Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушкилиҳо вобаста ба экология яке аз масъалаҳои муҳим дар Паёми навбатӣ

40

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба “Тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот, пиряхҳои кишвар, ки олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва маниторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд” дар Паёми навбатӣ ба дурустӣ қайд намуданд.
Омилҳои табиат барои ҳаёти инсон шароити муҳимтарини зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Байни инсон ва табиат ҳамеша муносибати доду гирифт ба амал омада, саломатии одамон низ аз бисёр ҷиҳат ба табиат вобастагии зич дошта, зеро инсон як ҷузъи табиат мебошад. Аммо инсон барои қонеъ гардонидани талаботи худ ба табиат таъсири гуногун мерасонад. Ин таъсир метавонад мусбат ё манфӣ бошад. Дар табиат қонунҳое мавҷуданд, ки аз рӯйи он ҳамаи унсурҳои табиат (об, хок, ҳаво, растанӣ ҳайвонот ва ғайра...) ба ҳамдигар алоқамандӣ дошта, дар ҳолати дахолат намудан ба яке аз унсурҳои табиат таъсири он ба дигар унсурҳо мерасад. Ин гуна муносибати одамон ба табиат таъсири манфӣ расонида, оқибати хуб надорад.
Дар асри XXI назар ба асри XX таъсири инсон ба табиат боз ҳам пурзӯртар гардид. Дар натиҷаи тараққиёти босуръати саноат, нақлиёт, истеҳсолот, мавриди истифода қарор гирифтани навъҳои гуногуни маводи сӯзишворӣ, дастовардҳои илми кимиё дар хоҷагии халқ хатари экологӣ ба ҷомеа боз ҳам зиёд шуда, натанҳо ба ифлосшавии муҳити зист, балки ба худи инсон ҳам зарар эҷод намуд.
Экология ва ҳуқуқи инсон яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин масъалаи муҳим тадбирҳо меандешанд.
Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ба ҳаёту саломатӣ алоқамандӣ дошта, иҷро накардани ин уҳдадорӣ метавонад худи мавҷудияти инсониятро зери хавфу хатар гузорад. Мутаассифона солҳои охир дар миқёси сайёраи Замин об - сарвати бебаҳои мо ифлос ва ҳаҷми оби нӯшокӣ сол то сол кам шуда истодааст. Ҷиддӣ будани ин мушкилотро дарк намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар соли 2018 ба оламиён пешниҳоди чоруми худро вобаста ба об эълон намуда, зимни он дар ҷаҳон “Даҳсолаи байналмилалии амал - Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” эълон гардид.
Бояд қайд намуд, ки айни замон 70 фоизи сатҳи сайёраи Заминро об ишғол намуда, аз ин миқдор қариб 2 фоизаш барои нӯшидан истифода мешавад. 50 соли охир дар дунё барои оби нӯшокӣ 507 муноқишаҳо рӯй додааст, ки 21-тои он ба таври мусаллаҳона анҷом ёфтааст.
Дигар проблемаи ҷиддии ҷаҳонии экологӣ гармшавии иқлим мебошад, ки дар натиҷаи ҷудо гардидани миқдори зиёди гармӣ аз истеҳсолоти саноатӣ, истифодаи нақлиёт ва ғайра ба амал меояд. Олимон ба хулосае омадаанд, ки ҳарорати кураи замин ду маротиба баланд шудааст. Обшавии пиряхҳои калони садсолаҳо мавҷуда шурӯъ гардидааст. Ҳатто дар Антарктида обшавии пиряхҳои умрашон беш аз ҳазорсола ба амал меояд. Гармшавии иқлим ба қабатҳои атмосфераи қитъаи яхӣ таъсири манфӣ расонидааст, ин ҷо роғҳои озоние пайдо шудаанд, ки барои мавҷудияти худи замин хавфноканд.
