10 ДЕКАБР «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН»
Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон»10 декабри соли 2021 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон IV - умин конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» ташкил ва баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. бо сухани ифтитоҳӣ кори конференсияро оғоз намуд.
Бояд таъкид намуд, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, яке аз санадҳои байналмилалии асосӣ маҳсуб ёфта, он дар як марҳилаи басо муҳимми таърихӣ, ки дар аксарияти давлатҳо нобаробарии ҳуқуқҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳукмфармо буд, қабул гардида, барои рушди ояндаи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи босубот гузошт.
Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, диққати асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахс, доштани ҳуқуқҳои баробар, озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон равона гардида, оид ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд давлатҳои аъзоро ҳушдор дода, озодии сухан, виҷдон ва эътиқодро эътироф намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маврид иброз намуданд, ки «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати аввалиндараҷа диҳем».
Бояд иброз намуд, ки дар кори конференсияи мазкур зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Молдова, Озарбойҷон, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар муассисаҳои олии дохил ва хориҷи кишвар ворид гардидаанд.
Инчунин, дар рафти кори конференсия Буризода Эмомалӣ Бозор – мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор; Алимов Cуробшо Юсуфшоевич - профессори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор; Маҳмудов Изатулло Тешаевич – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, н.и.ҳ., дотсент; Сайфиддинов Азимҷон Аҳмадович – директори ташкилоти ҷамъиятии Хазинаи Авру-Осиёии Осиёи Марказии Тоҷикистон, н.и.ҳ.; Худоёрбеков Давлатбек Худоёрбекович – муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон; Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода - сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Сафарзода Ҳаёт Саидамир – сардори факултети № 2 Академияи ВКД ҶТ, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия; Давлатов Валиджон Азамович - ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар) ва дигарон бевосита иштирок ва суханронӣ намуданд.