Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъи забонҳо дар ҷараёни босуръати ҷаҳонишавӣ

Абармарди арсаи сиёсат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар-Ватан ва азамати забони модарӣ, ҳамчун ба Модар-сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт арҷгузорӣ кард ва мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалии сайёра баланд бардошт, зеро забони модарӣ лафзи ширину муқаддас барои ҳар як инсон аст. Тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз мекунад, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои фораму дилнишини он худро бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад, сазовори навои баландмазмуни модар гардад. Чунки он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, қалбу ҷон ором мегирад, зеро он лафзи модарист… Аҷаб гуворост лафзи модар, суфтаю ба дил қарин аст забони модарӣ. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофиз, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ… бо он ҳарф мегуфтанд. Забони ширину шоиронае, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ, Муъмин Каноату Гулрухсор номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастияш ифтихор дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019) барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ рисолати модаронро хотирнишон сохтанд: «Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзанд». Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, санади қавитанини исботи зинда будани ҳар миллат, пойдор мондани забони модарии он аст. Забони тоҷикии мо дар роҳи пурпечутоби таърих ва даҳшату тохтутозҳои аҷнабиён зинда монда сарчашмаи бақои миллат гардид. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: «Фаромуш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классики тоҷику форс замина гузоштааст». Имрӯз забони ширину шоиронаи моро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Мо соҳибзабонон аз ин ифтихор намуда, барои поку беолоиш нигоҳ доштан ва дар тозагиву равонии он пайваста ҷаҳд хоҳем кард. Дар яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ фармудаанд: «Мо ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад». Зеро ба қавли шоир:
Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рӯзгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

Боиси сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст, ки имрӯз дар кишвари азизи мо забони модарии мо мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, зеро ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз забони модарӣ, пеш аз ҳама пуштибонӣ аз халқу миллати хеш мебошад. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат забони модарии мо-забони тоҷикӣ аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад, эътибори забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан афзун мегардад. Рӯзи 21-уми февралро Созмони Миллали Муттаҳид ба хотири Рӯзи Ҷунбиши забон дар Банглодеш Рӯзи забони модарӣ эълон кардааст. Соли 1952 дар ин рӯз дар шаҳри Дҳакка (пойтахти имрӯзаи Банглодеш) тазоҳуроти Ҷунбиши Забон баргузор шуда буд. 21 феврали соли 1952 донишҷӯёни банглодешӣ барои ҳифзи забони модарии хеш –забони бенгалӣ ба кӯча баромада, эътироз баён намуданд ва талаб намуданд, ки ин забон низ ба ҳайси яке аз забонҳои давлатӣ пазируфта шавад, дар натиҷа чанд тан аз донишҷӯён аз тири кормандони полис ҳалок гардиданд. Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо қарори сесияи 30-юм дар Конференсияи генералии ЮНЕСКО моҳи ноябри соли 1999 эълон гардида, ҳар сол аз моҳи феврали соли 2000-ум 21-уми феврал ҷашн гирифта мешавад. Ин амал хеле муҳим ва зарурист, зеро имрӯз дар ҷаҳон аз рӯйи сарчашмаҳои оморӣ ҳар моҳ тахминан ду забон аз байн мераванд. Имрӯз дар дунё 6 000 (шаш ҳазор) забон мавҷуд буда, аз инҳо 43 фоиз дар ҳолати таҳдиди аз байн рафтан қарор доранд. Шумораи ками забонҳо мавқеи намоёнро дар доираи таҳсилот ва фаъолият ва камтар аз сад забонҳо дар дунёи технологияи рақами истифода мешаванд. Дар Россия соли 1917 муайян гардидаст, ки 193 забон мавҷуд аст, вале дар лаҳзаи измои созишнома дар бораи пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи декабри соли 1991 танҳо 40-то забон нишон дода шудааст. Ҳар сол ба ҳисоби миёна ду забон аз байн мерафт. Айни ҳол дар Россия 136 забон дар ҳолати таҳдиди нестшавӣ қарор доранд ва 20-то аллакай ба ҳисоби забони мурда дохил шудаанд. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки барои зинда мондани забон набояд камтар аз 100 ҳазор одам бо он гуфтугӯ кунанд. Дар ҳама давр забонҳо афзоиш меёфтанд, вуҷуд доштанд, баъдан аз байн мерафтанд, баъзан аз худ нишон ҳам намемонданд, вале пештар суръати аз байн рафтани забон нисбат ба асри ХХ, хеле паст будааст. Бо ташаккулёбии технологияи нав шинохти забони модарӣ барои аққалияти миллӣ мушкил гардидааст, зеро забоне, ки имрӯз дар интернет пешниҳод нашудааст, барои олами муосир вуҷуд надорад. Эълон гардидани Рӯзи забони модарӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кулли забонҳои дунёро баробар донистан аҳамияти беандоза дорад, зеро ҳар як забон нодир аст ва ҳар яки он ба инсон тааллуқ дорад, ҳар кадоми он муаррификунандаи мероси зинда буда, муносибати ҷиддӣ ва ҳифзи он вазифаи ҳар як соҳибзабон аст. Ҷомеаи бисёрзабона ва дорои маданияти баланд ба шарофати зинда будани забони худ вуҷуд дошта, урфу одати анъанавӣ ва маданияти халқро ҳифз менамояд, аз насл ба насл мерасонад. Танҳо бисёрзабонӣ ба ҳамаи забонҳо имрӯз дар ҷараёни босуръати ҷаҳонишавӣ имконияти пайдо кардани ҷойгоҳи хешро дар олам фароҳам меорад. Воситаи нигоҳдошти олам эҳтиром ва эътирофи ҳамаи мавҷудот аст, зеро ҳар кадоме ба худ хусусияти хос доранд. Дар ӯ ифодаи махсус ва калима, таҷассуми ҳуввияти миллӣ, маданият ва расму оин, анъанаи халқ акс гардидааст, ба мисли аслу насаб, забони модарӣ, ки бо шири модар дар рагу пайванди мо ҷой мегирад. Хатто ҳангоми омӯхтани маданияти забони дигар, мушкилӣ пеш меояд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷаҳонбинии шахсро васеъ менамояд, дар пеши шахс дунёи дигарро боз мекунад. Инчунин, шиносоӣ бо шахси дорои забони дигар қобилияти аз байн бурдани ихтилофи миллӣ мегардад, зеро тақрибан 300 калимаҳое, ки дар забонҳои дунё садо медиҳанд, маънои якхела доранд. Хулоса, пояндагии забони модарӣ аз соҳибзабонон вобастагӣ дорад. Поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, коста нагардидани лафзи поку ширини модарӣ низ вазифаи муқаддаси соҳибзабон аст. Ҳар як шахс пеш аз оне, ки ба омӯзиши забони дигар шурӯъ кунад, аввал бояд меъёрҳои забони модарии хешро пурра донад. Инсон забони модарии худро аз хурдӣ дарк мекунад. Ҳанӯз дар батни модар кӯдан каломи модарро мешунавад. Вақте ки ба дунё меояд тадриҷан ба гуфтугуи забоне шурӯъ мекунад, ки дар оила бо он гуфтугӯ мекунанд. Забони модарӣ аз рӯзи ба дунё омаданамон дар инкишофи ҳар яки мо нақши беҳамто мегузорад. Яке аз мақсадҳои асосии Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ин ҳимоя намудани забонҳои рӯ ба аз байнрави дошта мебошад, зеро забон яке аз олотҳои пурзуртанини ташаккул ва нигодоштани мероси модию маънавӣ ба ҳисоб меравад. Имруз фарди точик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозхои баланд аст, зеро ин забонро чахониён эътироф мекунанд.
Азиза Давлатшоева
сардори кафедраи забонҳои
Академияи ВКД , дотсент,
полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...