Нақши зан-модар дар эъмори ҷомеаи демократӣ- ҳуқуқбунёд
Мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷавҳари Конститутсияи давлати ҳуқуқбунёди моро ташкил медиҳад.
Таъмини рушди ҳаматарафаи занонро дар ҳама соҳаҳои давлатӣ бошад Конститутсия кафолат дода, ҳуқуқ ва озодиҳои занонро баробари ҳуқуқу озодиҳои мардон медонад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон меъёре вуҷуд надорад, ки ҳуқуқу озодиҳои занонро бе восита ва ё ба восита маҳдуд намояд. Дар робита ба ин бояд қайд намуд, ки ҳануз дар замони гузашта дар ҳадисе, ки аз Абӯҳурайра ривоят кардаанд, омадааст: «Шахсе назди Паёмбари Худо (с) омаду гуфт: Ё Расулаллоҳ! Сазовортарин шахс, ки барояш эҳсон кунем, кист? Фармуданд: «Модари ту». Гуфт: «Баъд аз он кист? Фармуданд: «Баъд аз он ҳам модари ту». Гуфт: Баъд аз он кист? Фармуданд: «Баъд аз он ҳам модари ту». Гуфт: Баъд аз он кист? Фармуданд: Баъд аз он падари ту».Ғайр аз ин, дар ҳадисе, ки Тирмизӣ Ибни Ҳиббон аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд, омадааст, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд: «Мӯъминтарин мусулмон бо ахлоқтарини онҳост ва беҳтарини шумо касе аст, ки бо ҳамсараш некӯӣ дошта бошад». Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки Худованд як сураи қуръонии худро ба номи занҳо фиристод, яъне сураи «Нисо», ки ин ҳам як марҳамати Худованд аст барои занон. Дар ояти 19 ин сураи номбурда қайд шудааст, ки «бо занон ба ваҷхи писандида зиндагонӣ кунед».
Аз мазмуни ҳадисҳо ва ояти Қуръони карим бармеояд, ки дар дини мубини Ислом аз ҷумла дар таълимоти Имоми Аъзам зан-модар ҳамчун шахси муқаддастарин ва нотакрор барои ҳар як исон мебошад. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии ба муносибати Рӯзи модар қайд менамоянд, ки «Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳрафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд».
Бо дарки муҳим будани нақши зан дар оила ва ҷомеа Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани вазъи ҳуқуқи занон чораҳои назаррас дар сатҳи қонунгузорӣ ва амалия дида истодааст.
Хушбахтона пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолиаш Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши зан дар ҷомеа диққати махсус дод ва кӯшиш намуд, ки зан дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштирок намояд ва саҳме гузошта бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар худ масъалаҳоро доир ба вазъи ҳуқуқии занҳо, иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мустаҳкам намудааст. Яке аз масъалаҳои муҳим «Баробарҳуқуқии зану мард», ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд» дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Мақсад дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як духтар ё зан ҳуқуқ дорад ба мисли мардон мактаб хонанд, илм омӯзанд ва дар дилхоҳ соҳа кор ва фаъолият кунанд. Инчунин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон медорад, ки «Давлат оиларо хамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладори ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳи манъ аст».
Бисёрзаниро Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ манъ кардааст. Зеро дар натиҷаи аксарияти он заноне, ки зани дуюм мешаванд, аз имконияти иштирок дар оқибатҳои ҳуқуқӣ маҳрум мегарданд. Дар мавриди бекор кардани ақди никоҳ зан аз талаб кардани тақсимоти молу мулк маҳрум мегардад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон дар бораи қадру қиммати занон, соҳиби маълумот гаштани онҳо ва инчунин иштирокашон дар идораи давлат таҳкид менамоянд. Баъзан дар оилаҳо оиди масъалаи хондани духтарон, соҳибкасб шудани онҳо, аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва аз барвақти духтаронро ба шавҳар медиҳанд. Дар натиҷаи аз уҳдаи зиндаги набаромадан ва саводи кофи надоштан оиди оиладори нофаҳмиҳо ба пошхурии оила оварда мерасонад. Ҳуқуқҳои занҳо бисёртар дар он оилаҳое поймол карда мешавад, ки худи калонтаронаш соҳибмаърифат нестанд. Шуури ин гуна шахсон танҳо як чизро дар худ мустаҳкам кардааст, ба мисоли, вазифаи зан дар хона нишастан ва кӯдаконро нигоҳубин кардан мебошад. Бале вазифаи ҳар як зан ин ҳурмату эҳтироми шавҳар, якдигарфаҳми дар оила ва тарбияи наслаш мебошад, аммо дар кадом асос хонданро маҳдуд мекунанд. Дар сурате, ки зан нохонда бошад аз куҷо тарзи дурусти тарбияи фарзанд ва риояи қонунҳои оиладориро метавонад донист. Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар мо дар китобхон, боиффат, бамаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.
Мусаллам аст, ки ҳар як зан-модар дар оила ва ҷамъият нақши калидиро мебозад. Ҳамаи инро дар назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву стратегияҳоро доир ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул намуд, ки тавонад оилаҳоро водор намояд то ки барои соҳибимаълумот шудани духтарон саҳм гузоранд. Масалан, соли 1996 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин муассисаи асосие мебошад, ки ба пешбурди сиёсати гендерӣ масъул аст. Кумита ба фаъолияти гуногунҷанба, аз таҳқиқи масъалаи занон то шунидани арзу шикояти шаҳрвандон, тарғиби фаъолияти занон дар васоити ахбори омма, танзими кори ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ доир ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва ғайра машғул аст, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3 - юми декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 8 – уми августи соли 2001 «Дар бораи Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 - 2010», «Стратегияи милли фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобоҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022». Амали гардидани ин барномаҳо бевосита аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занҳо ҳамчун як узви ҷомеа озодии куллиро бахшидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи васеъи ҳуқуқу озодиҳои занон ва кафолати ҳифзи онҳоро таъмин менамояд, ки ба талаботи стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошад. Меъёрҳои Конститутсия фундаменти дигар санадҳои ҳуқуқӣ мебошад ва мустақиман амал мекунанд. Бо мақсади он, ки меъёрҳои Конститусия шахшуда набошад ва дар амал тадбиқ гардад, дигар санадҳои меъёри – ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки давомдиҳандаи ҳамин меъёрҳо мебошанд. Мисол, оид ба меҳнати занон, дар асоси сархати 4 моддаи 35 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъаст». Мазмуни мантиқии ин модда дар Тафсир ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Мусаллам аст, ки давомдиҳандаи ин моддаи Конститусия яке аз принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат мебошад. Принсип мавқеи асоси ва исботнопазир, бечунучаро иҷрошаванда дорад ва ҳангоми риоя накардани принсипҳо тамоми санади меъёри ҳуқуқӣ вайрон карда мешавад. Дар сархати 3, моддаи 4 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: «манъи табъиз, меҳнати маҷбури ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок». Такя ба ҳамин принсип боз дар моддаҳои 23, 68, 77, 216 ва ғайраи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқии занон имтиёзҳо дода шудааст.
Инчунин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Иҷрои ҷазои ҷинояти «мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомиладори маҳкумшуда ва занони маҳкумшудае, ки кӯдаки то синни ҳаштсола доранд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.07.2004 сол №2004)» ба занҳо нисбат ба мардон имтиёзҳо дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҷумҳури» (21 декабри соли 2021) ба масъалаи нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин таъкид карданд: «Мо бояд як нуқтаи мухимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғомбари Ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».
Дар охир бояд қайд кард, ки омода набудан ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои зӯроварӣ ва хушунат дар хонавода замина муҳайё мекунад. Доштани савод ва одоби муошират чи барои духтарон ва чи барои писарон дар ҳаёти мустақилонаи минбаъдаи онҳо ҳамдигарфаҳмиро бо аъзоёни оилаи шавҳар ва ё зан, инчунин осудагии зиндагиро таъмин хаҳад кард.
Дар раванди таълим ба шогирдон ҳамеша таъкид бояд кард, ки ба хотири таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои худ, ташкили оилаи устувору солим бидуни зӯроварӣ ва хушунат, тарбияи насли солим, устувории ояндаи давлату миллат, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва амнияти саросари кишвар бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои зараровар азму талош дар муттаҳиди самараи нек ба бор меоварад.
Ҳамин тариқ, ҳар яки моро зарур меояд, ки ҳурмату эҳтироми занонро ба ҷо биёрем ва барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон саъю кӯшиш намоем чунки Паёмҳои пайвастаи Президенти кишвар дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа барои ҳар яки мо бояд дарси ибрат бошад ва дар кушиши ҳифзи ҳуқуқҳои инсон пайрави Пешвои миллат бошем.
Маҳинаи Н., муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия