Сада иди ниёгон
Сада иди ниёгон ва оини таърихи ориёиҳо Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти меҳр истиқбол гирифта мешуд. Тибқи маъхазҳои таърихӣ иди Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд. Дар асари машҳури Умари Хайём «Наврӯзнома» омадааст: «Афридун ҳамон рӯзе, ки Заҳҳок бигрифт, Ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд». Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулуъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст ва ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дорад. Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун: сат, сатаг, сазак ва ё саз омадааст ва арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт, яъне ҳангоми ҷашни Сада мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро рӯзи панҷуми моҳи обон, яъне 27-уми октябр мешумориданд ва охири зимистони бузургро рӯзи даҳуми моҳи баҳман меҳисобиданд, яъне 30-юми январро ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти бадастомада, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Қайд кардан зарур аст, ки яке аз аркони Сада афрӯхтани гулханҳои хурду калон маҳсуб меёбад, ки дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамоянд. Оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад. Парандаи дӯстдоштаи айёми ҷашни Сада хурӯс аст, ки мардумро аз дамидани рӯшноӣ хабар медиҳад. Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад. Аз замин, ки ризқрасони марди деҳқон аст, бӯи хоки мушкбез ба димоғ мерасад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ ва талу теппаҳо бо иштироки тамоми мардум гузаронида мешавад. Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Барзгарон бо меҳр атрофи оташи муқаддас, ки яке аз ёдгориҳои иди Сада мебошад, давр зада, ба фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Хокистари гулхани ҷашни Садаро деҳқон бо умеди ҳосили босамар ба замин мепошад. Каландашро ба замин мезанад, то баҳори имсола низ боиси рӯйсурхии ӯ гардад. Деҳқонон айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат, нуриҳои заруриро дастрас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин, шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ чорабиниҳоро ҷиҳати беҳтар намудани сифати ғизояшон, ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи онҳо аз касалиҳо ва ғайра амалӣ мегардонанд. Дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар аз донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин ғизо — мошкичрӣ, лӯбию нахудшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширруған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра омода мегардад. Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, умоч, далда, кашк дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарманд. Ҳамзамон, хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо себ, тарбузу ангур, оро медиҳанд. Дар маҷмуъ қайд кардани ҷашни Сада дар ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври зарӯрӣ ва бояду-шояд ба роҳ монда шудаистодааст. Мо бояд ба наслҳои ояндаи худ ин ҷашни муқаддасро бо тамоми рукнҳои хосаш ба мерос гузорем.
Ибодзода М.М., омӯзгори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД, капитани милитсия