Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст

суманакТамоми дашт дорад бӯи Наврӯз
Чи зебо ҳасту барно рӯи Наврӯз
Гулу булбул ғазалхону табиат
Ҳаменӯшад фараҳ аз ҷӯи Навруз.
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва маъруфтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Маънои калимаи “Наврӯз” ин оғози рӯзи нав мебошад. Аммо ниёгонамон ин рӯзро оғози соли нав медонистанд ва солшумориро аз ҳамин рӯз оғоз мекарданд. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори Аҷам, зиндашавии табиат, оғози кишту кор, айёми баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳор аст. Ба ақидаи ситорашиносон Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид шуда ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид мешавад соли нав фаро мерасад.
18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қарорномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.
Эй дӯст муждагонӣ Наврӯз шуд, ҷаҳонӣ,
Эй ҳамдиёри ҷонӣ Наврӯз шуд ҷаҳонӣ.
Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин аст. Дар ин айём табиат пас аз сардиҳои зимистон аз нав эҳё шуда ба тан либоси сабзро бабар менамояд, дар кӯҳу теппаҳо гулҳои баҳори ба монанди қоқу, бойчечак, лола ва сияҳгуш мерӯянд, ки муждае аз фасли баҳор мебошанд. Деҳқонон ба кишту кор машғул шуда бо ҳазор орзуву умед ба замин донаи гандум мепошанд то ин, ки соли нав соли пурфайзу баракат шавад. Яке аз анъанаҳои иди Наврӯз ин аст, ки дар ин рӯз занону банувон хонаҳои худро рубучин менамоянд, дастархони идона ороста ба пухтани хӯрокҳои миллӣ машғул мешаванд. Кӯдакону наврасон либосҳои идона ба бар намуда дар дасташон гули сияҳгушро гирифта ба ҳар як хона даромада Наврӯз омад гӯён садо мебароран ва соҳибхона бошад гулро аз дасти кӯдакон гирифта ба рӯяш мемолад ва мегӯяд “Эй Худованди замину осмон то ба Наврӯзи дигар моро расон” баъдан ба кудакон ширини медиҳад. Иди Наврӯз дар минтақаҳои ҷумҳури бо тарзи гуногун ҷашн гирифта мешавад, чунки ҳар як ноҳияву вилоят расму оини худро дорад.
Суманакпазӣ низ яке аз маросимҳои ҷашни Наврӯзӣ мебошад. Суманак навъе аз хуриши Наврӯзи аст, ки онро аз сабзаи гандум омода мекунанд. Худи сабза бошад, рамзи эҳёи табиат ва осоиштагии ҳаёт мебошад. Тарзи омода намудани сабза ва пухтани суманак чунин аст. Занону бонувони тоҷик саравал гандумро 3-рӯз дар оби ҷӯй ё борон тар карда мемонанд, баъдан вақте ки гандум неш мебарорад, онро гирифта дар табақ ҳамвор мегузоранд ва рӯяшро бо докаи тоза мепушонанд. Рӯзе, ки борон меборид ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро меполиданд ва боз бурда ба хонае, ки онҷо ягон каси бегона намедаромад мегузоштанд. Вақте ки гандум сабз мешавад, бояд онро ҳеҷ кас набинад, чунки пай меафтад. Пас аз омода шудани сабза, пиразане онро бо корд майда карда, аввал “Бисмиллоҳи раҳмони раҳим” гӯён онро ба хован меандозад. Сипас хонумҳои дигар онро куфта, об зада шираашро мегиранд. Баъдан дегу тадегиро гирифта оташ меафрухтанд ва дар дохили он об рехта каме равған изофа менамуданд. Билохир шираи сабзаи гандумро бо орд махлут намуда, ба дег меандохтанд ва дегро бо кафлес мекофтанд. Бонувони дигар низ бо навбат дегро мекофтанд. Ҳангоми кофтани дег суруди “Суманак дар ҷуш мо кафча занем”-ро месуруданд. Субҳ вақте ки суманак тайёр мешуд ҳамаи мардумро даъват карда якҷоя хурсандӣ мекарданд.
Шоирони ширинкалом, нависандагони барҷаста, донишмандону мутаффакирони барҷаста ҷашни Наврӯзро дар китобу достонҳо, асарҳову рисолаҳои маъруфи худ ҳар яке бо сабки хоссаи хеш васф намудаанд. Аз забони устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфтаниям:
Омад баҳори хуррам, бо рангу бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи ин дастовардҳо маҳз бо талошу заҳматҳои сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо дар чунин як давлати ободу зебо, ором, тараққикарда, биҳиште дар рӯи замин гӯем ҳам хато намекум, зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем ва ҳамасола ин ҷашнро дар ҷумҳурӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.
Наврӯз, ки бар замин бувад ҳуснфизо,
Рафтанд чи асрҳову урост бақо.
Хоҳӣ ту агар бақои умрат бошад,
Бар рӯи замин ба мисли Наврӯз биё!
Қурбонова А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...