Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАҚВИЯТИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ, ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ ВА САДОҚАТ БА КАСБУ САВГАНД

АкадемияМВДМусаллам аст, ки дар ҳама давраҳои таърихӣ, алалхусус дар замони муосир масъалаи тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва садоқат ба касбу савганд яке аз мавзуъҳои муҳим ба ҳисоб рафта, таҷлили ҳамаҷонибаи он омили асосии тақвияти ҳисси ватандустӣ ва шинохти арзишҳои милливу давлатӣ буда, метавонад дар замири шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон дарки моҳияти ҳарчӣ бештари ҳифзи тамомияти арзиро ба вуҷуд оварад. Масъалаи ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ, муҳимтарин маҳаки фаъолияти касбиву ҷамъиятӣ ва омили асосии муттаҳидсозии тамоми нерӯҳои ҷомеа мебошад, ки аз умқи таърих то ба имрӯз кулли устураҳои таърихӣ, арзишҳои динӣ ва умуман ақли солими инсоният ин арзишро васф намуда, гиромӣ медоранд. Ватандустӣ – ҳиссиёти иҷтимоие мебошад, ки муҳаббату садоқат ба Ватан, ифтихор ба таърихи гузаштаву корнамоиҳои имрӯза, дарки ягонагию ҳамватаниро ифода менамояд. Ҳиссиёти ватандустӣ (патриотизм) бошад, қисми муҳими шуури миллӣ, омили тавоноии муттаҳидкунанда ва ҳифзи мардум дар давраҳои мушкилтарини таърихи давлатдорӣ мебошад. Агар ба таври содда ва оммафаҳм ин арзиши волои инсониро шарҳ диҳем, метавон гуфт, ки Ватан ин модари мост падар, фарзанд, хоҳару бародар, устоди мост. Сарзаминест, ки бузургтарин чеҳраҳои тобони илм ва тамаддуни мо дар он тарбият ёфта дар ин хоки муқаддас хобанд. Сарзаминест, ки номаш Тоҷикистон аст. Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст мегӯянд дар урфият. Ватан чун ҷону тан аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кадоми мо маҳз дар асоси ин мафҳуми хело ҳам пурсобиқа ва пурарзиш орзу ва ҳавасҳои худро ташаккул медиҳем, ояндаи худ ва наздиконамонро мебинем, заминаҳои маънавӣ ва қонунии мавҷудияти худро асоснок мекунем. Тақвияти ҳисси ватандӯстӣ дар ҳама ҳолат тарбиякунандаи эҳсоси устувории хислатҳои хуби ҷавонмардони далеру шуҷои ватан аст. Аз ин лиҳоз, дар чунин даврони ҳассоси таърихӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ бо суръати бесобиқа пеш мераванд ва дар баробари ҷанбаҳои мусбат зуҳуроти манфиро низ пеш меоранд, маҳз ватандӯстӣ метавонад дар муқобили чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа, хосатан терроризм ва ифротгароӣ баромада ба қувваи муҳофизатии ватану таърихи он ва руҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад. Дар муқобили терроризм ва ифротгароӣ мо аз ватандӯстӣ дида ягон қувваи дигареро болотар қайд намудан наметавонем. Чунки маҳз тақвияти ҳисси ватандӯстӣ метавонад дар замири шаҳрвандон қобилияти ҳарчи бештари тафаккури оштинопазирро бар зидди бегонапарастиву даҳшатафканӣ бавуҷуд оварад. Яке аз омилҳои дигари тақвиятдиҳандаи ҳиссиёти ватандӯстии шаҳрвандон, хосатан кормандони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пеш аз ҳама худшиносии миллӣ мебошад. Худшиносии миллӣ - аз ҷониби фард бо шакли миллӣ шинохтани робитаҳои ҷамъиятӣ, шинохти мансубияти худ ба умумияти муайяни миллӣ- этникӣ, шинохти ягонагии худ бо ҳамин миллат мебошад. Худшиносӣ омили асосии арзи вуҷуди миллат мебошад. Худшиносӣ дар асоси ҳаматарафа донистани таъриху фарҳанги миллати худ ва муқоиса бо дигарон пайдо мешавад. Таърихан халқе, ки худро нашинохт умри дароз надид. Ӯ дар набардҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, забонӣ бо дигар халқҳои аз худ бузург омезиш ёфт ва бо онҳо махлут шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз дар раванди худшиносии миллӣ, рушди идеяҳои миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва дар