Табрикот
Табрикоти
сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бахшида ба Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил
“Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат”
Субҳи 2-юми сентябри соли 2021 сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. тавассути радиои Академия баромад намуда,
дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш аз 1.09.2021 ҳайати омӯзгорону курсантон ва кормандонро самимона табрик намуд:
«Муҳтарам шунавандагони Радиои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва шогирдони азиз!
Сараввал ҳамаи Шумо ҳамкасбони гиромиқадр ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик намуда, ба ҳар кадоми Шумо тансиҳатӣ, рӯзгори осоишта, сарбаландӣ ва дар ҷодаи пешанамудаатон барору комгориҳоро орзумандам.
Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ба давроне рост омадааст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои ороми сиёсӣ, сарфи назар аз мураккабиҳои авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ботантана истиқбол менамоянд.
Ин ҷашни сарнавиштсоз дар шароите таҷлил мегардад, ки инсоният барои расидан ба ҳаёти осуда, таъмини сулҳу субот ва адолату инсоф талош меварзад. Бинобар ин, раванди мазкур, ки маҷрои муайяни худро дар самти шинохти асли фалсафии хеш муайян накардааст, моро водор месозад, ки Истиқлолияти давлатии худро дар чунин ҳолат чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, бар ивази ҷон ҳам бошад онро ҳифз намоем, чунки он мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва эътибори ҷаҳонии ин миллати тамаддунофар ба ҳисоб меравад.
Боиси ифтихор ва сарбаландии сокинони кишвар мебошад, ки Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Албатта табрикот ва суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз далели маорифпарварии ин шахсияти бузургро нишон дода, барои кормандони соҳаи маориф ва пеш аз ҳама мо роҳбарият, устодону шогирдони Академияи ВКД ҳамчун як барномаи тарҳрезишудаи фаъолияти касбӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки дар раванди бунёди давлатдории миллии мо тоҷикон, рӯйдодҳои созандаву сарнавиштсози миллӣ хело зиёд буда, ҳар кадоме аз онҳо ба ҳайси заминаи воқеӣ дар рушд ва такомули ҷомеа ва давлати тозаистиқлоли мо хидмати шоиста анҷом дода, ибратомӯз мебошанд.
Яке аз чунин рӯйдодҳои ибратбахш дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мулоқот ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола чун анъана бо нутқи пурмуҳтавои хеш бо баргузор намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро соли таҳсилро дар кишвар оғоз мебахшанд.
Воқеан, Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии истиқлоли миллӣ ба рушди соҳаи илму маориф ва нерӯҳои ақлонии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Пешвои муаззами миллат аҳли илму маориф ва қувваҳои солими зеҳниро хазинаи тиллоии мамлакат номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсозу душвор ва ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ аз фикру ақоид, хулосаҳои илмӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодоти онҳо самаранок истифода менамоянд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дошта, таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорон ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд.
Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷӯзъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Чунки сарчашмаи пайдоиши ҳама зуҳуроти номатлуби ҷомеа, алалхусус терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳама сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, инчунин, аз назорат дур мондан мебошад.
Аз ин хотир хизмати пайвастаи Шумо омӯзгорон дар роҳи ба воя расонидани насли замони нав ва дорои ахлоқи баланди инсонӣ, инчунин содиқ ба миллату давлат хело муҳим ва саривақтист.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, бахусус баъд аз соли 1992 новобаста ба вазъи душвори ҷамъиятӣ-сиёсӣ Пешвои миллат ба аҳли маориф арҷгузорӣ намуда, шахсияти омӯзгорро ҳамчун мураббӣ ва созандаи ҷомеаи мутамаддин гиромӣ дошта, ба шароити зист ва ва маърифатнокии онҳо аҳамияти хосса дода, ба таълиму тармими тамоми сохтори маориф шурӯъ намуданд.
Суханронии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки дирӯз санаи 1 сентябр сурат гирифт, фарогири таҳлилу баррасӣ ва масъалаву мушкилоти ҳалталаби соҳаи маорифи кишвар мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзиши Рӯзи донишро бо муҳимтарин қиммати маънавии ҷомеаи тозазаистиқлоли Тоҷикистон, Сулҳ арзёбӣ намуда, аз раванди мураккаби дастёб гардидани миллат ба ин неъмат низ ёдоварӣ намуданд.
Дар ин замина зикр карда шуд, ки: “…маҳз бо сабаби он, ки сулҳу оромӣ барои зиндагии инсон аҳаммияти ҳаётӣ дорад ва хусусан, дар шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир мо бояд ба хотири ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, инчунин, барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва дигар омилҳои хатарзо беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем”.
Ҳамзамон, дар идомаи суханронӣ Пешвои муаззами миллат оид ба вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, раванди босуръати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, дастгирии толибилмону ҷавонони болаёқат ва омода намудани кадрҳои баландихтисос изҳори андеша намуданд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар суханронӣ ба он таваҷҷуҳи бевосита зоҳир карда шуд, дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа мебошад.
Зикр карда шуд, ки дар буҷети давлатии соли 2021 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 11,2 фоиз зиёд мебошад. Маблағи зикршуда қариб 20 фоизи буҷети давлатиро ташкил дода, ба 6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Ҳамзамон, дар суханронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносиву риёзӣ ва дақиқ зоҳир гардида, дар ин замина тамомоми сохторҳои илму маориф ва умуман муассисаҳои иҷтимоии кишвар барои тақвияти ҷаҳонбинӣ ва мафкураи техникии насли наврас вазифадор гардиданд.
Албатта, рушди тафаккури техникии аҳолӣ, алалхусус наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани фазои мусоид барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ мақсади асосии давлат арзёбӣ гардид. Дар суханронии хеш Пешвои муаззами миллат барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузоштаи давлату Ҳукумат ва тадбиқи саривақтии онҳо аз қабул ва амалгардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳои давлатӣ, барнома ва нақшаҳои дарозмуддати давлатӣ ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки “...мо солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои бистсола ва бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, таъмин кардани дастрасӣ ба техникаву технологияҳои замонавӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт ҳамасола баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат»-ро эълон намудем”.
Албатта, ҳама он талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиш, хосатан омӯзиши илмҳои табиатшиносиву риёзӣ ва дакиқ буда, заминаи воқеиро метавонанд барои расидан ба таъмини муҳимтарин ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат - яъне саноаткунонии босуръати кишварро таъмин созанд.
Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то ба имрӯз шумораи зиёди муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла дар соли ҷорӣ беш аз 150 адад бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда бомаром идома дорад.
Албатта, муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи ВКД, ки ҳамчун муассисаи олии таълимӣ амал менамояд дар баробари ихтисосҳои равияи гуманитарӣ, мутахассисони касби муҳандисиро аз рӯи ихтисосҳои «Бехатарӣ аз сӯхтор» ва «Огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда» омода месозад. Имрӯз дар Академияи ВКД тамоми барномаҳои таълимӣ ва умуман низоми таҳсил тибқи муқаррароти стандарти давлатӣ амалӣ гардида, дар асоси супоришҳои мушаххаси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҷиҳати тадбиқи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, чораандешӣ намуда, дар ин самт фаъолияти худро пеш бурда истодааст.
Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Пешвои муаззами миллат дар Рӯзи дониш мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба муассисаҳои олии кишвар мебошад. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки “...ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии рейтинги муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифаи нав, яъне муаррифии илм ва таҳсилоти олии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва пешниҳоди хизматрасониҳои таҳсилотӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ пеш омад.
Қобили зикр аст, ки як қатор донишгоҳу донишкадаҳои кишвар то имрӯз барои ба таҳсил ҷалб кардани шаҳрвандони хориҷӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд. Дар натиҷа ҳоло дар 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 21 кишвари хориҷӣ 16 500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд”.
Дар робита ба ин масъала низ мехоҳам қайд намоям, ки Академияи ВКД дар ин самт низ дастовардҳои муайян дорад. Дар ин асос бо мақсади тайёр намудани чунин кадрҳо, имрӯз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо бонуфузтарин муассисаҳои олии кисбии кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои худро дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ мондааст. Далели гуфтаҳои боло бо унвони баланди доктор ва номзадҳои илм сазовор гардидани ҳайати омӯзгорони Академия буда метавонанд. Вале бо вуҷуди ин, имрӯз моро лозим аст, ки дар ин самт барои ҷалби муҳассилин аз хориҷи кишвар ба муассисаҳои таълимии ВКД чораҷӯӣ намуда, тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Масъалаи балад бардоштани сатҳу сифати таълим бошад ба таври алоҳида баррасӣ гардида, масъалаи мазкур асоси рушди соҳа ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯи талаботи рӯз дониста шуд. дар ин ҷода зикр карда шуд, ки «…дар ҷараёни таълим самаранок истифода кардани технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ, таҳия ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва низоми нави таълими ҷавобгӯ ба талаботи замон ва мувофиқ ба асолати иҷтимоиву иқтисодии кишвар, тақвияти фаъолнокии донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои муштараки таълимӣ дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ талаби замон мебошад. Дар ин раванд, ҳамчунин, зарур аст, ки доир ба таҷдиди назар кардани ихтисосҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати таълим, таҳким бахшидани пайванди илм бо истеҳсолот ва дар асоси нақшаву барномаҳои таълимӣ ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ бояд мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Бахши дигари суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи навсозии мазмун ва мундариҷаи таҳсилот ва дар ин замина ташаккул додани ҷаҳонбинӣ ва ҳисси миллии шогирдон мебошад, ки албатта, ҳадафи мазкур тавассути стандартҳои давлатӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Зикр карда шуд, ки ба мазмуну мундариҷаи таҳсилот – стандарт, барномаву нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бояд тағйирот ворид карда шуда, ташаккули ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони истиқлол ва арзишҳои давлатдории миллӣ ҳамчун масъалаи муҳимми таълиму тарбия дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад.
Дар ин росто, мо омӯзгорони Академияи ВКД ҶТ-ро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиву саводнокии курсантону шунавандагон, маҳорати сухандониву суханварӣ, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи худшиносӣ, ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳтироми забон, фарҳанг ва таърихи бостонии миллат эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Албатта, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дар муддати 30-соли фаъолияти пурсамари хеш тавонистааст, ки ба дастовардҳои хело назаррас ноил гардад. Вале замони муосир аз ҳар фарди ҷомеа, аламхусус кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хосатан Шумо омӯзгорони муҳтарам дар самти тайёр намудани кадрҳои дорои ҷаҳонбинии мукаммал ва содиқу вафодори миллату давлат хизмати аз ин ҳам бештарро талаб менамояд. Чунки то ба ҳол дар амалӣ намудани ин раванд на ҳама имконияту иқтидори кадрии Академия ба таври васеъ истифода мегардад.
Бинобар ин, роҳбарияти Академияро зарур аст, ки барои ба дараҷаи боз ҳам баландтар бардоштани сифати таълим, баланд бардоштани малакаи касбии курсантону шунавандагон ва ба стандартҳои байналмиллалии мувофиқ сохтани ҷараёни таълим тамоми захираву имкониятҳоро истифода баранд.
Бояд хотирнишон сохт, ки бинои наву замонавии муҷаҳҳаз бо муосиртарин воситаҳои таълим, ки бо шарофати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи ВКД ҳадя гардидааст, далели таваҷҷуҳи хосаи роҳбари давлат ба мақомоти корҳои дохилӣ, хосатан насли ояндаи он мебошад. Бинобар ин пеш аз ҳама Шумо омӯзгорону курсантонро лозим аст, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳои сарвари давлат аз тамоми қобилият ва маҳорати касбии хеш истифода баред ва кадрҳоеро ба воя расонем, ки содиқ ба миллату давлат ва касби хеш бошанд.
Дар фарҷоми суханронии хеш бори дигар Шумо ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантону шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо сарбаландӣ, рӯзгори осӯда, хониши хубу аъло ва садоқату самимиятро таманно менамоям.
Саломату сарбаланд ва муваффақ ба касби хеш бошед.
Рӯзи дониш ва дарси сулҳ муборак ҳамкасбони азиз!