Даҳсолаи аввали Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду нумуи кишвар – яке аз мавзӯъҳои аввалиндараҷа дар Паёми Сарвари Давлат
Даҳсолаи аввали сипаригаштаи Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ин давраи такмили рукнҳои давлатдорӣ ва ислоҳоти пайдарҳами иқтисодӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра мо дар марҳилаи махсуси таърихии худ – давраи гузариш қарор доштем. Яке аз талаботи давраи гузариш ин аст, ки бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, ҳамчунин бо дарназардошти шароити марҳилаи гузариш ва давраҳои минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ва фарҳангӣ дар кишвар ба кодексҳо ва қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид гардид.
Баъдан аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он вақт Парламент номгузори шуда буд як қатор қонунҳои нав аз ҷумла Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон», Кодекси Оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2001, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»- ро, ки онҳо соҳаи муҳимтарини ҷомеа ва давлати навбунёди моро ба танзим медароварданд қабул карда шуд.
Зимни ироа гардидаи Паёми Пешвои муаззами миллат 30 – апрели соли 2001 сарвари давлат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш донанд, ки барои аз нав қабул гардидани Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ омодагӣ бинанд, зеро ин кодекс яке аз санадҳои муҳимтаринест, ки асоси кафолати ҳуқуқҳои инсонро таъмин менамояд. Бояд гуфт, ки Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1998 қабул шудааст бо мавҷуд набудани Кодекси мурофиавии ҷиноятии нав метавонад боиси руй додани баъзе аз нофаҳмоиҳо дар фаъолияти мақомоти дахлдор гардад.
Президенти кишвар аз давраи авали интихоб шуданашон ба оилаҳои бепарастору камбизоат диққати аввалиндараҷа медоданд. Камбизоати дар кишвар ин масъалаи нав нест. То замони истиқлолият даромади ҳар як сокини кишвар назар ба ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ аз ҳама паст ва фоизи камбизоатӣ дар байни аҳолӣ аз ҳама баланд ба назар мерасид. Бояд қайд намуд, ки барои таъминӣ болоравии иқтисодиёти мамлакат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ вақт ва маблағгузорӣ дар мадди аввал меистод. Ин масъала ҳадафи асосии сарвари давлат, мардуми бонангу номус ва шарафманди кишвар қарор гирифта то инвақт ҳалли худро пайдо карда истодааст ва бовари дорам, ки ин иқдоми пешгирифта дар оянда низ идома меёбад.
Дар ҷумҳурӣ дар солҳои навини давлатдорӣ махсусан соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зиди корупсия» қабул шуд. Баъд аз қабули қонуни мазкур мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда шуд, ки иҷрои санадҳои мазкурро дар ин самт таъмин намоянд. Зеро дар бисёр ҳолатҳо корупсия метавонист афзоиши иқтисодиётро дар кишвар боздорад.
Дар ин вақт Ҳукумати мамлакат зарур шуморид, ки бо созмонҳои байналхалқӣ молиявӣ, ки барои татбиқи ислоҳот кумаки моливӣ мерасонад ҳамкории зич дошта, якҷоя бо онҳо барномаву лоиҳаҳои дахлдорро амалӣ намоянд. Оид ба ин масъала як қатор татбирҳои мушахас роҳандозӣ гардид, ки то ин давра фаъолият намуда истодааст.
Яке аз масъалаҳои асосӣ ва ниҳоят муҳиме, ки солҳои 2000-ум дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ истода буд ин мубориза барзидди ҳама гуна қонуншиканӣ, пеш аз ҳама ҷиноятҳои муташакил, муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир, терроризм, экстромизм дар маҷмуъ таҳлили қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар ин давра то рафт таҳким ёфтани суботи ҷамъиятию сиёсӣ, ошкор шудани як қатор гурӯҳои муташакили терористӣ ва корҳои анҷом додаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бобати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ натиҷаҳои мусбат медоданд.
Вобаста ба ин натиҷаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ дар ҷаласаи Шурои амнияти ҷумҳурӣ мавриди барасӣ қарор дода шуд, ки ин фаъолияти онҳо дар кори ошкор ва дастгир намудани шахсони ҷинояткор пешгири намудани муомилоти ғайри қонунии маводи мухадир ва вазъи корҳо дар бобати муолиҷаи шахсони гирифтори нашъамандӣ ҷиддӣ ва ошкорро арзёбӣ карда шуд.
Ногуфта намонад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст ва он бояд баҳри таҳкими қонуният ва сохтори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши ҳалкунанда дошта бошад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат зарур шуморид, ки нақш ва мавқеи ҳокимияти судиро дар ҷомеа баланд бардорад ва бо ин васила мустақилияти онҳоро таъмин намояд.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки кишвар дар ин роҳ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Таъсиси Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷиши тахасуси гузаронидани судяҳо ва аз рӯи натиҷаҳои санҷиш ҷо ба ҷо гузоштани онҳо аз ҷумлаи он корҳо ба ҳисоб мерафт.
Даҳсолаи Истиқлолият бо таърихи қадимаи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон ҳамчун давраи талошу худшиносӣ болоравию бесобиқаи эҳсоси гарми Худогоҳиву ифтихори миллӣ хулоса як марҳилаи томи пешрафти Ватанамон дохил мегардад.
Дар охир гуфтаниам, ки бо дарки ҳақиқат мо тамоми қувваи худро бо он сарф менамоем, ки омили асосии таъминкунандаи пешрафти ҷомеа – сулҳу оромӣ то абад по барҷо бошад.
Сулаймонзода Рустами Неъматуло,
муаллими калони кафедраи
мурофиаи ҷиноятии Факултети №2, Академияи ВКД
лейтенанти калони милитсия