Конститутсия - ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ
27 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани сиёсати хориҷии давлат заминаи устувор ва мусоид фа¬роҳам овардааст, ки натиҷаи он боз ҳам боло рафтани эътибори байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.
Мазмуни калимаи лотинии «конститутсия» барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан аст ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 27 соли мавҷудияти худ ба ин хусусиятҳои сиёсию ҳуқуқӣ пурра ҷавобгӯ будани худро нишон дода, муқаррарот ва принсипҳои дар он ифодаёфта, инъикоси ин санади сарнавиштсоз мебошанд. Бо қабули Конститутсия, мардуми шарафманди ватани азизамон бо нияту орзуҳои нек ба ояндаи ватану миллати худ, ҳуқуқи таърихии хешро ба рушди давлати соҳибистиқлол амалӣ намуд ва давлату Ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргуниҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагию бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои он имрӯз назаррас арзёбӣ мегарданд.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва миёни санад¬ҳои меъёрии ҳуқуқӣ санади олии дорои эът謬бори ҳуқуқӣ аз талаботи аввалиндараҷаи инсон ба ҳаёт, зиндагӣ, озодӣ, адолати иҷ¬тимоӣ, баробарӣ ва дахлнопазир будани ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба май¬дони сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид шудааст.
Чунонки дида мешавад, Конститутсия то ба дараҷаи соҳиб шудан ба унвони қонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешқадами фалсафию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя аз таҷриба ва арзишҳои вуҷуддоштаи давлату давлатдорӣ, анъ¬анаҳои қабул кардани конститутсияҳо, раванди конститутсионализм ва таҷрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (консти¬тут¬сияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 консти-тутсияи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро қабул ва эълон намуд.
Қабули Конститутсияи соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи саъю кӯшиш ва талошҳои роҳбарияти давлати тозабунёд ҷиҳати дарёфти роҳи инкишофи миллӣ ва давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери суол қарор дода буд, рост омад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дебо¬чаи худ халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эъ¬лон намуда, масъулияти таърихии онро дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муайян намуд. Мақсади таърихии худро дар баробари таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, му¬¬қаддас до¬нис¬тани озодӣ ва ҳуқуқи ҳар шахс, таъмин ва кафолати баробарӣ ва дӯстии тамоми хадқу миллатҳо, инчунин аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар арзёбӣ намуд.
Конститутсия имконият фароҳам овард, ки давлат тамоми шароит ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ ёфтан аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва якпорчагии давлат, баргардонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ, гузаштан ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ сафарбар намояд.
Ҳамин аст, ки дар мамлакат дар муддати кӯтоҳ дар натиҷаи таш¬кили дурусти фаъолияти мақомоти олии давлатӣ ва маҳаллӣ, душ¬во¬риҳо, нофаҳмиҳо ва оқибатҳои онҳо паси сар гардида, давлат ба шоҳроҳи бу¬зурги созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошт.
Конститутсияи мамлакати мо асоси суботи бардавоми сиёсии ҷомеа, ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар он ва рушди ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад.
Расидан ба ҳадафҳои давлату ҳукумат аз ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, риоя ва эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо ва аз ҳокимият фаъолияти бо низоми конститутсионӣ, таъмини кафолати ҳамаҷонибаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оштинопазириро нисбат ба қонуншиканиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҳама гуна мақомот ва кормандони онҳоро тақозо дорад.
Татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ бо назардошти амиқ дарк кардани манфиатҳои миллии мамлакат шаҳодати онанд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олию муҳими сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳои беназир раҳнамун месозад. Мо дар партави меъёрҳо ва муқаррароти Конститутсия ба ҳадафҳои конститутсионӣ–бунёди ҷомеаи адо¬латпарвар ва давлати иҷтимоӣ мерасем ва ба ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда муҳайё менамоем. Бо фаъолияти созандаю бунёдкорона эътибори миллат ва давлати худро боло мебарем ва барои ояндаи миллати худ давлати ободу зеборо ба мерос мегузорем.
Раҷабов Хайём,
аъзои Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД, курсанти курси 2-юми
факултети №2, милитсияи қаторӣ