маҷмуъ таҳким бахшидани давлатдории миллӣ қарор дорад. Ин аст, ки густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқи аҳолии кишвар, бахусус ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Албатта, тадбиқи ҳадафи мазкур пеш аз ҳама дар асоси омӯзиш ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллӣ ва суннатҳои ниёгон аз ҷумла забон, ананаҳои миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ метавонанд амалӣ гарданд. Раванди бо суръат инкишофёбии муносибатҳои иҷтимоӣ низ имрӯз давлатҳои алоҳидаро водор менамояд, ки нисбати тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба касбу савгандро чун мавзӯи меҳварии сиёсати хеш қарор диҳанд. Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун давлати ҷавони соҳибистиқлол наметавонад берун аз ин раванд бошад. Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки садоқати кормандони мақомоти давлатӣ, хосатан кормандони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқро ба Ватан ва касби пешанамудаашон исбот менамояд, Савганди касбт мебошад. Бояд қайд намуд, ки рафтори хизматии корманди сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама дар муқоиса бо рафтори шаҳрвандон аз рӯи хусусиятҳои худ фарқ мекунанд. Инчунин, рафтори хизматии кормандони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар асоси ойинномаҳо, низомномаҳо, дастурҳо дар бораи хизмат ва дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти касбӣ, ки қабул гардидаанд, муайян гардида, риояи онҳо ҳатмӣ мебошад. Ҷузъи муҳими рафтори хизматии кормандони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ки мафҳуми баркамолии корманди низомӣ бо онҳо вобаста карда мешавад, инҳо мебошанд: Савганди ҳарбӣ, байрақи қисм, интизоми ҳарбӣ. Савганд-ваъдаи тантанавӣ барои садоқат ба коре ва ё қавле, инчунин садоқат ба ватан ва ифодаи вазифаи олии маънавии инсон дар назди халқу ватан мебошад. Аз ҷониби корманди сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ албатта, қабули савганд, амиқан дарк намудани моҳияти вазифаи хизматӣ, инчунин маънавии худ дар назди халқ, давлат ва ҷамъият мебошад. Кормандони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ҳарчи бештар масъулияти бузургро ҳангоми қабули Савганд дарк намояд. Чунки моҳияти ваъдаи тантанавӣ ифодагари ботини онҳо буда дар чунин шакл: «То ба охир ба халқи худ, Ватан ва коре, ки пеша кардаам содиқ бошам» ё «Агар ман ин савганди ботантанаи худро риоя накунам, бигузор дар чаҳорчубаи Қонунҳои ҷумҳурӣ қотеъона ҷазо бинам», ифода ёфтааст. Бояд ин суханон аз рӯи риё (худро некӯкор ва покдоман ба қалам додан, ба ҷо овардани коре барои худнамоӣ, дурӯягӣ) не, балки сидқан баён карда шуда, ҳисси масъулият дар фаъолияти касбии онҳо ҳамеша ҳамроҳ бошад. Содиқ будан ба Савганд бояд азми ботинии ҳар як корманд бошад. Аз ин хотир мехоҳам чанд масъалаҳои муҳиме, ки дар тақвияти ҳисси Ватандустӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба касбу савганд ҷойгоҳи хосса доранд пешниҳод намоем: ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – омили муҳими бақои миллат ва муаррифгари давлат; Албатта, яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ забони миллат аст. Бинобар ин яке аз нишонаҳои асосии муаррификунандаи миллати тоҷик забони тоҷикӣ мебошад, ки ҳамзамон омили асосии мавҷудияти мо тоҷикон аз таъсири мавҷҳои азими туркиву муғулӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо баромад намудааст. Маҳз забони тоҷикӣ буд, ки чун забони коргузории давлату халқиятҳои аҷнабӣ баромад намуда арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти моро ҳифз намуда, ҳастии моро таъмин намудааст. ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ - интиқолдиҳанда ва муҳофизи арзишҳои миллӣ; Албатта, фарҳанг фарогири кулли дастовардҳои моддиву маънавии инсоният дар тулии таърих мебошад. Бинобар ин метавон гуфт, ки тоҷикон чун мардуми фарҳангофар дар ҷаҳон шинохта шудаанд. Аз ин хотир моро лозим аст, ки кулли ганҷинаҳои фарҳанги миллии худро эҳтиром гузорем, ҳифз намоем то, ки дар раванди бархурди фарҳангу тамаддунҳо истодагарӣ карда тавонем. ВАҲДАТ – сарчашмаи пирӯзиҳост; Ба ҳамагон маълум аст, ки муҳимтарин дастоварде, ки миллати тоҷик тавонист дар охири саддаи ХХ ба даст оварад яке Истиқлолият ва дигаре Ваҳдат мебошанд. Дар ин замина моро лозим аст, ки ҳарчи бештар моҳияти аслии ин ганҷинаҳои миллии хешро ба зеҳнияти ҷомеа, хосатан ҷавонон расонем. Чунки Истиқлолият ормони миллати ваҳдатофару ваҳдатшиноси тоҷикон буд ва имрӯз низ чун гавҳараки чашм онро ҳифз бояд кард. КОНСТИТУТСИЯИ – шиносномаи миллат; Рӯзи 6 ноябр дар таърихи давлатдории миллии мо - тоҷикон санаи бисёр муқаддас, пурифтихор ва сарнавиштсоз мебошад. Конститутсия ин кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ташаккулёбии шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон бояд ҳарчи бештар таблиғ карда шавад. РАМЗҲОИ СИЁСӢ, ҳамчун муқаддасоти миллӣ; Яке аз муқаддасоти милливу давлатии мо тоҷикон ин Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ мебошанд, ки чун арзиши волои миллӣ ифодакунандаи ормонҳои чунин миллати соҳибтамддун дар ҷаҳон буда, ҳамзамон муарификунандаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баромад менамоянд. Парчам дар таърихи тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, ҳамчун нишонаи соҳибдавлатии ин миллат ба замони Пешдодиён рост меояд. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони миллати тоҷик қабилаҳои ориёнажод аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишонаи миллӣ буданд, ки онро «Меҳроб» ё «Фарри Ориёӣ» меномиданд, ки ифодаи рамзи хуршед, покизагӣ ва нишони абадият мебошад. Парчами давлатиро ҳар яки мову шумо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстию шаҳрвандт, ифтихори миллӣ ва дарки масъулият эҳтиром ба ҷо оварем. ПЕШВОИ МИЛЛАТ - бунёдгузори давлати миллӣ Аз таҷрибаи рӯзгори башарият маълум аст, ки дар ҳар як давраи таърихӣ барои берун кашидани ҷомеа аз мушкилоти сиёсӣ ва умуман буҳрони маънавӣ, шахсиятҳое ба арсаи идоракунӣ падид меоянд, ки бо пайкори хеш дар сарнавишти халқу миллатҳо нақши бузург мегузоранд. Бинобар ин бе шак имрӯз миллати соҳибназари тоҷик ва тоҷикистониён гуфта метавонанд, ки дар таҳкими Истиқлолият ва буёди давлатдории миллӣ, нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа бузург мебошад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемисли худ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд. Дар натиҷа, Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд соҳиб гардидааст. Зеро бо дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳо метавон дарёфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чӣ роҳеро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро ноил шудаанд. Дар ин асос метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ба Пешвои муаззами миллати худ муҳтарам Эмомали Раҳмон дар чист. Бинобар ин кулли олимону донишмандон, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва марказҳои таҳлилиро лозим аст, ки хизматҳои Пешвои муаззами миллатро, ки фаррохтар аз доираи манфиятҳои як миллату давлат буда, характери ҷаҳонӣ доранд ҳарчи бештар муаррифӣ намоянд. Дар ин сурат омили мазкур метавонад ҳамчун мактаби ҷавонмардӣ ва давлатсоз дар раванди тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавонон ҳарчи бештар хизмат намояд.
Дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Самиъзода Бахтиёр Салимович

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...