Бо мақсади ташкили фаъолияти байналмилалӣ оид ба пешгирии дигаргуншавии иқлим моҳи июни соли 1992 дар Рио-де-Жанейро дар Конфронси СММ оид ба муҳити зист ва рушд, Конвенсияи доиравии СММ оид ба дигаргуншавии иқлим қабул шуд. Протоколи Киот ба Конвенсия дар сессияи сеюми конфронси иштирокдорони Конвенсия (СОР-3) дар шаҳри Киотои Япония 10 декабри соли 1997 қабул гардид. Мақсади асосии ин Протокол муайян кардани принсипҳои сиёсати байналмилалӣ ва кишварӣ дар соҳаи пешгирии гармшавии глобалии иқлим тавассути кам кардани партовҳои антропогении газҳои буғӣ аз ҷониби мамлакатҳои мутараққию саноатӣ ва муқаррар сохтани маҳдудиятҳои доиравӣ ба ин партовҳо мебошад. Мутобиқи ин протокол 38 давлати аз ҷиҳати саноатӣ тараққикарда, ки ба онҳо собиқ мамлакатҳои сотсиалистии Аврупо низ шомиланд, дар солҳои 2008-2012 партови газҳои заҳрнокро назар ба дараҷаи соли 1990 маҷмӯан бояд 5,2 фоиз кам кунанд. Бар асоси ин сатҳи заминавӣ барои ҳар мамлакат уҳдадориҳои фардӣ муайян гардида, мутобиқан квотаҳо барои партовҳои имконпазир ҷудо карда шудаанд, зимнан квотаҳоро ба дигар иштирокдорони созишнома фурӯхтан мумкин аст. Аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо бояд партовҳоро 8 фоиз кам кунад, барои Федератсияи Русия бошад, квота аз сатҳи соли 1990, 100 фоиз гузошта шудааст, ки ин 17,4 фоизи партовҳои ҷаҳониро ташкил медиҳад. Созишномаи Киото дар ҷаҳон дастгирии калон пайдо кард, аммо баъзе мамлакатҳо ҳамроҳшавиро ба он рад карданд. Масалан, ИМА аз ҷумлаи чунин мамлакатҳост.
Бисёр ғояҳои олимон ва ҳуқуқшиносон, ки марбут ба маҳдудсозии таъсири зараровари инсон ба табиат мебошанд, масалан, рӯйхати маводи кимиёвии барои саломатии одамон ва олами ҳайвонот зараровар ва манъи истифодаи онҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра дар санадҳои гуногуни байналмилалӣ-ҳуқуқӣ таҳким бахшида шудаанд. Вале бо вуҷуди ин баъзе мамлакатҳо қонунҳои байналмилалиро сарфи назар карда, амал менамоянд, ки ба ин васила саломатии инсон низ чун нигоҳдории муҳити зист зери хавфу хатар аст. Дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон мақомоти роҳ ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир вазъи экологии шаҳрҳо, воситаҳои нақлиёт, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумиро месанҷанд, гунаҳкорони ифлосшавии муҳити зист ва вазъи санитарии корхонаҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона бар зидди гунаҳгорон дар асоси қонунҳои муқарраршуда парвандаҳои ҷиноятӣ кушода мешаванд. Чуноне мо этимод ҳосил кардем, дар роҳи амалисозии ҳуқуқҳои инсон ба муҳити тозаи экологӣ душвориҳои зиёде мавҷуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш мекунад, ки баҳри бартарафсозии ин душвориҳо механизмҳои пурсамар ба вуҷуд орад. Вале барои ҳалли чунин проблемаи глобалӣ кӯшиш кардани ҳар давлат ва ҳар сокини сайёра зарур аст.
Солҳои охир дар натиҷаи муносибати нодурусти бархе шаҳрвандон бо табиат, намудҳои зиёди ҳайвоноту наботот рӯ ба нестӣ овардаанд. Дар сайёраи Замин тайи бистсолаи охир баландшавии ҳарорат, обхезиҳо гирдбодҳои даҳшатовар ва дигар офатҳои табиӣ бештар ба назар мерасанд, ки сабабӣ асосии ин ҳодисаҳои мудҳиш муносибатҳои нодурусти одамон бо табиат буда, ки он марбут ба надонистани қонунҳои экологӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт мебошанд.
Бояд қайд кард, ки ҷиноятҳои экологӣ кирдори ба ҷамъият хавфноке дониста мешавад, ки бо тартиботи ҳуқуқи экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, ба амнияти экологии ҷамъият зарар расонида, муҳити зист ва ба солимии инсон хатар ворид месозанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдорию тозагии муҳити зист тадбирҳои муайян меандешанд.
Ҳамасола дар шаҳру деҳот садҳо ҳазор бех ниҳолу буттаҳо шинонда шуда, дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳрҳо ва мавзеъҳои аҳолинишин гулгашту боғҳо бунёд мегарданд.
Дар шаҳри Душанбе қисми зиёди нақлиёти мусофиркаш ба гази моеъ гузаронида шудааст, ки то андозае бухоршавии гази заҳролудкунадаро ба муҳити атроф кам мекунад, ҳамзамон барои воридоти нақлиётҳои бо истифода аз қувваи барқ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, ки ин ҳам яке аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан ба энергияи сабз мебошад. Вазифаи мо ҳамчун сокинони Тоҷикистон аз он иборат аст, ки тозагии максималии экологиро дар маҳалҳои зисти худ ва умуман, дар тамоми мамлакат таъмин намоем. Ба ин васила мо ҳуқуқҳои дастаҷамъии худ ва атрофиёнро ба муҳити тозаи экологӣ таъмин менамоем.
Айдархонзода Шукрихудо, Шуҳрати Шоҳиён, омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...