Паём – роҳ ба сӯи беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат замоне ироа гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид гардида истодааст.
Дар ҳақиқат мардуми сарбаланди мо дар 30 соли замони Истиқлолияти давлатӣ бо саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳматҳои созанда тавонистанд, ки тамоми азму иродаи хешро баҳри ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон равона созанд. Маҳз ин талошҳо буд, ки имрӯз дар кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу суботи комил танинандоз буда, мардуми шарифи кишварамон дар фазои оромиву осудагӣ умр ба сар мебаранд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарбаргирандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар давраи 30 соли истиқлолияти кишвар ва муайянкунандаи вазифаҳои мушаххас барои 5 соли минбаъда буд. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки зимни ин Паём ба он таваҷҷӯҳ зоҳир гардид, ин масъалаи пешрафти соҳаи роҳу нақлиёт мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки 93% кишвари моро кӯҳистон ташкил медиҳад ва 85% ҳаҷми боркашонӣ ба саҳми нақлиёти автомобилии кишвар рост меояд. Ин ҳолат метавонад боиси таъсиррасонии назаррас ба иқтисодиёти кишвар гардад. Бо натиҷагирӣ аз 30 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар Сарвари давлат қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст ва барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем.
Маҳз чунин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шудааст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.
Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд».
Ҳамзамон, Пешвои миллат баён доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду азнавсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Соли 2021 лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм–Нуробод, Ҳулбук–Темурмалик–Кангурт, Данғара–Левакант–Бохтар, қитъаҳои Қалъаихумб–Ванҷи шоҳроҳи Душанбе–Кулма, Қизилқалъа–Бохтари шоҳроҳи Душанбе–Бохтар, Бекобод–Бобоҷон Ғафуров–Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шурӯъ шуданд.
Яке аз вазифаҳои мушаххасе, ки зимни ин Паём ба миён гушта шуд, ин дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 оғоз гардидани боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт мебошад. Дар баробари ин, дар Паём зикр гардид, ки дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.
Маҳз талошҳои бевосита ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сол аз сол сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат коҳиш меёбад. Ҳамин тариқ, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Бояд ёдовар шуд, ки коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ барои зиёд гардидани шумораи воситаи нақлиёт бе таъсир намемонад. Дар айни замон шумораи автомобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол меафзояд ва ба сифати воситаи муҳимми ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, танҳо дар бист соли охир 730 ҳазор мошини сабукрав ворид гардида, дар солҳои истиқлолият аз ҷониби аҳолӣ зиёда аз 320 ҳазор воситаҳои нақлиёт ва дигар техникаи таъиноти гуногун хусусӣ гардонида шудааст, яъне аҳолии мамлакат дар замони истиқлолият соҳиби беш аз ду миллион воситаи нақлиёти шахсӣ гардидааст.
Пешравии илму техника рӯз то рӯз ба тавлиди воситаҳои нақлиёти ҳозиразамон ва баландсуръату такмилёфта оварда мерасонад. Вобаста ба ин, Сарвари мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.
Аз эҳтимол дур нест, ки сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди ҷабгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва рӯз то рӯз зиёд гардидани шумораи воситаи нақлиёти баландсуръату такмилёфта боиси баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳҳо ва баъдан идора карда натавонистани автомобил гардида, ба оқибатҳои нохуш оварда расонад. Аз ин лиҳоз, риоя ва иҷрои қатъии қонунҳо муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад. Дар баробари ин, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти милитсияро мебояд, имрӯз ба масъалаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун дар тамоми манотиқи кишвар бештар аз пештар таваҷҷуҳи худро равона созанд.
Дар маҷмӯъ, бо итминон метавон иброз дошт, ки миллати меҳандӯст ва меҳнатқарини Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифагузорию ҳидоятҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардиданд, бо азму иродаи қавӣ равона гардида, онро сармашқи фаъолияти хеш қарор медиҳанд. Ва мардуми сарбаланди мо тӯли панҷ соли баъдӣ, яъне то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳматҳои созанда метавонанад нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллатро дар амал татбиқ намоянд.
Нарзуллозода Суҳроб Саидаҳмад, омӯзгори калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Акдемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия