Раванди нави сиёсати хориҷии Афғонистон ва дурнамои таъсири рушди эҳтимолии он барои Осиёи Марказӣ
Буҳрони сиёсии Афғонистон беш аз чор даҳсола идома дошта, ба эътидол овардани вазъияти ин кишвар барои ҷомеаи бисёрқавмии Афғонистон хеле душвор мебошад. Афғонистон ба як минтақаи бозиҳои геополитикии абарқудратҳо ва қудратҳои минтақавӣ тадбдил гардида, онҳо баҳри ҳимояи манфиатҳои худ бозиҳои гуногунро роҳандозӣ намуда, тайи солҳои тӯлонӣ муборизаҳои худро пинҳону ошкорро дар хоки Афғонистон идома медиҳанд.
Агар ба таърихи ин муборизаҳо нигарем, пас хоҳем дид, ки мардуми ин кишвар чӣ мушкилиҳоеро паси сар гузошта, дар мубориза барои озодӣ ва дифои марзу бум мардуми Афғонистон кушиш намудаанд, вале то ба ҳол ба онҳо муяссар нашудааст, ки қудратро ба даст гирифта, роҳро ба сӯи ободию шукуфоии ин кишвар ҳамвора созанд.
Ба таърихи бозиҳои геополитикӣ ва ё таҳти нуфуз қарор додани Афғонистон назар андозем, метавонем мушоҳида кард, ки ин давоми он «Бозии бузург»-и геополитикии нимаи дуюми асри XIX мебошад, ки бозингарони асосии он Империяҳои Британияи Кабир ва Россия буданд. Дар натиҷаи рақобатҳои геополитикӣ, бинобар манфиати абарқудратҳо масъалаи тақсимоти нуфуз ва муайян намудани сарҳади Осиёи Марказӣ бо Афғонистон пайдо гашта, соли соли 1895 бо тақсими Помир ба анҷом расид. Хати сарҳад дарёи Панҷ муайян гардид, ки минбаъд чун сарҳади ҷанубии Осиёи Марказӣ бо Афғонистон шинохта шуд. Замони Шӯравӣ он сарҳади собиқ ИҶШС (СССР) ва Афғонистон ва ҳоло сарҳадҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон, ҳамчунин сарҳади ҷанубии ИДМ шинохта мешавад.
Соли 1973 Иттиҳоди Шӯравӣ табаддулоти зиддишоҳии Муҳаммад Довудро дастгирӣ менамояд. Афғонистон боз ба меҳвари манфиатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ табдил меёбад.
Иттиҳоди Шӯравӣ 25 декабри соли 1979 ба Афғонистон қувваҳои низомиро ворид кард. Сабаби аслӣ ин ба ҳимояи манфиатҳои ИҶШС рабт дошта, инчунин пешдастӣ дар таҳти нуфӯзи худ қарор додани Афғонистон аз сӯи Шӯравӣ мебошад.
Соли 1989 нерӯҳои Итиҳоди Шӯравӣ пурра аз хоки Афғонистон берун кашида шуд. Итиҳоди Шӯравӣ тавонист 10 сол дар хоки Афғонистон баҳри ташкили режими сиёсии тобеъ ва дигар ҳадафҳои судмандаш қарор гирад.
