Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони тоҷикӣ – забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ)

631Забони тоҷикӣ - забоне, ки дар Эрон: форсӣ ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Ӯзбекистон, агарчи тоҷикӣ забони ақаллият маҳсуб мешавад, вале дар ин кишвар зиёда аз 15 миллиён нафар ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: порсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн нафар мебошанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 48,6 миллион (2018) нафар ҳарф мезананд.Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII оғоз шудааст. Забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони фалсафаи материалистӣ илмӣ Фридрих Энгелс,шоири немис Гёте,шоири рус Есенин, шарқшносони маъруфи дунё Бертелс,Брагинский,Бартолд ва дигарон низ мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони он ворид мешаванд.

Забони форсӣ ба забонҳои порсиву дарӣ хеле монанд аст ва аҳолии кишварҳои Эрон, Ҳиндустон,Ӯзбекистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Афғ-онистон ва Покистон, Шарқи Наздик, инчунин дар Сангқалъаи Ҷумҳурии Халқии Чин бо ин забон гуфтугӯ мекунанд.
Дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд, ки шоҳаншоҳии бузурги Ҳахоманишиён, ки дар арсаи таърих бо фарҳанг ва тамаддуни худ беназир аст, пеш аз ҳама, бар пояи фарҳанги асили ориёӣ бунёд шуда, забони модарии хешро дар баробари забонҳои пурқудрату маълуми он замон — иломӣ ва ошурӣ ба ҳайси забони расмӣ ва давлатӣ истифода мекард. Онҳо номи хат ва забони худро ориёӣ хондаанд. Инчунин, дудмони Кӯшониёни Кабир ҳам оҳиста-оҳиста аз истифодаи забони юнонӣ даст кашида, забони ориёии хешро (Канишка ҳам мисли Дориюши Кабир забони навиштаҳои худро ориёӣ хондааст) забони ягонаи давлатӣ ва расмии давлати паҳновари худ қарор додаанд.Дар катибаи Дориюши бузург дар кӯҳи Бесутун вожаи «ориёӣ» ба маънои забон дида мешавад.Навиштаҳои Дориюши Бузург, ки имрӯз номи онро шартан забони форсии бостон гузоштаанд, ба забон ва хати ориёӣ навишта шудааст ва забони форсии бостон ва ориёӣ як забон буда, дар замони салтанати Ҳахоманишиён забони расмӣ ва меъёрии на танҳо қабилаҳои форс, балки тамоми эронитаборони ҳамон замон будааст.Ашкониёни Порт, ки дар баробари Кӯшониёни Кабир дар минтақаҳои марказӣ ва ғарбии кишвари ориётаборон баъд аз барандохтани сулолаи Селевкиён истиқлол ба даст оварда, шоҳаншоҳии бузурги худро созмон доданд, ба забони модарии худ — портӣ эҳтиром гузошта, онро забони давлатӣ эълон намуданд.
Тавре Пешвои миллат дар китоби худ «Забони миллат — ҳастии миллат» ишора мекунанд: «Ин забон дар давраи аввали подшоҳии Ашкониён ҳамроҳ бо забони юнонӣ ва баъдан аз давраи Меҳрдоди I (солҳои 171—132 то милод) танҳо забони расмӣ ва давлатии Ашкониёни Порт мегардад. Баъзе муҳаққиқон изҳор доштаанд, ки шояд аз ибтидои садаи III то милод забони портӣ забони расмии давлатдории Порт қарор гирифта бошад. Бозёфти навиштаи болои зарфҳо аз Нисо дар ин бора шаҳодат медиҳад».Бояд гуфт, ки забони портӣ баъдан дар такомули забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) нақши муассире дошта, аз лиҳози вожагониву дастурӣ ба забони модарии мо шабоҳати зиёде дорад.Дар давраи Сосониён ҳам забони форсии миёна дар баробари забони портӣ ё паҳлавӣ забони давлатӣ ва расмиву динии шоҳаншоҳии бузурги Эрон буд ва аз он осори зиёди таърихиву динӣ ва илмиву фарҳангӣ боқӣ мондааст.
Нахустин сулолаи маҳаллие, ки баъд аз истилои араб каму беш дар Хуросон мустақил гардид, Тоҳириён (821—873) буд. Ҳукмронони ин хонадон ҳанӯз дар фикри истиқлоли фарҳангӣ набуданд. Баръакс, кӯшиш карданд, ки дини исломро дар қаламрави худ таҳким бахшанд ва огоҳона ё ноогоҳона баҳри густариши забону адабиёти араб мусоидат карданд. Сулолаи дигари маҳаллӣ, ки ҷонишини Тоҳириён гардид Саффориён (873—903) буд. Дар вақти ҳукмронии намояндаи барҷастаи ин сулола Яқуби Лайс, ки аз миёни мардуми одӣ бархоста буд ва на забони арабиро медонисту на ба фарҳанги он алоқа дошт, то ҳудуде дар дарбори вай саҳна барои забону адабиёти араб тангтар шуд ва шоирон барои ӯ ба дарӣ шеър гуфтанд.
Эҳёи воқеии забони адабии мо дар замони Сомониён (874—999) оғоз гардид. Сомониён бар хилофи Тоҳириёну Саффориён дарк карда буданд, ки бидуни эҳёи анъанаҳои қадимӣ ва ривоҷу равнақи забону адабии миллӣ истиқлол устувор ва давомдор шуда наметавонад. Бинобар ин, амирони дурандешу сиёсатмадорони ин хонадон бо камоли ҳушмандӣ муносибати худро бо хилофат тавре оростанд, ки дарбори Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад. Илова бар ин, Сомониён аз забони форсии дарӣ ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар баробари тозиён барои расидан ба истиқлоли комил истифода мекарданд. Аз ин рӯ, забони форсии дариро, ки забони мардумони Мовароуннаҳру Хуросон буд, забони расмии давлати паҳновари худ қарор дода, ба адибону олимон ба назари эҳтиром нигариста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро ба форсии дарӣ нависанд ва ё осори арабии худ ва дигаронро ба ин забон баргардонанд.
Бо соҳиб шудани точикон давлати худ солҳои 1924,1929 ва солхои тулонӣ ба забони русӣ дар замони шӯравӣ бурдани корҳои расмӣ боиси нигаронии роҳбарону зиёиёни миллати мо гардид ва бо пешниходу қарори онхо соли 1989 санаи 22-юми июл, Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» қабул шуд. Аз хамон сол тули 10-сол иди Забони тоҷикӣ санаи 22-июл тачлил мешуд. Лек соли 2009 бо ворид кардани тагйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи Забони точикӣ» санаи 5-уми октябр минбаъд бо санаи нав тачлил мешавад. Мувофики қонуни таҷдидшуда забони давлатии Тоҷикистон забони «точикӣ» мебошад ва донистани он ба ҳар як шахрванди Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Солхои шӯравӣ донистани забони точикӣ чандон ҳатмӣ набуд,
Дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатхо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳое,ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд,ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд» (Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон. Душанбе,2016.С.4.).
Дар китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар масири таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “ Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, ки дар бораи мардуми ориёӣ, фарҳангу тамаддун ва забони онҳо ва бисёре аз масъалаҳои дигари марбут ба ориёӣ ва мавқеи забони тоҷикӣ аз даврони пайдоиш то ба имрӯз, бо далелу хулосаҳои муфассал баён гардидаанд. Ҳоло бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Манбааи электронӣ http://kumitaizabon.tj/tg/category/.Санаи муроҷиат: 05.10.2021с.
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти забон ва адабиёти тоҷик фаъолият менамояд. Манбааи электронӣ http://www.iza.tj. http://kumitaizabon.tj/tg/category/.Санаи муроҷиат 05.10.2021с. Бунёдгузории он ба ташкили Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС, ки дар ҳайати он мувофиқи қарори Президиуми АИ ИҶШС аз 17 марти 1932 сектори таъриху забон таъсис ёфт, вобаста аст. Дар асоси он 19 ноябри 1940 Институти таърих, забон ва адабиёт ташкил гардид ва чун муассисаи мустақили илмӣ ба ҳайати Шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ворид шуд. Пас аз таъсиси АИ Тоҷикистон (1951) мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Ҷумҳурии Тоҷикистон (14. 04. 1951) чун муассисаи мустақил ташкил ёфт. Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1958) номи ин шоирро гирифт. Дар Тоҷикистон теъдоди зиёди мабуоти даврӣ, китобу маҷаллаҳо, сомонаҳои интернетӣ, википедияи тоҷикӣ нашр гардида, телевизиону радиои давлатӣ ва хусусӣ бо забони тоҷикӣ дар дохил ва хориҷи кишвар барномаҳо пахш менамоянд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳавзаи забони тоҷикиро боз ҳам васеъ гардонад ва он борҳо аз минбари баланди СММ,Парлумони Аврупо,Юнеско,СҲШ, Конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ садо дод.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдулоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...