Сада - ҷашни миллии тоҷикон
Ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, ҷашни миллӣ буда, анъана ва оину суннатҳои ниёгонро дар худ нигоҳ дошта, то ба замони мо мустақилияти худро ҳифз намудааст. Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимои башарӣ иртибот доштааст. Ба ҳамин тартиб, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ бархоста аз кашфиётест, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеи башарӣ будааст. Аз қабили кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба улуми кишоварзӣ, тиб, риёзӣ ва ғайра. Барои мисол, Каюмарс тибқи ривоёти «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ аввалин касе буд, ки тоҷи подшоҳӣ бар сар ниҳода, низоми ҳукуматдориро бунёд гузоштааст. Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обёрию санъат ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ ошно сохт ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат дода мешавад.
Дар сарчашмаҳои адабӣ ва тафсирҳои мавҷуд то кунун дар мавриди ҷашни Сада маълумоти фаровоне гирд омадааст, ки аксаран аз таъбиру тафсири луғавии худи калимаи “сада” шурӯъ мегардад, ки решаи он ҳанӯз барҷой ва роиҷ аст, ки шумори сад (100) мебошад. Аз ҷумла дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”-и таълифи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ омадааст: “Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад”.
Дар воқеъ, Сада ҷашни қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ, омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.
Ҳамон гунае, ки ҷашни Наврӯз ва Меҳргон дар осори шоирону адибони тоҷик инъикос ёфтааст, оҳанги Сада низ дар осори файласуфон ва шоирони гузаштаи мо, аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Фирдавсиву Манучеҳрӣ, Анварӣ, Унсурӣ, Умари Хайём ва дигарон низ ривоҷи зиёде дорад, ки Хоқонии Шервонӣ дар ин маврид чунин гуфтааст:
Фархунда кард Хусрави Машриқ ба фарри ту,
Наврӯзи фарруху Садаву Меҳргони хеш.
Ҳамчунин шоир ва файласуф Умари Хайём пайдоиши ҷашни Садаро ба замони Афредун нисбат дода, дар «Наврӯзнома» чунин зикр намудааст: “Афредун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигирифт ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷабру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд”.
Ҳамчунин, дар бораи бунёнгузори ин ҷашн ҳам назари ғолиб бар Ҳушанг –дувумин шоҳи силсилаи Пешдодиён, набераи нахустин шоҳ–Каюмарс ва фарзанди Сиёмак далолат мекунад. Аҳёнан, ин ҷашн ба Фаридун низ нисбат дода шудааст, ки дар ин хусус дар “Фарҳанги асотир” баён гардидааст.
Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки маълумот дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ хеле муфассалтар ва пурмаънотар, аз он маълумотест, ки дар ҳамин китоб дар бораи Наврӯз ва Меҳргон омадааст. Агар дар хусуси зуҳури он ду ҷашни бузург шоир ба даҳ то чордаҳ байт иктифо карда бошад, дар хусуси зуҳур ва оғози ҷашни Сада шумори абёт хеле бештар аст ва гузашта аз ин, дар хусуси он боби махсусе дар “Шоҳнома” низ вуҷуд дорад. Ба мислӣ:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун...
ё ин:
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз
Падид омад оташ аз он санг боз...
Читавре, ки Абуқосими Фирдавсӣ дар ин мисраъҳои шеърӣ баён кардааст. Ҳушанг дар шикоргоҳ бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш гузар мекард, ки ногаҳон чашмаш ба мори сиёҳи тезтоз дарафтод ва мехост онро ба зудӣ нест кунад. Ҳамон лаҳза сангеро бардошта ба болои он ҳавола дод, ки он ба санги дигар бархурда, дар ин вақт аз зарбаи ду санг нури оташ ба вуҷуд омад ва мор ба дохили сангрезаҳо ҷаҳида рафт.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр,
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Аз ҳамон рӯзе, ки аз зарбаи ду санг оташ падид гардид, онро нури Хуршедӣ ном гузошта ва пайдоиши оташро ба Ҳушанг асос гузоштанд, ки ин кашфиёт бои истиқболи самимии мардум гардид.
Боз дар ин боб муҳимтару маънодортар ин нукта аст, ки кашфи оташ аз тарафи Ҳушанг дар зимни тадбирҳои паёпайи ӯ оварда мешавад, ки аз рӯйи моҳият онҳоро метавон тамаддунофаринӣ унвон кард.
Муҳимтарин дастовардҳо ва ихтироъоти Ҳушанг дар ин силсила онгуна ки дар “Шоҳнома” ёд шуда, аз ин қабил аст:
1. Кашфи оташ;
2. Ҷудо кардани оҳан (филизот) аз санг;
3. Кишту варз ва истеҳсоли маводи кашоварзӣ, ки то ин замон хӯроки мардум танҳо аз меваҷоти худрӯй буд;
4. Таҳияи пӯшоки мардум аз пӯсти (чарми) ҷонварон, ки то ин замон пӯшокашон барги дарахтон будааст.
Дар маҷмӯъ, мебинем, ки он чи барои рушду пешрафти се соҳаи фаъолияти асосии иқтисодии ҷомеаи инсонӣ, ки ҳанӯз ин ҷойгоҳро ҳифз кардаанд, яъне саноат, кашоварзӣ ва чорводорӣ дар замони Ҳушанг ва ба ташаббуси ин шоҳи бузург зербинои аслӣ бунёд ниҳода мешавад.
Бинобар ин мулоҳизаҳо, оташи ихтироъкардаи Ҳушанг нахустин партави дурахшон ва нерӯманди тамаддуни ҳаётии башарӣ буд ва онро “фурӯғи эзадӣ” донистан аст, ки ба баракати он зиндагии инсон сару сомон ёфт. Ин оташро дар ниҳоят ба неру (энергия) ҳам татбиқ кардан мумкин аст.
Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки маҳсули ин оташ сартопо хайру созанда (на сӯзанда) тавсиф мешавад ва он маҳсули ҷаҳду талоши инсони воломаниш дар як муҳити табиӣ ва дар доираи имконоти инсонӣ таъриф меёбад. Аз ин назар, бо достони пайдоиши оташ дар асотири миллатҳои дигар имтиёз ва бартарии равшан дорад.
Ҳушанг дар фарҳангҳо “Бахшандаи ҷойгоҳи хубу некӯманзар” тавсиф шудааст, аммо аз матни “Шоҳнома” ва майли Ҳаким Фирдавсӣ чунин бармеояд, ки решаи ин ном бо “ҳуш”, ки ба маънои дигар хирад ва равони хирадманд таъбир мешавад ва “анг” чун пасванди нисбатсоз корбурди фаровон дорад.
Ҳушанг аз қабили қаҳрамонони хушноми “Шоҳнома” чун Фаридуну Эраҷ ва Сиёвуш мебошад, ки минбаъд дар фарҳанги даврони баъдӣ низ аз онҳо фаровон ба некӣ ёд шудааст.
Метавон бо таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва муҳтавои “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, яъне ободонӣ, тамаддунофаринӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, рӯшангарӣ ва кишоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.
Хуллас, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёр гардидани миллати тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чанд сол боз ин ҷашни таърихӣ низ таҷлил мегардад, ки ин гуна иқдомҳои хирадмандона ва накӯ, боиси эҳёи оину суннатҳои ниёгон гардида истодааст.
Маҳмадшариф Гадозода, саромӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.
Идибекзода Ш., сардори кабинети кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти милитсия.