Баъди хуруҷи нерӯҳои Итиҳоди Шӯравӣ аз кишвар, гурӯҳҳое, ки худро муҷоҳидин мехонданд баҳри ба даст гирифтани қудрат муборизаро оғоз намуда, кишварро ба минтақаҳо тақсим ва дар ҳар яке низоми диктатурии хоси ҳамон маҳалро ҷорӣ карданд. Аз ин кашмакашиҳои дохилӣ ва ба ҳам наомадани муҷоҳидин, дар тақсими қудрат ҳимояи манофеи шахсию қавмӣ ва сарпарастони хориҷии худ гурӯҳе бо номи “Толибон” арзи ҳастӣ намуда, қудратро дар даст гирифт. Толибон аз оғози таъсис ба ҳар гуна дастоварду таҳаввулоти илмию фарҳангӣ душман буда, бо эҳсоси нафрат ба ҳар падидаи низоми дунявӣ, ки тӯли солҳо дар Афғонистон шакл гирифта буд рафтор мекарданд. Ҳукумати толибон дар Афғонистон аз соли 1996 то соли 2001 давом намуд. 11 сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорк ва Вашингтони ИМА амалҳои террористӣ сар заданд, ки дар анҷоми он гурӯҳи террористии «Ал-қоида», ки дар Афғонистон панаҳ мебурданд, муттаҳам гаштанд. Ҳамин тариқ, Амрико бо муттаҳидонаш аз НАТО дар зери шиори “Озодии шикастнопазир” ва амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ вориди хоки Афғонистон шуда, сабаби оғози марҳилаи дигари ҷанг дар ин сарзамин гардид.
Дар муддати 20 сол Амрико баҳри мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар хоки Афғонистон қарор дошт, аммо натавонист муваффақ шавад.
То хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистон вилоятҳои ин кишвар пай дар пай суқут карданд ва дар натиҷа 34 вилояти ин кишвар ба дасти гурӯҳи Толибон гузашт.
Акнун марҳилаи нав дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Афғонистон оғоз шуд. Дар марҳилаи нави сиёсати хориҷии ин кишвар, ба хусус баъди ғасби дубораи қудрат аз сӯи Толибон ягон давлати дунё ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.
Ба тамоми мардуми сайёра маълум аст, ки Ҳукумати қонунии Афғонистон аз ҷониби ин гурӯҳи террористӣ ба таври зурӣ баъди баромадани нерӯҳои Амрико ва НАТО ғасб шудааст. Ин гурӯҳи радикалӣ аз ҷониби дигар кишварҳо идорашаванда танҳо ҳадафи пурра исломӣ кардани Афғонистонро надорад, балки ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ақидаи нодурусти худро талқин хоҳад кард.
Ҳукумати кунунии Афғонистон аксарият аз қавми паштунҳо мебошанд. Ин шакли идораи кишвар нобаробарӣ дар тақсими қудрат миёни тамоми қавму миллатҳои дохили Афғонистон мебошад. Тақсимоти қудрат аз ҷониби Толибон норозигии ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овардааст.
Пайваста гурӯҳи Толибон тариқи васоити ахбори омма аз беҳбудии авзои дохилии кишвар гузоришҳо пахш мекунанд, вале он асоси воқеӣ надорад, зеро Афғонистон дар вартаи шадиди буҳрони иқтисодӣ гирифтор аст. Моҳиятан ин гузоришҳоро метавон танҳо барои заминаи эътирофи режими сиёсии онҳо (Аморати Исломии Афғонистон) ва ҳукумати навсохташон маънидод намуд. Онҳо мехоҳанд бо ҳамин роҳ сиёсати хориҷии худро тақвият дода эътимоди давлатҳои дунёро ба даст оваранд ва ба расмият шинохтани ин гурӯҳ ҳамчун ҳокимони нави Афғонистон мушкилоте эҷод нанамояд.
Кишварҳои дунё бо ҳар тариқ бо ин гурӯҳ дар тамосанд ва ҳамкориро оғоз кардаанд, вале ба расмият нашинохтаанд, ки инро метавон ҳамчун бозии нав дар сиёсати хориҷии давлатҳо донист. Зеро гап сари ду масъалаи асосӣ меравад. Яке ҳамкорӣ баҳри рушди иқтисоди миллии кишварҳо, дигар ин эътирофи расмӣ мебошад. Нозукии асосӣ дар он аст, ки ин гурӯҳ бо роҳи зӯрӣ дар Афғонистон ба сари қудрат омада, ҳамзамон ҳамчун гурӯҳи террорристӣ ва экстремистӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эътироф шудааст.
Сиёсати нави Толибон дар Афғонистон барои худи мардуми ин кишвар ва давлатҳои ҷаҳон хушоянд нест. Зеро ҳокимиятро ашхосе ба даст гирифтаанд, ки пурра намояндагони як қавму қабилаанд ва халқиятҳои дигар дар ҳокимияти навтаъсиси ин гурӯҳ роҳ наёфтаанд, ки ин метавонад ба ҷангӣ нави шаҳрвандӣ дар дохили Афғонистон оварда расонад. Мавқеи тоҷикон ва ӯзбеку ҳазора бояд ба назар гирифта мешуд. Ба хусус тоҷикҳо, ки аксариятро ташкил медиҳанд ва зиёда аз 46 фоизи аҳолии Афғонистон тоҷикҳо мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Тоҷикистонро эълон намуд:
- Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд;
- Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад:
- Сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.
- Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.
- Тоҷикон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
- Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳарчи тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад.
- Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афғонистони метавонад ба ҷанги давомнокӣ шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад.
- Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Ин танҳо мавқеи роҳбари Тоҷикистон нест, балки мавқеи кулли мардуми кишвар ва тоҷикони дунёст.
Дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарназардошти таҳдиди ифротгароӣ ба амнияти давлатиашон роҳи муколамаро бо ин гурӯҳи террористӣ пеша карданд, ки кишварҳои минтақаро дар ҳолати инзиво қарор додааст. Мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамгироии давлатҳои минтақа ва ҷаҳон роҳи асосӣ баҳри решкан намудани ин зуҳроти номатлуб аст, аммо сиёсати духураи абарқудратҳо ва қудратҳои минтақавӣ баҳри манофеи миллӣ наметавонад Афғонистонро ба воҳиди мустақил ва ороми минтақаю дунё табдил диҳад.
Аз ҷониби Афғонистон таҳдидҳои зиёде барои Осиёи Марказӣ ба амал омаданаш мукин аст. Ин таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои минтақа аз лиҳози идеологӣ ва ифротгароӣ зиёдтар ба назар мерасад. Аз ин лиҳоз давлатҳои минтақаи Осиёи Марказиро мебояд баҳри мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб якҷоя амал намоянд.
Дар ҳоле, ки кишварҳои дунё ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият нашиносанд ва фишорро болои онҳо зиёд намоянд дар сиёсати дохилию хориҷии ин кишвар шояд тағйиротҳои куллӣ ба назар расад. Дар сурате, ки чунин амалкард ба вуҷуд ояд мумкин аст, ки мавқеи аққалиятҳои миллиро Толибон ба назар гирифта намояндаҳои онҳоро дар идораи кишвар роҳ диҳанд. Ҳамзамон аз таҳдиди террорризм, экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъадор аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя пешгирӣ намоянд. Шояд ҳамгирӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа дар бозсозии иқтисоди Афғонистон нақши муҳим бозад.
Дар ҳолати табдили Афғонистон ба як кишвари амн ва ҳаммашумул он таъсири мусбат ба минтақаи Осиёи Марказӣ, ба хусус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Аз лиҳози дину мазҳаб ва фарҳанг Тоҷикистону Афғонистон умумияти якхела доранд, ки ин боиси боз ҳам рушд намудани муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ мегардад. Тоҷикистон метавонад тариқи қаламрави Афғонистон ба бандарҳои обии наздик роҳ ёбад. Пеш аз ҳама Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози таҳдиди гурӯҳҳои ифротӣ дар амон мемонад. Хулоса, беназмӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар хоки Афғонистон дурнамои рушди кишварҳои минтақа, ба хусус дар қаринаи баромад ба бандарҳои баҳрҳои ҷанубӣ норушан боқӣ хоҳад монд.
Ҳалимзода Д.О., омӯзгори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия