяҳо дар накши Тахти Ҷамшед ба хубӣ нишон дода шудааст. Марселиюс бозаргони румӣ, ки дар даврони Сосониён ба Эрон сафар карда, худ шоҳиди ҷашни Наврӯз будааст, дар сафарномаи худ менависад: «Дар аввалин рӯзи ҷашни Наврӯз духтарону занони пойтахт бо либосҳои абрешими обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдухта дар саҳни шоҳ чамъ шуда ба пойкубӣ ва рақс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанатии кохи Нигористони Кисри Анушервон, ки шаш хазор метр масоҳат дошт, фарши заминай сафеди як китъаи музайян ба ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шуда буд. Ин фарш манзараи баҳору табиатро менамояд. Дарахтони ин фаршро бо зумурад ва шукуфаи дарахтон бо забарчад ва ақиқи сафед ва сурате ёкути сурх, муҷассамаи шутуре аз нуқраи хом ва аспе аз тиллои ноб бо зин ва барги чавоҳир нишон бар зинати толори шоҳаншохӣ афзудааст. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукуҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд.
Шоирони забардасте чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқӣ оид ба ҷашни Наврӯз бо меҳру муҳаббат сухан гуфтаанд ва тасвири зебои баҳорро ба қалам додаанд. Дар тӯли садсолаҳо Наврӯз ва ойину маросимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатхои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст ва мардуми тоҷику халқҳои дигари эронӣ дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.
Ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз инҳоянд, ки аксари онҳо то ба имрӯз роиҷанд.
Гулгардонӣ. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои анъанаи гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як ду ҳафта қабл аз Наврӯз гуруҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои бахорӣ: бойчечак, сиёҳгуш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачахо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.
Ҷуфтбаророн. То солҳои 1950-ум дар ноҳияҳои минтақаи Суғд, Хатлон, водии Ҳисор ва баъзе вилоятҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон деҳқонон то фарорасии ҷашни Наврӯз маросими ҷуфтбаророн барпо мекарданд. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта мехурданд ва аз «Куръон»- и шариф сураҳо тиловат мекарданд ва ба ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуою фотиҳа мехонданд. Сипас онҳо ба сари замин рафта ба шохҳои барзаговхо равғани зағир мемолиданд ва ба сару бадани говҳо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии хосилро ифода мекард. Рӯзи аввал каме шудгор мекарданду яке аз муйсафедони калонсоятарини деҳа ба тариқи рамзӣ ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошид. Он рӯз бармегаштанду кори асосӣ аз рӯзи дуюм оғоз мешуд.
Хонабуророн. Мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпачаҳою пардаҳоро мешуянд ва хушбуй мезананд. Тамоми палосу курпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метаккониданд. Девори хонаҳоро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иқболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирӣ, ҳамон солро бо хушу хурсандӣ мегузаронӣ.
Чаҳоршанбесурӣ. Маросими Чаҳоршанбеи охирон, ки онро Чоршанбеи сурук низ меноманд, дар чоршанбеи охирони сол (мувофиқи тақвими хуршедӣ) гузаронида мешавад. Дар чорраҳае алав афрухта хурду калон аз болояш меҷаҳиданд ва ба оташ муроҷиат карда мегуфтанд: ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман. Бо иҷрои ин амал онҳо бовар доштанд, ки дар соли нави оянда онҳо тандуруст хоҳанд буд.
Маросимн обрезон. Аз давраҳои хеле қадим дар байни мардумони ориёй ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав Наврӯз мардум шустушуй намуда, худро поку озода мекарданд.
Суманакпазӣ. Суманак навъе аз хуриши Наврӯзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин буд. Гандумро 3 рӯз дар оби ҷуй ё оби борон тар карда мемонданд. Баъде, ки гандум неш мебаровард, онро гирифта дар табақе ҳамвор мегузоштанд ва руяшро бо докаи тоза мепушонданд. Рӯзе, ки борон меборид ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, касе бегона ба он чо надарояд, мегузоштанд. Вакте ки гандум сабз шуд, бояд ҳеч кас онро набинад, зеро ки «пай» меафтад.
Оштикунонӣ. Ойини дигаре, ки аз замонхои хеле кадим анъана шуда омадааст, оштикунонии қаҳриҳо мебошад. Дар оғози соли нав набояд касе бо касе қаҳрию ногап бошад. Маъмулан одамони калонсол дар байн даромада, шахсони ба ҳам каҳриро оштӣ мекунонданд.
Бозиҳои варзишӣ. Як бахши чашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиханд. Дар айёми Наврӯз мусобиқоти паҳлавонон дар намудҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ, бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон), аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини Наврӯзӣ ин гуштингирӣ аст, ки хеле паҳн шудааст.
Ҳамин тариқ, Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад. Наврӯзгоҳ ҷойи вохурӣ ва муносибати мардум, ҷое, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.
Султонзода В.И., Асламов Б.С. -омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...