САНОАТИКУНОНИИ ДАВЛАТ НИШОНА АЗ ПЕШРАФТИ ИЛМУ ТЕХНИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
“Дар шароити рақобати шадиди иқтисодии кишварҳо вазифаи асосии мову шумо имрӯз аз он иборат аст, ки дар баробари таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти зарурии истеҳсоли ватанӣ ва кору хизматрасонии рақобатпазир Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо молу маҳсулоти хушсифат ва бозоргир муаррифӣ намоем”
Эмомалӣ Раҳмон
Президенти мамлакат Паёми навбатии худро дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дастовардҳои халқи тоҷикро дар сиёсати дохиливу хориҷӣ таҳлил ва самтҳои асосии давлатамонро барои давраҳои минбаъда муайян намуданд, ки ҳамчун барномаи асосии рушди ҷомеа ва давлат ҳисобида мешавад. Паёми навбатӣ дар мадди аввал ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои миллат ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хоса намуда, оид ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушди саноат ва зиёд намудани миқдори корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин роҳ таъмини сатҳи иҷтимоӣ, маошу нафақа, касбомӯзи, дастгирии занон, инчунин фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ, барои кулли мардум вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштаанд.
Вобаста ба силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишаванда мебошанд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба рушди соҳаи саноат ва тақвияти саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфт. Диққати асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ нигаронида шуд.
Пӯшида нест, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қариб ҳамаи соҳаҳои ҳоҷагии халқ, аз ҷумла саноат рӯ ба касодӣ ниҳоданд. Солҳои 1991-1997 барои соҳа хеле вазнин буд. Танҳо пас аз имзои созишномаи сулҳ (соли 1997) дар ҳаёти ҷомеъаи ҷумҳурӣ, давраи барпокунӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани мақсадҳои неки роҳбарияти давлатамон барои зиёд кардани иқтидори иқтисодии кишвар, сохтани давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар Тоҷикистон фаро расид.
Барои муқоиса дар миқъёси ҷумҳуриамон пас аз барҳамдиҳии Иттифоқи Шуравӣ, яъне соли 1991 дар умум 358 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият карда бошанд, фақат дар соли 2020–ум 300 коргоҳҳои нави саноатӣ ба кор даромаданд, тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд. Дар натиҷа соли гузашта шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расидаанд, ки аксарияти онҳо бо истифода аз ашёҳои хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, барои беш намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуданд.
Маълум аст, ки инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат аз сатҳи таъминот бо ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи технологияҳои муосир вобастагии амиқ дошта, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷиро талаб менамояд. Бо истифода аз сармоягузории хориҷӣ дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди корхонаҳои муштарак ба фаъолият шуруъ намуданд. Дар ин ҷода сармоягузориҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Россия, ИМА, Канада, Қазоқистон, Австрия ва дигар давлатҳо назаррас аст. Дар ин раванд саҳми соҳибкорони ватанӣ низ дида мешавад. Ин масъалаҳо бе восита ба болоравии иқтидори истеҳсолии ҷумҳурӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии он, бахусус баландравии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар асоси коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ, инчунин барои афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ таъсири мусбии худро мерасонад.
Саноат муҳимтарин ҷузъи иқтисодиёти кишвар, ба ҳисоб рафта, асоси нерӯи иқтисодӣ мебошад. Сатҳи рушди саноат ба сатҳи рушди худи кишвар баробар аст. Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва амалигардонии чораҳои зарурӣ дар самти рушд ва инкишофи саноати миллӣ, сол то сол нишондиҳандаҳои иқтисодии саноати Тоҷикистон беҳтар гардида истодаанд.
Тайи 25 соли охир зиёда аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Зиёда аз 60 лоиҳа ба маблағи беш аз 30 миллиард сомонӣ дар самти энергетика, нақлиёт, логистика, обёриву обтаъминкунӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар самтҳо, ки барои инкишофи соҳаҳои саноати мамлакат ва беҳдошти фазои сармоягузорӣ муҳим мебошанд, татбиқ шуда истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаҳои воқеии рушди саноат, аз ҷумла захираҳои бойи табиӣ, қувваи корӣ, манбаҳои энергияи сабз, мавҷудияти бозорҳои дохиливу хориҷӣ, иқлими мусоид барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар омилҳои пешбарандаи истеҳсолоти саноатӣ аст, ки барои тараққиёти босуръати тамоми бахшҳои он, бахусус саноати маъдан ва металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозиву кимиё ва дар ин замина ба рушди истеҳсолоти миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Бо мақсади таъмини амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022 – 2026” таҳти №309 аз 6-уми январи соли 2022 тасдиқ гардид. Санади мазкур ба зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва пешрафти иқтисодиёти кишвар асос мегузорад.
Рушди саноат ва истеҳсолоти миллӣ бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ метавонад ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулот, устувории низоми иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат менамояд.
Муҳиддинзода Х.Ғ. – дотсенти кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия