Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наҷотбахши миллати тоҷик

4124151Мегӯянд, давлатдорӣ лахчаи оташ аст, ки рӯйи каф мегиреду онро бояд ба манзил расонед, то ҳам мурод ҳосил шаваду ҳам дастатон насӯзад. Соли 1992 чун роҳбарии кишварро ба дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доданд, гӯё дар кафи дасташ лахчаи оташро гузоштанд, зеро миллати тоҷик дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт. Тамоми мулкро камондорон идора мекарданд. Мансабдорон ҳама гӯшаи оромро интихоб намудабуданд. Ҳамсафаре, роҳбаре, шахси сарсупурдаи миллатро ёфтан душвор буд. Аммо Ӯ хоҳару бародарони ҳамфикру ҳамдил ва далеру ғаюрро ба атрофаш ҷамъ намуда, барои татбиқи нақшаву ниятҳо ва ормонҳои беҳсозандаи рӯзгори мардуми баҳоргумкарда талош варзид. Батадриҷ андешаҳои вусъатободӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷойи яъсу ноумедиҳоро мегирифт. Он нукта ӯро азоб медод, ки баъзе аз душманони беруна ҷанги шаҳрвандиро асос намуда, тоҷиконро на аз нажоди ориёӣ, балки аз қавми омехтаи юнониву турку араб медонистанд. Ин масъала ӯро ба омӯзиши ҷиддии таърихи Ватан кашид. Зиндагиномаи мардуми тоҷикро пур аз саҳифаҳои рангини ҷоннисориҳову худфидоиҳо дар сангарҳои ватанхоҳӣ дарёфт. Ӯро ба андешае овард, ки ҷавонмардони тоҷик дар майдони мубориза ҳамеша мард буданд, ҳилла ва фиребу найрангро намедонистанд. Онҳо ҳама бурду бохтро аз худ медиданд. Агар шикаст мехурданд, иллатро аз хориҷи кишвар намекофтаанд. Гоҳо ба ҳам дарафтанд ҳам, оқибат ҳисси амиқи худогоҳию хештаншиносӣ онҳоро ба сари сулҳу салоҳ ва авфи гуноҳҳои якдигар меоварад. Ин хулосаи дуруст ӯро ба сӯи хатми ҷанг ҳидоят мекард. Вале ҳалли масъалаи дигар пеш омад: бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик дар тамоми ҷаҳон ҷор мезаданд, ки раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вакилони дастнигар интихоб кардаанд, на мардум. Бинобар ин сабаб интихоботи Президенти мамлакатро эълон намуданд.
Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Дар он вақтШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба душ гирифта, самти тараққиёти онро дар ИҷлосияиXVI муайян кард. Мардум аз миёни довталабони ин мансаб ӯро пазируфтанд. Ин ба вай қувват бахшид. Аз пайи хомӯш сохтани ҷанг шуд. Азбаски халқ пуштибонаш буду нияташ соф, аз сафари нахустинаш аз Хосдеҳи Афғонистон паёми сулҳу сафоро овард. Садои даҳшатангези тир дар сарзамини тоҷикон хомӯш гардид. Хираду анъанаи ҷангбезорию сулҳсолории мардуми тоҷик ғолиб омад ва созшномаи сулҳу суботи кишвар 27 июни соли 1997 ба имзо расид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон вақт ҳадиси суботбахшеро ба забон оварда буд: “То даме, ки охирин гурезаро аз дари ғарибӣ ба хоки муқаддаси Тоҷикистон бознагардонам, осуда нахоҳам буд”. Ӯ ба савганди худ вафо кард ва фирориёни Ватан чун мурғакони пазмони лонаву макон ба сарзамини аҷдодиашон баргаштанд ва ба кори ободиву созандагӣ пайвастанд. Сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагӣ Тоҷикистонро ба роҳи бунёдкорӣ, пешрафт ва тараққиёт бурд.
Пешвои миллат аз он ифтихор доштанд, ки Тоҷикистони азиз паҳновар, ганҷовар ва мардпарвар аст. Рӯҳбаланд аз қуллаҳои сар ба афлоки Ватан, аз оби зулоли чашмасорону рӯдхонаҳо чун шири модар сафед мегардад. Имони комил дорад, ки хоки Тоҷикистон нӯшдорусту боди Тоҷикистон малҳам, оби Тоҷикистон ширинтар аз шаҳду қанд аст ва оташи Тоҷикистон зиндагиафрӯз.
Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар санаи 06.11.1994 қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дарҷ шудаанд.
Хулоса ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо - шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, шохоби як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигзорем ва бо исми миллат ифтихор кунем.
Мо таҳти роҳбари ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем.

Мирмахмедов Табрез,
курсанти курси 4 факултети № 6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...