Ҷалби духтарони кӯҳистон барои таҳсил ба Муассисаҳои таълимии ВКД
Бо мақсади иҷрои талаботи Нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои банди 1-уми нақшаи кории якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе дар соли 2021 вобаста дар амал тадбиқ намудани Барномаи ислоҳоти милитсия барои соли 2021, дар заминаи Академияи ВКД гурӯҳи корӣ зери роҳбарии Раиси Шӯрои занони ВКД, дотсенти кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, полковники милитсия Хушвахтзода Бибихол ташкил карда шуд. Гурӯҳи корӣ аз санаи 25-ум то 29-уми октябри соли 2021 ба ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияҳои Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳ сафарӣ корӣ анҷом дод.
Албатта, ҳадаф аз ташкил намудани гурӯҳи корӣ, ҷалби духтарони кӯҳистон, алалхусус минтақа ва ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғд барои омӯзиш дар Муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла Академияи ВКД мебошад.
Фаъолияти гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷаласаҳои худро миёни хатмкунандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, директорони мактабҳо, роҳбарони бахши занон ва оила, мудирони шуъбаи маориф ва илм, намояндагони фаъоли ҷамоатҳо аз ҳисоби занон ва умуман намояндагони касбу кори гуногун баргузор намуда, аз чунин таваҷҷуҳи пайваста ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҷалби духтарони кӯҳистон барои таҳсил дар Муассисаҳои олии таълимӣ ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, қайд намудан зарур аст, ки салоҳияти гурӯҳи корӣ пеш аз ҳама дар доираи таблиғу ташвиқи имкониятҳои Муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ барои ҷалби духтарони кӯҳистон ба таҳсил ва пешниҳоди имтиёзҳои мавҷуда, ки барои онҳо муҳайё гардидаанд, иборат буд.
Дар ҳама суханрониҳо аз нақши занону модарон ва умуман духтарони болаёқат, ки имрӯзҳо дар пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳиссаи хешро мегузоранд ва барои ояндаи бақои давлатдории миллӣ ҳиссагузор мебошанд ёдоварӣ гардида, зикр карда шуд, ки аз шумораи умумии қариб 19000 нафар хизматчиёни давлатӣ 4500 нафар ё 25 фоизро занон ташкил дода, аз ҷумла 1100 нафар ё 19 фоизи онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Масалан, дар иншооти аҳаммияти стратегидоштаи неругоҳи барқи обии “Роғун” 750 нафар занону бонувон, аз ҷумла 40 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, беш аз 260 нафар дар неругоҳҳои “Норак”, “Бойғозӣ” ва 1500 нафар дар корхонаи “Алюминийи Тоҷик” кор мекунанд, ки зиёда аз 150 нафари онҳо роҳбарони бахшҳои гуногун мебошанд.
Аз ибтидои таъсис додани квотаҳои Президентӣ то соли хониши 2019-2020 зиёда аз 11 000 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, беш аз 10 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардида, ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ муваффақона фаъолият карда истодаанд.
Вобаста ба шумораи донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар бо дастгириҳои давлату Ҳукумат таҳсил менамоянд таъкид гардид, ки аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат машғули таҳсил мебошанд, 12300 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки занони тоҷик имрӯзҳо дар мақоми олии қонунгузори мамлакат, низ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.
Оид ба саҳми занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери тоҷикистонӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд ибрози андеша гардида, бо ин васила бори дигар ба самъи духтарони чунин минтақаҳои куҳистони кишвар аз кору пайкори занону модарон дар бунёди ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ёдоварӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯзҳо зери роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо мақсади тадбиқи амалии сиёсати созадаву наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занону бонувони мақомот, хосатан ҷалби духтарони кӯҳистон барои таҳсил ба Муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ҳама чораҳоро меандешанд то, ки ин қишри закӣ ва тарбиятгари ҷомеа ҳамеша пойдевории зиндагии насли имрӯзу ояндаи миллат бошанд.
Чунки, асри муосир бо равандҳои ҳассос ва мураккабе рӯ ба рӯ мебошад, ки масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зирракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.
Масъалаи муҳимтарине, ки дар раванди соҳибмаълумот гардидани аҳолии кишвар, аз ҷумла духтарони кӯҳистон метавонад омили калидӣ бошад, таъмин будани амният, сулҳу оромӣ ва умуман ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд, ки имрӯзҳо бо талошу ҷонисориҳои фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони биҳиштосои мо таъмин мебошанд.
Бинобар ин, ҳар фарди равшанзамир, алалхусус занону духтарони куҳистони кишварро зарур аст, ки аз чунин имконият ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи давлату Хукумат бештар истифода намоянд.
Сафари гурӯҳи корӣ, ки дар ноҳияҳои Исфара ва кӯҳистони Мастчоҳ, бо дастуру супоришҳои Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷараён гирифт, дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд сурат гирифта, дар ҳама ҷамъомаду суҳбатҳо намояндаи расмии раёсати мазкур моро ҳамроҳӣ намуда, ҳиссаи хешро дар ин ҷода расониданд.
Хушвахтзода Бибихол Гафур,
Раиси Шӯрои занони ВКД Ҷумҳуриии Тоҷикистон, полковники милитсия