Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши ҷавонони Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва бегонапарастӣ

( Дар ҳошияи Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 21 декабри соли 2021)
Дар Паёми хеш Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 аз ҷумла иброз намуданд: "Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.
Дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеа саҳми ҷавонон басо назаррас аст. Ҷавонон унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонон бояд ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ ва ҷавобгӯй бошанд.
Вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонон мустаҳкам намудани мафкураи миллӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд.
Боиси таасуф аст, ки имрӯз баъзе ҷавонону наврасон аз рӯйи нодониву камхирадӣ ва гоҳо аз рӯйи ҳавову ҳавас ба имони падарону бобоёни худ хати батлон кашида, ба мазҳабҳои бегонаву ифротгаро гаравида истодаанд, ки ин падида оқибати хуб надорад.
Ин тоифа ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ба доми шайтанати ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ афтодаанд ва ин ҳизбу ҳаракатҳо ба дасти душманони ислом таъсис ёфта, мактаби фитнабозию тафриқаангезиро ҳар рӯз бо роҳу усулҳои нав ба нав ривоҷу равнақ дода истодаанд. Мақсади онҳо яктост: ҷудоиандозӣ миёни мусулмонон ва барафрӯхтани оташи ҷанг дар байни зодагони як миллату мазҳаб мебошад.
Тавре ки мушоҳидаҳои ҳаррӯза нишон медиҳанд, аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва ифротгароёну ҷудоихоҳон имону виҷдон ва ору номуси худро фурӯхта, мехоҳанд исломи нобро ба чашми оламиён сиёҳ карда нишон диҳанд.
Таърих собит намудааст, ки аҷдоди гузаштаи мо дар асоси ақидаи солим, маорифпарварона ва инсондӯстонаи худ дар зеҳни мардуми олам ақидаҳои таҳаммулгароёна ва тараққихоҳонаро тавсия ва такмил додааст. Аз ин лиҳоз, ба намояндагони миллате, ки бо маърифати ирсии худ барои ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва фарҳангӣ асос гузоштаанд, шоиста нест, ки ба доми фиреби миллатситезону қудратталабон афтоданду тақдири миллатро зери хатар гузоранд.
Пӯшида нест, ки миллати тоҷик дар давоми асрҳо бо пешниҳоди ақидаҳои таҳаммулгароёнаи худ қаламрави дини мубини исломро васеътар намудааст. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки рисолати таърихӣ ва инсонии миллати номдори худро идома дода, барои аз байн бурдани андешаҳои зиддиинсонӣ ва зиддидинӣ, саъю талош намоянд.
Мутаасифона, насли наврас ва ҷавонони мо дар шароити имрӯза ба хондану омӯхтани илмҳои замонавӣ ва технологияи муосир камтар шавқу ҳавас доранд. Бояд бидонем, ки камсавод мондани ҷавонону наврасон сабаби пайдоиши таассубу ифротгароӣ ва ба чунин ҳаракатҳои ифротгаро пайвастани ҷавонони ноогоҳ мегардад.
Муҳиммияти ин масъаларо ба назар гирифта, давлат ва Ҳукумати мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуд.
Ҳадафи волои ин Қонун саводнок ва ба сатҳи наврасону ҷавонони ҷаҳони муосир баробар сохтани ноболиғон ва насли навраси кишвар мебошад. Агар наслҳои ҷавони имрӯза соҳибилму худогоҳ ва инсондӯсту ватанпарвар бошанд, ояндаи халқу мамлакат, албатта, ободу дурахшон мегардад.
Агар насли ҷавон худогоҳ ва зираку ҳушёр набошад, дар ҷаҳони имрӯзаи пур аз мухолифатҳо ҳифзи арзишҳои милливу таърихӣ мушкил мегардад. Мо бояд хуб дар ёд дошта бошем, ки бесарусомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Ватани маҳбубамон натиҷаи ғафлатзадагии як зумра донотарошон буд.
Мутаассифона, солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ, масусан ҷиноятҳои ба маводи мухаддир алоқамандидошта дар байни ҷавонон зиёд шуда истодааст, ки ин албатта боиси ташвиш аст. Дар миёни ҷавонон нафароне ҳастанд, ки даврони гулгулшукуфии ҳаёти худро ба беҳудакориву дигар амалҳои нангин мегузаронанд. Мову шумо вазифадорем, ки ин гуна ҷавонони гумроҳро аз роҳҳои ғалат баргардонида, ба онҳо фаҳмонем, ки самараи бадахлоқӣ танҳо беобрӯӣ буда метавонад.
Насли наврас бояд ҳамчун фарзандони номбардори Ватан ва ворисони ин миллати озода бо инсондӯстӣ, ватанпарварӣ ва донишу маърифати созанда рисолати таърихии худро ба ҷо биёранд. Имрӯз, ки мо бо номи неки гузаштагонамон Куруши Кабир, Анӯшервони Одил, Бузургмеҳр, Салмони Форс, Имоми Аъзам Абуҳанифа, хонадони Сомониён, Абулфазли Балъамӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, ибни Синову Ҳофиз, Ҷомиву Бедил ва боз милёнҳои дигар ифтихор мекунем, бояд худшинос бошем ва саъю талош намоем, ки наслҳои оянда бо номи мо ифтихор кунанд.
Имрӯз сарнавишти талхи мардуми овораи як қатор кишвраҳои ҷаҳон барои ҳар нафаре, ки барояш дину имон ва ватану давлат арзиш дорад, сабақи бузургест.
