Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кибертерроризм

Кибертерроризм
1111Азимзода, Н.Б., Авизова, Ш.Н., Азимов, Ҷ.Н. Кибертерроризм: монография. – Душанбе: Нашри Мубориз, 2021. – 232 с.
Монографияи мазкур аввалин татқиқоти комплексии илмие ба ҳисоб меравад, ки ба масоили кибертерроризм ҳамчун навъи нави кирдори террористӣ, бахшида шудааст. Дар асоси таҳлили сарчашмаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводи илмӣ масоилҳои мафҳум, моҳият, сабабҳои содири кибертерроризмва роҳҳои пешгирӣ намудани он, ба ҷамъият хавфнокии терроризм ва экстремизм, инчунин худи мафҳум ва таърихи ҷанги иттилоотӣ, татқиқоти илмӣ бурда шудааст. Таҳлили илмии мазкур метавонад барои ҷараёни таълим, ҳангоми тайёр намудани мутахассислони ҷавон, барои баланд бардоштани маҳорати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳияи дастурҳои таълимӣ-методӣ истифода бурда шавад.
Барои ҳуқуқшиносон, олимон, муҳаққиқон, аспирантон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доираи васеи хонандагоне, к ибо масоили кибертерроризм, ҷанги иттилоотӣ, терроризм ва экстремизм мароқ зоҳир менамоянд, муфид бошад.

 

Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ ва махсус. Маҷмӯаи масъалаҳо

2222Азимзода, Н.Б., Авизова, Ш.Н., Сотникова, Е.И. Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ ва махсус. Маҷмӯаи масъалаҳо: воситаи таълимӣ. – Душанбе: Нашри Мубориз, 2021. – 176 с.

Воситаи таълимии мазкур дар асоси барномаи таълимӣ аз фанни Ҳуқуқи ҷиноятӣ: Қисми умумӣ ва қонунгузории ҷиноятии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст. Он дар худ вазифаҳоро оид ба тамоми мавзӯъҳои Қисми умумии ҳуқуқи ҷиноятӣ, инчунин, номгӯи адабиётҳои истифодашударо оид ба ҳар як мавзӯъ дарбар мегирад, ки барои пешбурди дарсҳои амалӣ аз рӯйи Қисми умумии Ҳуқуқи ҷиноятӣ заруранд.
Барои омӯзгорон, аддъюнктон, аспирантон, шунавандагон, курсантон ва донишҷӯёне, ки бо ихтисоси “ҳуқуқшиносӣ” таҳсил менамоянд, тавсия карда мешавад.

 

Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат – роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон

3333Азимзода, Н.Б., Авизова, Ш.Н., Шарипов, Ф.Х.. Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат – роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон: монография. – Душанбе: Нашри Мубориз, 2021. – 160 с.
Монографияи мазкур аввалин тадқиқоти илмие мебошад, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар меҳвари ҳидоятҳои Пешвои миллат бахшида шудааст. Дар асоси таҳлили сиёсати давлатии ҷавонон, фикру ақидаҳои олимони ватаниву хориҷӣ ва адабиёти махсуси ба соҳаи таҳлилшаванда дахлдошта, дар монография масъалаҳои саҳми Пешвои миллат дар пойдевори сулҳу субот, тарбияи ҷавонон дар руҳияти ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллат, саҳми оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва ба ҷамъият ҳавфнокии терроризм ва экстремизм ва оқибатҳои он таҳлили илмӣ бурда шудааст.
Барои ҳуқуқшиносон, олимон, муҳаққиқон, аспирантон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагоне, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон мароқ зоҳир менамоянд, муфид бошад.

 

Хусусиятҳои хоси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазодиҳии ноболиғон. Ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгирӣ намудани он

4444Азимзода, Н.Б., Ҳусейнзода С.Ҳ., Авизова Ш.Н. Хусусиятҳои хоси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазодиҳии ноболиғон. Ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгирӣ намудани он: монография. – Душанбе: Нашри Мубориз, 2021. – 128 с.

Монография ба хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷинояткории ноболиғон бахшида шудааст. Дар асоси таҳлили пурраи илмӣ ва бо дарназардошти тағйиротҳое, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидааст, аз ҷониби муаллифон нисбати масоилҳои ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгирӣ намудани он тадқиқот бурда шудааст. Монография метавонад барои ҷараёни таълими ҳангоми тайёр кардани мутахассисони ҷавон, барои баланд бардоштани маҳорати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳқиқи дастурҳои таълимиву методӣ истифода бурда шавад.
Ба курсантон, донишҷӯён, аспирантон, адъюнктон, ки дар муассисаҳои таълими ҳуқуқшиносӣ таълим мегиранд, тавсия карда мешавад.


Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ. Маҷмӯаи масъалаҳо ва нақшаҳо: воситаи таълимӣ

5555Азимзода, Н.Б., Ҳусейнзода, С.Ҳ., Авизова, Ш.Н., Муродзода Ф. Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ. Маҷмӯаи масъалаҳо ва нақшаҳо: воситаи таълимӣ. – Душанбе: Нашри Мубориз, 2021. – 176 с.
Воситаи таълимии мазкур дар асоси барномаи таълимӣ аз фанни ҳуқуқи ҷиноятӣ ва қонунгузории ҷиноятии амалкунандаи ватанӣ омода шудааст. Он дар худ вазифаҳоро оид ба тамоми мавзӯъҳои Қисми умумии ҳуқуқи ҷиноятӣ, инчунин номгӯи адабиёти истифодашударо оид ба ҳар як мавзӯъ дар бар мегирад, ки барои пешбурди дарсҳои амалӣ аз рӯи Қисми умумии фанни таълимии ҳуқуқӣ ҷиноятӣ заруранд.
Барои омӯзгорон, адъюнктон, аспирантон, шунавандагон, курсантон ва донишҷӯёне, ки бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ таҳлил менамоянд, тавсия карда мешавад.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...