Мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ
Ассотсиатсияи байналмилалии Академияҳои полис - «INTERPA» моҳи июли соли 2011 дар шаҳри Истамбул созмон ёфта буд. Дар ибтидои созмонёбӣ ба «INTERPA» - 23 давлатҳои Осиёву Аврупо аъзо буданд, аз ҷумла Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ. Амалияи муборизаи зидди ҷинояткорӣ тақозои онро доштанд, ки мутахассисон ва кормандони политсия аз таҷрибаи пешқадами якдигар дар самти мубориза зидди ҷинояткорӣ ҳарчи бештар бархӯрдор бошанд. Ҳамин рисолатро «INTERPA» ба зимма дорад ва соле як маротиба дар конференсияҳои худ сари ин мавзӯъ мубодилаи афкор доир менамояд.
Чунончи 10-умин конференсияи байналмилалӣ дар ш. Анталияи Ҷумҳурии Туркия 11-14 ноябри соли 2021 баргузор гардид, ки бо даъвати роҳбари Президенти (ИНТЕRPA) сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., муовини сардори Академия, полковники милитсия Ализода А.Ш. ва сарнозири маркази тестӣ подполковники милитсия Мирзозода Э.Э. ширкат варзиданд.
Тибқи барнома ҷаласаи кории Кумитаи иҷроияи «INTERPA» рӯзи 11 ноябр ба кори худ шурӯъ намуда, дар он асосан аъзоёни Кумитаи иҷроияи «INTERPA» аз 153 иштирокчиён ва 40 давлати ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон иштирок намуданд .
Рӯзи 11 ноябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагони расмии 40 давлат дар меҳмонхонаи Limak Atlantis Belek-и Анталия ҷамъ омаданд.
Рӯзи 12 ноябр конференсия ба кори худ оғоз намуд. Ҳамин рӯз, ҷамъомади пазироии меҳмонон сурат гирифт, ки дар он Президенти «ИНТЕRPA», доктор, профессор ҷаноби Йилмаз Чолак ва губернатори ш.Анталия Муҳаммад Акташ ба сухан баромада, тамоми меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки амалияи муборизаи зидди ҷинояткорӣ тақозои онро дорад, ки мутахассисон ва кормандони политсияи ҷаҳон ва махсус, мутахассисони Осиё ва Аврупо аз таҷрибаи пешқадами якдигар дар самти муборизаи зидди ҷинояткорӣ дар давраи пандемияи COVID-19 ҳарчи бештар бархӯрдор бошанд. Худи ҳамон рӯз ба Ассотсиятсия ҳамчун аъзо боз ду кишвари дигар дохил шуданд, ки онҳо Филиппин ва Ҳиндустон буданд.
Бояд гуфт, ки мавзӯи конференсия «Таъсири пандемияи COVID-19 ба фаъолияти политсия ва муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохилӣ» буда, ҳама баромадҳои иштирокунандагони ин чорабинии байналмилалӣ маҳз ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд.
Дар нимаи аввали қисми якуми рафти конференсия ҷаласаи навбатии аъзоёни INTERPA, дар он масъалаҳо оид ба ҳамкории манбаъда ва дурнамои фаъолияти ин Ассотсиатсия баррасӣ карда шуданд. Конфренсия аз 3 қисм иборат буд:
- Таъсири COVID-19 ба амнияти ҷамъиятӣ: Мушкилот ва имкониятҳои нав.
- Таълимот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи пандемияи COVID-19.
- Амният дар идоракунии иттилоот пас аз COVID-19.
Ҳамагӣ дар рӯзҳои конференсия 12 презентатсия пешниҳод шуда буданд, ки дар нимаи дуюми рӯзи аввал маърӯзаҳои намояндагони Австралия, Бангладеш, Туркия ва Ҳиндустон ба нақша гирифта шуда буд.
Намояндаи Австралия Мари Андерсон маърӯза дар мавзӯи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давоми COVID-19: Дурнамои полиси федералии Австралия»-ро пешниҳод намуд.
Муҳаммад Машариф Ҳусайн, ки намояндаи Бангладеш мебошад, маърӯза дар мавзӯи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: Тағйирот дар тафтишот ва пешгирии ҷиноят» пешниҳод намуд, ки маърӯзаи он ҳам ба масъалаи COVID-19 ва рафти фаъолияти мақомоти тафтишот бахшида шуда буд.
Осман Каябаши намояндаи политсияи Кипри Шимолӣ дар мавзӯи «Нақш ва аҳамияти политсия дар мубориза бар зидди COVID-19 дар Кипри Шимолии Ҷумҳурии Туркия» маърӯза намуд.
Баъдан намояндаи Академияи миллии политсияи Туркия Ҳакан Киличаслан мавзӯи «Сатҳи ҷиноятҳои бо тартиботи ҷамъиятӣ алоқамандбуда ва ҳифз ва хизматрасонӣ ба ҷамъият дар давраи пандемияи COVID-19»-ро пешниҳод намуд.
Пурви Покхариял – намояндаи Донишкадаи судӣ-криминалистии Ҳиндустон баромад дар мавзӯи «Нақши политсия дар баррасии парвандаҳо оид ба зӯроварӣ дар оила дар давраи пандемияи COVID-19»-ро пешниҳод намуд.
Баъди пешниҳод намудани маърӯзаҳо муҳокима ва саволу ҷавоб баргузор гардид, ки дар он намояндагони баъзе давлатҳо аз таҷрибаи худ оид ба фаъолияташон дар давраи пандемияи COVID-19 нақл намуданд.
Рӯзи дуюми конференсия, яъне 13 ноябр аз маърӯзаи намояндаи Фаластин Тарек Давабша оғоз шуд. Намояндаи Фаластин маърӯза дар мавзӯи «Мушкилоти таълимотӣ ба тариқи электронӣ дар политсияи Фаластин». Ду маърӯзачӣ намояндаи Туркия Мевлуд Кайнак буд, ки маърӯза дар мавзӯи «Тадбирҳои баамалбаровардашудаи таълимоти коргарони политсия бе тарки ҷойи кор ҳангоми пандемияи COVID-19»-ро пешниҳод намуд. Дар ин рӯз презентатсияҳои гуногун ба иштирокчиёни конфреренсия пешниҳод шуда буданд, ки дар қатори онҳо: Алексей Башан (Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус) бо маърӯза дар мавзӯи «Хусусиятҳои фаъолияти таълимӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус дар шароити COVID-19», Энрико Росси (Италия) бо маърӯза дар мавзӯи «Омӯзиш ва таълими афсарони аршади политсияи миллии Италия (Polizia Di Stato) дар замони COVID-19: чӣ гуна стратегияҳои таълимии политсия барои мубориза бо пандемия мутобиқ карда шудаанд» (дар шакли он-лайн), ду намояндаи Ветнам - Кванг Туан Лӣ дар мавзӯи «Хабарҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ветнам ҳангоми пандемия COVID-19: Хусусиятҳо ва мубориза» ва Дуан Трунг Сон бо маърӯзаи «Истифодаи технологияҳои нав барои таъмини амнияти мардуми Ветнам дар давраи пандемияи COVID-19», намояндаи Ҳиндустон Навин Кумар Чаудхари бо презентатсияи «Мушкилоти амнияти киберӣ дар давраи пандемияи COVID-19 ва идоракунии таҳдидҳои киберӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» ва Клаудио ди Персиа (Италия) бо презентатсияи он-лайн «Таъсири пандемияи COVID-19 ба фаъолияти политсия дар вилояти Генера» маърӯза намуданд.
Рӯзи 14 ноябр Эъломияи ниҳоии Кумитаи илмии INTERPA пешниҳод гардид, ки онро аъзоёни Ассотсиатсия қабул намуданд. Сипас, профессор Йылмаз Чолак - президенти INTERPA ва Академияи миллии полиси Туркия ба сухани хотимавӣ баромад карда, қайд намуд, ки пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонид ва таъсири он ҳанӯз идома дорад. Суръати рушд ва нишондиҳандаҳои иқтисодии кишварҳои дунё бо сабаби карантин ва дигар чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус коҳиш ёфтанд. Соли равон барои тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли санҷиши маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҷасорату матонат ба шумор меравад. Барои ин ба ҳамаи иштирокчиёни 10-умин конференсияи INTERPA сипоси худро оид ба фаъолона иштирок намудан дар чорабинии мазкур иброз намуда ва тавассути онҳо ба тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқ саломатӣ таманно намуд.
Бо ин конференсия кори худро ба охир расонид.
Рӯзи 14 ноябр тибқи барнома намояндагони Кумитаи иҷроияи «INTERPA» ва ҳамаи иштироккунандагон аз шаҳри Анталия дидан намуда, бо сардори Раёсати корҳои дохилӣ ва губернатори шаҳри Кония вохӯрӣ карданд.
Илова бар ин, ҳамон рӯз аз осорхонаи Анталия дидан намуда, бо таърих ва фарҳанги он аз наздик ошно пайдо карданд.
Конференсия ва вохӯриҳо дар сатҳи баланд, хотирмон ва самаранок доир гардиданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр