Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон: назари таърихӣ

545«Истиқлолият рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдорию бақои он мебошад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Солҳои 90-уми асри 20 собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (минбаъд ИҶШС) ба бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гашт. Барҳам хурдани ИҶШС заминаҳои объективӣ ва субъективии худро дошт, ки то ҳоло олимони ҷаҳон онро тадқиқ менамоянд. Охири солҳои 80-ум сатҳи истеҳсолоти моддӣ дар ин кишвари сермиллат поён рафт. Сохти тоталитарии яккаҳизбӣ монеи инкишофи равандҳои демократӣ ва бозори иқтисодӣ гардида буд. Дар чунин шароити бӯҳронӣ, гарчанде, ки роҳбарияти собиқ ИҶШС кӯшиши боқӣ мондани низоми коммунистиро менамуданд, алакай дар кишварҳои Аврупои шарқӣ солҳои 80-уми асри 20 таҳти равандҳои демократӣ низоми сотсиалистӣ аз байн рафта буд. Дар Кониститутсияи собиқ ИҶШС сабт шуда буд, ки ҳар як давлати аъзои он ҳуқуқи ихтиёран баромадан аз ҳайати онро доранд. Лекин роҳбарияти собиқ ИҶШС ҳаматарафа ба ин раванд монеъ мешуданд. Ба ҳамаи ин муқовиматҳо нигоҳ накарда, аввалин бор давлатҳои назди соҳили Балтика соҳибистиқлолии худро эълон намуда, баъдан дигар давлатҳо аз ҳайати ИҶШС баромада истиқлолияти давлатии худро эълон намуданд.
Ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ то пошхӯрии ИҶШС ба дигар давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи он буд бетаъсир намонд. Ба равандҳои демократӣ, эълон шудани бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ такони бузург бахшид. Сиёсати бозсозӣ, демократикунонӣ ва ошкорбаёнӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон хусусиятҳои ба худ хосро касб намуд. Аммо, авзои сиёсии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад буд, рӯз аз рӯз мураккаб мегашт. Ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва фундаменталистӣ дар Тоҷикистон низ авҷ мегирифтанд.
Хушбахтона 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро эълон намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Заминаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки 1 - сол муқаддам дар Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24-уми августи соли 1990 қабул гардид.
8-уми декабри соли 1991 дар мавзеи Беловежски Белорусия сарварони давлатҳои Россия, Белорусия, Украина дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шартнома имзо намуданд. Дар ин Созишнома қайд шуда буд, ки ИҶШС – ҳамчун субъекти байналмилалӣ барҳам хурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Созишномаи Беловежскро дастгирӣ намуда, ба ҳайати ИДМ ворид гашт. Гарчанде, ки Тоҷикистон ба узвияти ИДМ дохил шуда бошад ҳам, вале ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гашта буд.
2-юми марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ пазируфта шуд.
Мутаассифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири неруҳои иртиҷоӣ ва фундаметалистию экстремистӣ ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон зарба зада, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт. Он замони мураккаб ёдовар мешавад Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ ва дохилӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон нест шавад, миллатро парешонӣ ва парокандагӣ интизор буд.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тоҷикон 27-уми июни соли 1997 ба ваҳдати миллӣ соҳиб гаштанд. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои Сарвари давлати мо аз қабили соли оби тоза, даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт, даҳсолаи амал об барои рушди устувор, аз хатарҳои глобалӣ эмин нигоҳ доштани сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.
Моҳи сентябри соли 1999 бо қарори ЮНЕСКО дар арафаи иди Истиқлолияти давлатӣ 1100 – солагии давлати Сомониён ҳамчун арзиши гаронбаҳои мероси таърихии тоҷикон дар сатҳи байналмиллалӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.
30-юми сентябри соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18-уми иҷлосияи 54-уми СММ раисӣ намуд. Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ осоре намонда, фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, институтҳои демократия рушд намуда, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хушбахтӣ ва саодати комил ба даст оварданд.
Имрӯзҳо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон шукр аз неъматҳои Истиқлолият намуда, дар фазои сулҳу озодӣ хушбахтона зиндагӣ менамоянд.
Поянда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон!
Зиндаю ҷовид бодо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат!

Асламов Б.С., Мусоев Ш.Ҳ., кормандони шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...