Амалҳои ноогоҳонаи баъзе ҷавононро дида, мо аз худамон мепурсем, ки оё мо имрӯз аз неъматҳои сулҳу амният бархӯрдор нестем? Оё мо то ҳамон дараҷа бемаърифату ғафлатзада ҳастем, ки фирефтаи даъватҳои назарфиребонаи чанд нафар бемаърифатон шуда, аз неъматҳои истиқлолияту ваҳдат ва сулҳу амният рӯ метобем?
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо ва танҳо сулҳу суботи ҷомеа метавонад заминаи ободӣ, пешрафти илму ҳунар, дину фарҳанг ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мо шавад.
Имрӯз пешоҳангони гурӯҳҳои ифротию террористӣ зери ниқоби дини мубини ислом панаҳ бурда, ҳизбу ҳаракатҳои зиёдеро созмон додаанд.
Мо бояд бо чашми ақл бубинем ва дарк намоем, ки асосгузорони давлати ба ном исломӣ дар Сурияву Ироқ аз зудбоварии насли ҷавон истифода бурда, мехоҳанд сулҳу суботи ҷомеаро барҳам зананд. Барои онҳо хуни ҷавонони ба ном «ҷиҳодкунанда» ба қадри як пули пучак ҳам арзиш надорад.
Вазъияти имрӯзаи давлати ба мо ҳамсоя Афғонистон, инчунин кишварҳои Ироқ, Миср, Яман, Сурия, Либиё ва ғайраҳо ягон инсони соҳибақлро бетараф гузошта наметавонад. Ҳар рӯз дар ин мамлакатҳо ҳазорҳо нафар қурбон мешаванд, ҳазорҳо нафар хонаву зиндагии худро аз даст медиҳанд, ҳазорҳо нафар аз Ватан беватан мегарданд. Давлатҳое, ки чанд сол пештар ободу пешрафта буданд, аз байн рафта истодаанд.
Давлати Лубнон аз ҷумлаи давлатҳое буд, ки барои шаҳрвандонаш имтиёзҳои бешумор фароҳам оварда буд. Дар он ҷо қувваи барқ ва газ барои аҳолии мамлакат ройгон буд, ҷавононе, ки нав хонадор мешуданд, аз тарафи давлат бо манзил ва маблағи калони пулӣ таъмин мегардиданд, барои кӯдакони навзод дар бонкҳои давлатӣ суратҳисоби махсус кушода мешуд, ки давлат ба он маблағи калонеро ворид мекард ва боз сокинони ин кишвар аз имтиёзҳои дигаре низ истифода мебурданду зиндагии осуда доштанд. Дар натиҷаи дахолати қувваҳои беруна дар ин кишвар ҷанги дохилӣ сар зад, сарвари онро ба қатл расонданд ва дар натиҷа имрӯз аз он мамлакати ободу зебо асаре намондааст.
Сабаби ба ҷангу хунрезиҳо афтодани ин мамлакатҳо дар чист? Сабаби ҷангу ҷидолҳо, бесарусомониҳо ва фалаҷ шудани давлатҳои пурқудрат зиёд аст, вале сабаби асосӣ як чиз аст, ин ҳам бошад, ҳисси пасти худшиносӣ ва ватандӯст набудани як қисм аҳолии худи ҳамин мамлакатҳо, хусусан, ҷавонону наврасон.
Ватан хонаи мост ва мо вазифадорем, ки барои баланд бардоштани обрӯю эътибори он ҳамеша саъю талош варзем.
Имрӯз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ он қадар зиёд шудаанд, ки аксарияти ҷавонон ба онҳо ворид шуда, дар бисёр мавридҳо ба доми фиребу найранги дасисабозон меафтанд.
Агар мо рӯйхати он ҷавононеро, ки имрӯз аз рӯи гумроҳӣ рафта дар Сурия ба муқобили давлат меҷанганд, аз назар гузаронем, мебинем, ки он ҷавонон саводи кофӣ надоранд, барои онҳо хоки аҷдодӣ, Ватан ва ҳатто падару модар ягон арзише надорад. Ягон нафари онҳо дар назди худ ба таври огоҳона мақсад гузошта наметавонад ва аз ҳамин сабаб, аксарияти онҳо ҷони ҷавони худро дур аз ёру диёр аз даст медиҳанд ва қисме аз онҳо аз кардаи худ пушаймон шудаанд, вале дигар роҳи бозгашт надоранд.
Ҷавонони Тоҷикистонро шарт ва зарур аст, ки худогоҳу худшинос бошанд, нангу номуси ватандорӣ дошта бошанд, аз ҳоли ин кишварҳои ҷангзада ибрат бигиранд, барои нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватан худро масъул шуморанд, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд ва бо донишу ҳунари худ кишварамонро обод намоянд. Нагузоранд, ки чашми душман ба сӯи Тоҷикистони азизи мо дӯхта шавад.
Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки халқ ва Ватани азизи мо баъд аз садсолаҳо соҳиби истиқлолияти давлатӣ гаштаанду армони деринаи ниёгони мо амалӣ шуда истодааст. Шукрона мекунем, ки миллати саодатманди мо дар симои фарзанди фарзонаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои хирадманду халқпарвареро пайдо намудааст.
«Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд», иброз медоранд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дигар касе ва чизе наметавонад иродаву матонати ин миллату давлатро бишканад, зеро роҳи мо роҳи Ваҳдат, Садоқат ва Муҳаббат нисбат ба обу хоки Ватани азиз – Тоҷикистони соҳибистиқлоли мову шумост.
Абдуллозода Д.А., омӯзгори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...