Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…

125(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 21-уми декабри 2021)

«Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини ба дӯш гирифтани масъулияти роҳбарии миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон, ҳамчун фарзанди фарзонаи ин миллат, ҳифзу густариши забони миллиро дар мадди аввал гузошт, барои рушду густариши забони миллӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (05.10.2009) ва барои амалӣ сохтани муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Ҳукумати мамлакат, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ки имрӯз он дар назорати иҷрои муқаррароти Қонун, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳои гуногун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмӯъ татбиқи сиёсати давлатии забон, масъулияти бисёр муҳим дорад, саҳми босазо гузошт. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари он ҳама ташвишҳо ва заҳматҳои кори давлату давлатдорӣ асари мондагору ҷовидонае бо номи «Забони миллат - ҳастии миллат»-ро таълиф намуданд, ки дар ду ҷилд ба чоп расида армуғони сазовор ба мардуми тоҷик гардид. Ин асари бунёдии илмӣ барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ гардида, рушди забони тоҷикиро аз давраҳои бостон то асри XIII инъикос менамояд. Забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омад. Имрӯз садои забони дарии тоҷикӣ дар тамоми ақсои олам танинандоз аст ва ба ҳайси як забони давлатӣ қудрату тавоноии худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ, илмиву маърифатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷилва овард. Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Масъалаи рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи забон маҳсуб меёбад. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои хеш иброз намуданд: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Дар қатори омӯхтани забони миллати хеш омӯхтани забонҳои дигар низ беманфиат нахоҳад буд. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд. Ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардида, озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд. Зеро ба қавли шоир:
Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест.
Надонӣ гар забони миллати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.
Барои омӯхтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Озодона ҳамаи сохаҳои ҳаёти худро омӯхта аз худ намоем, то омӯхтани забонҳои хориҷӣ осонтар шавад, Чунин андешаро мо дар осори шоири мумтози адабиёти классикии тоҷик Тошхӯҷа Асирӣ низ дарк мекунем:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», (аз 21-уми декабри 2021) ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда қайд карданд: «Зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад».
Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барномаест, ки ҳадафу муҳтавои барнома ва амалисозии давра ба давраи нақшаи он натиҷаҳои хуб ба бор оварда истодааст. Барномаи зикргардида низ бо мақсади он таҳия гардидааст, ки мушкилоти мавҷударо дар соҳаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, роҳҳои имконпазири ҳалли онҳоро пешбинӣ намояд ва шароитеро, ки ба рушди таҳсилоти бисёрфарҳангию бисёрзабонӣ мусоидат мекунанд, муҳайё созад ва роҳҳои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муайян менамояд. Дар ҷаҳони муосир донистани якчанд забон имкониятҳои насли ҷавонро васеъ гардонида, шароит муҳайё месозад, ки неруи хешро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият самаранок татбиқ намоянд. Инчунин дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва қодиранд, ки аз ин забонҳо дар шароити муоширати ҳаррӯза ва касбӣ самаранок истифода баранд, меафзояд. Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ таъмин менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон дар кишвар дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарро таъмин намуда, имкон медиҳад, ки онҳо низ аз бар карда шаванд.
Вазъи имрӯзаи фаъолияти забони давлатӣ ва бисёрзабонӣ дар ҷумҳурӣ аз натиҷаҳои муносибатҳои сиёсӣ нисбат ба забони ин давра муайян мегардад. Илми забоншиносӣ қонуниятҳои вобастагии сатҳи бисёрзабониро аз дараҷаи донистани забони модарӣ ба таври назаррас муқаррар намудааст. Хуб донистани забонҳои русӣ ва англисӣ бе амиқ донистани забони модарӣ имкон надорад, вале дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашиданро надорад. Тибқи Барномаи давлатии омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омӯзиши забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, инчунин аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо барои тарбияи шахсияти забондон, рушди сифатҳои маънавӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ва шинос шудан бо фарҳанги рус, англис ва ҷаҳонӣ нақши пешбаранда дорад. Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ нақши муҳим мебозад. Зеро ҳаёти имрӯза ва ояндаи кишвар рушди ҳаматарафаи онро бидуни равобит ва ҳамкориҳо бо мамлакатҳои дуру наздики олам тасаввур карда наметавонем, зеро таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои дунё ба ин шаҳодат медиҳанд ва раванди инкишофи ҷаҳони муосир онро тақозо мекунад. Дар чунин шароити таърих забондонӣ ва бисёрзабонӣ дар ҳаёти ҷомеа ва ҳар як фарди он ҳамчун амри ногузир ба вуҷуд меояд ва маънои ин ҳикмати халқ “Забон донӣ- ҷаҳон донӣ” хубтар дарк мешавад. Дар ҳақиқат ҳам забондонӣ омили пешрафти сиёсату давлатдорӣ ва фарҳанги волою ҷомеаи мутамаддин маҳсуб меёбад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Бисёрзабонӣ ба бунёди ҷомеаи нави пешрафта мусоидат мекунад”, вале набояд фаромӯш кард, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст.
Давлатшозода Азиза, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...