Роғун муҷассамаи бузурги истиқлолияти Тоҷикистон
(Дар бораи заҳматҳои Пешвои миллат дар бунёди НБО-и Роғун)
26-уми сентябри соли 2005 Сарвари давлатро бунёдгарони Неругоҳи Роғун бо нону намак истиқбол карданд, қадамҳоятон болои дидаву тоҷи сар гуфтанд.
Ҷаноби Олӣ пас аз адои лаҳзаҳои расмии ифтитоҳи корҳо дар минбар ба ҳозирин муроҷиат карда изҳор доштанд:
«Рӯзи 26 сентябрро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед. Ин рӯзи муборак на танҳо барои шумо, балки барои тамоми мардуми Тоҷикистон фаромӯшнопазир хоҳад буд».
Аввалҳои соли 1931 мутахассисони соҳаи геология ба шахраки Оби Гарм омада, мавзуи сохтмонро омӯзишу таҳқиқ карданд ва то кӯҳҳои Помир манбаъ ва захираи барфу яхистонҳоро дақиқ санҷиданд. Баъди санҷишҳои муқаддимоти мутахассисони ҳамонвақтаи соҳаи гидроэнергетикаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи захираҳои гидроэнергетикии ИҶШС (СССР) неругоҳе бо номи «Сичароғ» пайдо шуд, ки сонитар номи «Роғун»-ро ба худ гирифт. Мавзеи ҳозираи Роғунро Сари Қамиш мегуфтанд ва он аз деҳаи Сичароғ тақрибан 4-5 километр поёнтар дар ҷои боз ҳам мувофиқтар барои сарбанди неругоҳ воқеъ шудаанд.
Сохтмони Неругоҳи Роғун дар Қарори Анҷумани 25-уми КПСС низ таъкид ёфта буд. Маҷрои дарёи Вахш 28 декабри соли 1987 баста шуд. Зиёда аз 6 ҳазор нафар коргарон аз тамоми шаҳру вилоёти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба корҳои сохтмони неругоҳ машғул буданд.
Дар давоми 6 сол пешдарғот ва дарғоти навбати аввал то баландии 40 метр бунёд гардид. Мутаассифона, ҳамон солҳо як гурӯҳи нияташон нопок бо назардошти манфиатҳои авлодиву шахсӣ, ба ташвиқи бепояи зидди Роғун пардохтанд.
Ҳангомаи беасос то ба Маскаву Кремл ва Президиуми Шӯрои Олии СССР расид… Ва бо ҳамин мунозираи бунёди Роғун чандин сол бенатиҷа монд.
Бо гузаштани на он қадар вақти зиёд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми қавитару устуворе дар раванди бунёди иншооти тақдирсози миллат пеш гузошт, яъне бунёди «Роғун»-ро бевосита ба мардуми зафарпешаи хеш бовар кард.
27 августи соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо саҳмдории ягонаи давлату ҳукумат «Ҷамъияти Неругоҳи барқи обии Роғун» таъсис дода шуд.
Дар Қуръони карим, дар сураи «Нур», ояти 35 омадааст» «Худо нури осмонҳо ва замин аст: Мисоли нури Вай (дар дили мусулмон) монанди тоқе аст, ки чароғ дар он ҳаст, он чароғ дар шиша аст, он шиша гӯё ситораи дурахшанда аст, афрӯхта мешавад аз (равғани) дарахти бобаракат, ки зайтун аст» Худованд гуфтааст, ки «Нур болои нур аст». Яъне чароғ худ нуре аст, шиша нури дигар ва инъикоси он аз чароғдон (тоқча) нури дигар. Худо ҳар касро бихоҳад, бо нури хеш ҳидоят мекунаду ӯро ба ҳақ мерасонад.
Пас бармеояд, ки Худованд Нури яздониашро, ки ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи хирадсолориву ҷавонмардӣ эҳдо кардааст, нурро ба мардуми ӯ низ арзонӣ хоҳад дошт. Чуноне, ки Расулаллоҳ (с) фармудаанд: «Аз фаросат ва тезбинӣ ва эҳсоси муъмин бепарво набошед, зеро ӯ бо нури Худо менигарад»…
Зимни вохӯрӣ ва мулоқотҳои аввалинаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгарони неругоҳро воқиф сохт, ки рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи мамлакатро бе бунёди Неругоҳи Роғун тасаввур кардан имконнопазир аст. Бо бунёди «Роғун» дар як сол то 14 миллиард киловатт\соат неруи барқ истеҳсол мегардад.
Дар ҳақиқат, бунёди Неругоҳи Роғун ба болоравии бемайлони худшиносии миллӣ заминаи боз ҳам муътамад гузошт. Худшиносии воқеии миллии тоҷикон, бухусус дар дилпурии онҳо, ба қудрати худашон дар бунёди чунин як иншооти муҳташам мисли Роғун, ҳувайдо мегардад. Магар хушоянд нест вақте коргари одии сохтмон мегуяд:
- Мо ин азаматро худамон месозему худамон идора мекунем ва истифода ҳам.
Бале, бо шарофати заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон саодати беҳамто истиқлолияти сиёсиро хуб дарку эҳсос мекунанд. Натиҷаву баракати ҳамин истиқлолият аст, ки имрӯз коргари неругоҳ, хоҳ камтаҷриба бошад хоҳ пуртаҷриба, дилпурона – Роғунро худамон месозем мегуянд.
Бунёди Роғун ғайр аз заминаи боэътимод гузоштан ба истеҳсоли барқи покизаву арзон, умри Неругоҳи Норакро ба сад сол меафзояд. Роғун асоси тараққиёти иқтисоди милливу болоравии сатҳи зиндагӣ ва рӯзгору маишати мардум хоҳад буд. Ба бунёди Роғун садҳо корхонаҳои нав дар ҷумҳурӣ ба фаъолият шурӯъ ва ҳазорҳо сокинони Тоҷикистон ба ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Баъди пурра ба кор даромадани неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ҳазорҳо гектар замини нав кушодаву ҳолати обёриашон беҳбуд хоҳад ёфт.
Илова ба ин, обанбори Роғун танзими бисёрсолаи оби ҳавзаи Омуро таъмин месозад.
Роғун имрӯз, бешак майдони воқеии ҳарбу зарб, таҷрибаандӯзӣ, камолоти тахассусӣ ва тозатару асил шудани худшиносии миллист.
Итминони комил дорам, ки ҳар фарди Тоҷикистон, яъне пиру ҷавон чун ҳарвақта бо муҳаббат ва садоқати гарму самимӣ нисбат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ, инчунин бо пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат сохтмони Неругоҳи Роғунро дастгирӣ мекунанд…
Роғун на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад.
Роғун ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мост.
Дар партави нури Роғун Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи зарини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт.
Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост!
Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!
Маҳз бо бунёди Неругоҳи Роғун метавонем сулҳомезии мардуми кишварамонро бо бародарон ва сокинони давлатҳои ҳамсоя ва дӯст боз ҳам қавитар гардонем.
Сафарализода Шералӣ, муаллим-методисти қисми таълимии факултети №2, Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия.