Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши китобхонаи Академияи ВКД дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти курсантон

619Китоб калиди дониш ва пурқиматтарин ганҷ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Китобро дар омӯхтани илму адаб арзандатарин ва пояндатарин маъхаз мешуморанд. Бузургон таъкид кардаанд: «Мутолиаи китоб шахсро ба қуллаҳои баланди инсонӣ бирасонад». Аз ин ҷо бармеояд, ки инсон аз тамоми ҷузъҳои табиату ҷамъият маҳз тавассути ақлу фаросат ва заковати бузурги худ фарқ мекунад, аммо заковату ақли бузург бе мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд. Машҳуртарин мураббии инсон, маъхази бузурги илм, китоб аст. Китоб дар ҳаёт чун омӯзгори ҳақиқии инсонҳо буда, армуғони бузургеро мемонад.
Мо ҳамчун як шахси соҳибилму бохирад бояд дар китобхонаҳо шароити мусоид фароҳам оварем, то ин ки хонандаи китоб бе ягон мушкилӣ ба китобхона ташриф оварда ба мутолиаи китоб машғул шаванд.
Чи гунае, ки ба мо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, рӯзи 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳо, ҷалби хонандагон ба китобхонӣ, иштирок дар озмӯнҳо ибрози андеша намуданд. Қайд намуданд, ки мо бояд шахсонеро, ки пайваста ба мутолиаи китоб машғул мебошанд, бо мукофотҳо қадрдонӣ намоем, то ин ки боз ҳам шавқу завқашон ба китобхонӣ зиёдтар гардад.
Ва боз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду амрнома қабул гардид, ки ин ҳам «Тоҷикистон ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи донои…» озмӯнҳо баргузор мегардад.
Ҳаминро қайд намуданӣ ҳастем, ки дар пайравии суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дӯстдорони китоб ва курсантон, барои мутолиа намудани китобҳои бадеӣ ва дарсӣ бо ташабусси сардори Академия номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо фароҳам овардани 520 ҷойи нишаст шароит муҳайё гардид, ки хонандагон ва дӯстдорони китоб метавонанд бе ягон мушкилӣ китобҳое, ки барои онҳо заруранд, мутолиа намоянд. Илова бар ин боз аз ҷониби сардори Академия бо харидорӣ намудани теъдоди зиёди китобҳои бадеие, ки хонандаро ба худ ҷалб менамояд ва хонанда аз хондани он рӯҳу илҳоми тоза мегирад, харидорӣ шуда, ба китобхона тақдим карда шуд.
Хондани китоб на танҳо барои омӯхтан муфид аст, балки тасаввурот ва маҳорати эҷодӣ ва нутқи хонандагонро дуруст инкишоф медиҳад. Хондани китоб ба баланд шудани донишу малакаи шахс таъсири мусбат мерасонад. Аз ҷониби сардори Академия ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа рӯзи китобхонӣ эълон шудааст. Кормандони ин даргоҳи илму маърифат пайваста дар ин рӯз ба китобхона омада ба хондани китоб машғул мешаванд. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки хониш дар ҳама синну сол муфид аст, асос ин интихоби адабиёти мувофиқ аст. Мутолиа намудани ҳар гуна роман ё достони фароғатии замон метавонад, ки моро аз ҳикмат ва дониш бой созад. Ҳар шахс ҳангоми хондани китоб бояд бодиққат ва ботамкин бошад, то ин ки он маҳсули аз китоб ба дастовардааш муддати туллонӣ ба ӯ хизмат намояд. Агар шахс пайваста бо хондани китоб вақти худро гузаронад бо асарҳои адабиёти классик ва муосир шинос мегардад. Китобҳое ҳастанд, ки бояд аз ҷониби ҳар як шахси эҳтиромкунандаи китоб бояд хонда шаванд. Чунин китобҳо ба мисли "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, "Ёддоштҳо"-и Садриддин Айнӣ, "Тоҷикон"и Бобоҷон Ғафуров барои ҳар як инсон заруранд. Дар китобхонаи Академия зиёда аз 50 китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавҷуд аст, ки кормандон ва курсантони Академия пайваста ба мутолиа намудани онҳо машғул мешаванд. Дар ин радиф боз хондани адабиёти тарҷумашавандае, ки аз ҷониби шоирон ва нависандагони хориҷ аз кишвар эҷод шудаанд, манфиати зиёд дорад. Мо имконият дорем дар вақти мутолиаи китоб тамоми роҳи ҳаёти инсони ҷолиб ва намоёнро пайгирӣ кунем. Манфиатҳои хондани китоб хеле аёнанд. Бояд мо ба хоҳарону додарон ва ҳатто ба фарзандони худ кӯмак кунем то инки ба хондани китоб ру оранд ва адабиётро қадр кунанду дӯст доранд. Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикстон аз ҷониби сардори Академия барои дар амал татбиқ намудани ду амре, ки аз ҷониби Пешвои миллат қабул гардидааст, нақшаи кории алоҳида ба тасвиб расида, ҳар семоҳа хонандагони китоб дар назди аъзоёни комиссияи интихобгардида асарҳо ва шеърҳое, ки аз шоирон ва нависандагон аз худ кардаанд, қироат мекунанд ва аз тарафи комиссия бо туҳфаҳо сарфароз мегарданд. Ин ҳадафи пешгирифта барои он аст, ки ҳам дустдорони китоб зиёд мешавад ва ҳам хонанда китобро бо як завқи баланд мутолиа менамояд. Китоб дар ҳама ҷо ва ҳамеша шахсро ҳамроҳӣ мекунад. Дар ин радиф нависандаи рус Максим Горкий маслиҳат дода гуфтааст: «Хонаи бе китоб монанд ба рӯзи бе офтоб мебошад». Танҳо китоб метавонад моро рӯҳан қавӣ, ростқавл ва донишманд гардонад. Китобхонӣ инсонро ба қуллаҳои баланди инсонӣ мерасонад, то ин даме ки дигар шахсон ба кору пайкори он эҳтиром гузоранд ва аз самараи кори беандозааш самимона ибрат гиранд.
Дар китобхонаи Академия, бағайр аз китобҳои илмию бадеӣ, шоирону нависандагони классик ва муосир боз китобҳое мавҷуд аст, ки аз ҷониби худи кормандони ин даргоҳ ба табъ расидааст. Китобҳои мазкур дар бораи рукнҳои асосии давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ ва ба монанди инҳоянд, ки ба хонанда маълумот медиҳад. Ин китобҳо пайваста дар гардиш ва зери мутолиа қарор доранд.
Мавқеи зиндагӣ, хислат, ахлоқи шахс ва муносибати ӯ ба одамон бештари ҷаҳонбинӣ аз китоб мебошад. Ҳатто дар кӯдакӣ, вақте ки инсон ташаккул меёбад, падару модар ба ӯ кӯмак мерасонанд, аммо китоб ҳамеша қувваи асосии инсон буд ва хоҳад монд. Китобро набояд бо ягон мол ё ашё баробар кард. Он метавонад ҳамчун роҳбалад ба инсон як умр хизмат намояд. Шахсе, ки бисёр китоб мутолиа мекунад фарҳанги муоширати худро ташаккул медиҳад. Тааҷҷубовар нест, ки андешаҳое ҳастанд, ки китоб аксар вақт нисбат ба кинофилмҳо беҳтар аст. Он кинофилмҳое, ки мо дар навор мебинем аз рӯи сенарияи китоб офарида шудааст. Дар ҷаҳони муосир таҳсилоти инсонӣ эҳтиёҷоти худро гум кардааст. Сатҳи муайяни таълим на танҳо барои ба даст овардани сарватҳои моддӣ, балки барои муоширати байни одамон зарур аст. Ҳаминро қайд менамоям, ки курсантон вақти пурқимати худро баъд аз дарсхонӣ дар мутолиа намудани китоб ва дар китобхона мегузаронанд, ки ин дар роҳи гирифтани таълиму тарбия ба онҳо фоидаи калон мерасонад. Китобхонаи Академия пайваста пур аз хонандагони китоб ҳам аз ҷониби курсантон ва ҳам аз ҷониби кормандон мебошад, ки ин шавқу завқ доштани худи онҳоро нишон медиҳад. Китоб ганҷинаи ғояҳои оқилона ва манбаи маслиҳат мебошад. Сирри ҳазорсола дар он мутамарказ шудааст. Бо шарофияти калимаҳои дар коғаз навишташуда, мо ба андешаҳои гузаштагони худ мерасем, ба даварҳои дигар мегузарем ва бисёр зиндагӣ мекунем. Бо ёрии китоб одамон иттилоот ва таҷрибаи ҳосилшударо ба наслҳо интиқол медиҳанд ва ҳифз мекунанд. Ин усули беҳамтои табодули иттилоот дар байни мардум аст. Китоб қодир аст, ки кори ғайриимконро иҷро кунад. Зиндагии бошууронаи одам аз шинос шудан бо китоб оғоз мешавад. Аввалан, волидон барои кӯдакон афсона мехонанд. Онҳо ба фарзандонашон таълим медиҳанд, то ин ки некиро аз бадӣ фарқ кунанд, пиронро эҳтиром кунанд, аз зиндагии ҳаррӯза лаззат баранд. Марҳилаи навбатии инкишофи кӯдак ин кӯдакистон, мактаб, донишкада мебошад, ки бе китоб ҷараёни таълиму тарбия ғайриимкон аст. Падару модар баъди хатми мактаб фарзандони худро барои идома додани саводомузиашон ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва махсусан ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мекунанд. Ҳаминро гуфтанием, ки дар Академия аз тарафи сардори Академия ва аз ҳисоби кормандони доимӣ шӯрои кураторон таъсис дода шуда барои ҳар як гурӯҳи таълимӣ як нафар корманди ботаҷбира ҳамчун тарбиятгар сафарбар карда шудааст. Онҳо дар гурӯҳҳои худ дарсҳои кураторӣ дар мавзӯъҳои «Китоб манбаи дониш», «Ҳунар ҷавҳари зиндагист», «Донистани ҳӯрмати калонсолон» «Парчам – рамзи давлатдорист», «Конститутсия – бахтномаи миллат» ва ғайра баромадҳо намуда, аз ашъори бузургон панду ҳикматҳо меоваранд. Дар ин дарс онҳо пайваста курсантонро ба илмомӯзӣ ва боз ҳам сайқал додани малакаю маҳорат равона мекунанд. Тибқи нақшаи кории онҳо гурӯҳҳои худро ҳафтае як ду маротиба ба китобхонаи Академия барои боздид аз китобҳои тозанашр ва асарҳову шеърҳои шоирону нависандагони классику муосир меоранд, то инки каме ҳам бошад маълумоте дар бораи онҳо пайдо намоянд.
Агар мо ҳамон қадар дар бораи нақши китоб сухан ронем дар таърихи инсоният бебаҳост, ва он ба аввалин манбаи иттилоот табдил ёфтааст. Китоб на ҳамеша намуди муқаррарии чопшуда дорад. Дар тӯли асрҳо, вобаста аз сатҳи рушди иҷтимоӣ, аз мавод ва технологияҳои мавҷудаи давр сохтор ва шакли худро тағйир додааст. Китоби одамони қадим санъати рассомӣ буд. Дар деворҳои биноҳо ва сангҳо гузаштагони мо дар шакли расмҳо рӯйдодҳои муҳимтаринро дар ҳаёти худ тасвир кардаанд. Танҳо ифтитоҳи чоп имкон дод, ки шумораи зиёди одамон ба сарвати маънавӣ таъсир расонанд, ки рушди бесобиқаи илм, таҷҳизот ва ғояҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварданд. Ҳангоми навиштани дастнавис нақши иҷтимоии он ночиз буд. Пайдоиши типография на танҳо бо мурури замон мувофиқ омад, балки бо кашфиётҳои бузургтарини ҷуғрофӣ низ қиёс карда шуд. Дар давоми ин гуфтаҳо ҳаминро иброз медорем, ки Академия утоқе бо номи «Чопхона» мавҷуд аст, ки пайваста ба кормандон ва курсантон хизмат мерасонад. Кормандон баъд аз омода намудани китоб ба чопхонаи мазкур барои интишори китоби худ муроҷиат намуда бе ягон мамоният маводашонро ба нашр мерасонанд. Чопхонаи мазкур бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия, муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро таъсис дода шудааст, то ин ки кормандон ва курсантон бе ягон мушкилӣ корҳои илмӣ ва методии худро пеш баранд.
Китоб ҳамчун василаи тавонои таблиғи дониш, таълим ва хидмад ба ҳисоб меравад. Он дорои тамоми олами бузурги рӯҳонии инсон мебошад. Ин воситаи пуриқтидортарин ва универсалии алоқаи байни мардум, миллатҳо ва наслҳост. Одамон барои бартараф кардани фазо воситаҳои зиёдеро ихтироъ кардаанд: мошин, ҳавопаймо, радио, телевизор ва дар ниҳоят киштии кайҳонӣ. Аммо танҳо як роҳи бартараф кардани вақт вуҷуд дорад - ин китоб аст. Бо кӯмаки он, мо метавонем ҳама гуна сафарро пеш гирем, дар ҳар ҷои он кишварҳо ташриф орем. Китоб дӯст, ҳамсуҳбати самимона ва беҳтарин маслиҳатгар дар ҳаёт мебошад. Шоири рус В. Маяковский мегуяд: "Манфиати китобҳоро ҳеҷ чиз чен карда наметавонад». Китоб дар ҳаёт дарро боз мекунад. Китоб инсонро дар тамоми умри худ таълим медиҳад. Аввалан, китоб моро бо аломатҳо ва рамзҳояш муаррифӣ мекунад, ки бо ёрии он мо ҷаҳони пурасрорро аз сирру асрори ӯ хориҷ мекунем. Хониш беҳтарин таълим аст. Одаме, ки хонданро дӯст медорад, шахси хушбахт аст. Ба туфайли китобҳо шахс рӯҳан бой мегардад. Хониш ин равзанаест, ки тавассути он мо ҷаҳонро шинохта, худро мешиносем. Баъзеҳо хондани романҳои таърихиро дӯст медорад, дигарон ба мисли ҳикояҳои детективӣ ва афсонаҳои илмӣ ва баъзеҳо бе достонҳои муҳаббат зиндагӣ карда наметавонанд. Ҳангоми хондан, мо чизи навро кашф мекунем ва ба саволҳое, ки дар ҳаёт бароямон муҳим аст, ҷавобҳо пайдо мекунем.
Хулоса, дар ҳаёти инсон душвориҳои гуногун мавҷуданд, аз ин рӯ, касе лозим аст, ки дар вақтҳои душвор кӯмак кунад, гӯш кунад ва маслиҳат диҳад. Ин дӯсти вафодор албатта китоб аст.

Собирзода А.Ҷ., муовини сардори Академияи ВКД оид ба ҳайати шахсӣ, полковники милитсия,
Сулаймонзода Р.Н., муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ Факултети №2, лейтенанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...