Сада – ҷашни қадими тоҷикон
Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” мегӯяд Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Мувофиқи ривояти Абулқосими Фирдавсӣ, ки дар “Шоҳнома”–и безаволи худ бо муҳаббат ва ғурури ватандӯстона аз бузургӣ ва бостонӣ будани ин ойини ниёкон сухан гуфта, онро намунаи олии суннати Пешиниён донистааст.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Унсурӣ
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъд маҳз бо пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Таърих нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашну анъанаҳои миллӣ эҳё мегарданд. Сада ҷашни қадими тоҷикон аст. Ин анъана, аз давраи Пешдодиён аз подшохии шоҳ Ҳушанг оғоз ёфта дар давраи Сомониён ва то асри 12 ҷашн гирифта мешуд.
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз аркони Сада афрӯхтани гулханҳои хурду калон маҳсуб меёбад, ки дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамуданд. Оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад. Парандаи дӯстдош¬таи айёми ҷашни Сада хурӯс аст, ки мардумро аз дамидани рӯшноӣ хабар медод.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то асри XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъд аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:
«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст»
Мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯи анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.
Деҳқонон айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат, нуриҳои заруриро даст¬рас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин, шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ чорабиниҳоро ҷиҳати беҳтар намудани сифати ғизояшон, ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи онҳо аз касалиҳо ва ғайра амалӣ мегардонанд.
Дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар аз донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин гизо - мошкичрӣ, лӯбию нахудшӯрак, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширруған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра омода мегардад. Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, умоч, далда дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарманд. Ҳамзамон, хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо себ, тарбузу ангур, оро медиҳанд.
Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст:
Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрухтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар бомӣ хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишораи таърих, ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташи бузург баргузор мешуда аст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар муошират мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада, ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст.
Ҷашни Сада сад рӯз баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва 50 рӯз то Наврӯз таҷлил мешавад. Фирдавсӣ оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок мебошад.
Моҳиятан Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр, муҳаббат ва рӯ овардан ба рӯшанист.
Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 29-30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.
Сада дар забони Авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо, таваллуди дигаре барои Хуршед ё Меҳр донем, метавон он рӯзро ҳамоҳанг бо даҳумин ва чиҳилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми тоҷику форс ҷашн гирифт.
Донишманди шинохтаи Эрон Ҳошими Ризоӣ дар бораи истилоҳи Сада менависад, ки Сада вожаи форсӣ аст. Сада дар забони паҳлавӣ ба шаклҳои мухталиф омадааст: сат, сатаг, садҳаг, садҳ, сата. Дар арабӣ бошад ба шакли сазаҳ, ё садақ талаффуз мешавад.
Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авесто истилоҳи “сата” ба маънои сад, адади сад мебошад. Чунончи, дар форсӣ низ “сада ба маънои сад сол дар баробари қарн ба кор меравад.
Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми щаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он анъана будааст.
Дар охир ҳаминро бояд қайд намоем, ки халқи тоҷик таърих ва фарҳанги куҳан дошта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ мегузорад, барои эҳё кардану ғановатманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш саъю талош менамояд.
Қобили зикри хос аст, ки ҷашни Сада дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳастиву ҳувияти мо – тоҷикон маҳсуб ёфта, гиромидошти он аз ҷумлаи роҳҳои муассири тақвияту густариши хештаншиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.
Сулаймонзода Рустам,муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ Факултети № 2 Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия.