Истиқлолият - неъмати бебаҳои таърих
Баъди пош хурдани давлати абадқудрати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва барҳам хурдани низоми ҷаҳонии сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мардуми Тоҷикистон марҳалаи нав оғоз гардид, ки касе онро интизор набуд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар қавм, қабила, ҳатто хонавода таърихи худро дорад ва замоне бо иродаи афрод ва эҳтимоли шахсияти оқиле ба вуҷуд омада, ба дараҷаи халқият расидааст. Дар таърихи инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки тақдир ба вай шахсиятҳои бузургро ҳадя намудааст, ки вай халқу миллаташро дар атрофии худ муттаҳид гардонида, сарзамини хешро обод созад ва ҳудуди онро аз хатарҳои беруна эмин нигоҳ дорад, забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро пос дошта тавонад.
Инак ба бахти мардуми куҳанбунёди тоҷик фурсате ба даст омад, ки дар қатори дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон низ давлатӣ соҳибистиқлолу озод эълон гардид, ва аз ин неъмати гаронбаҳои таърих баҳраёб гардид.
Истиқлолияти миллӣ барои мардуми Тоҷикистон нисбатан осон ба даст омад. чӣ тавре, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: «Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих ва тақдир буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯз ва фардо мебошад».
Истиқлолияти Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, аз он рӯзе, ки иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эъломия қабул кард, шурӯъ мешавад.
Маҳз, туфайли иҷлосияи 9 сентябри соли 1991 қабулгардида тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро шинохт, баъди қабули Эъломия дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақили соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзи вуҷуд кард.
Қабули Эъломия боис гардид, ки аҳли олам бо давлати Тоҷикистон мустақилона доду гирифт намуда, намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратии худро боз намуда, ҳамкориҳои тарафайнро ба роҳ монанд.
Ҳамин тавр, баъди қабули ин ҳуҷҷати муҳим – давраи нави давлатдории тоҷикон, соҳибистиқлолии он оғоз ёфт.
Аммо аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, дар роҳи пешравӣ душвориҳо пеш омаданд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштанд: «Боиси таассуф аст, ки истиқлолияти Тоҷикистон дар ибтидо ба душвориҳои сангин ва ихтилофҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ омад. Қувваҳои дохиливу хориҷӣ, ки соҳибихтиёрии кишвари тоҷиконро чашми дидан надоштанд, мардуми тоҷикро бар зидди ҳамдигар шӯр андохтанд, ҷанги бародаркуш оғоз ёфт». Мамлакат ба ҷанги шаҳрванди кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани давлати тозабунёди тоҷикон, ҳакиқатан воқеи гардид. Ҷанги нанговари дохилӣ мардуми соҳибватанро – беватан, кӯдаконро ятиму бенаво сохт.
Дар чунин лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои сарнавиштсози таърихи фоҷиабораш сарваре лозим буд, ки воқеан дӯстдори халқу ватани хеш бошад ва барои пойдории сулҳу ваҳдат тамоми ҳастии худро бахшад, шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳалу минтақа болотар донад.
Инак оқибат хираду заковати халқ ва ақли солим ғалаба карда дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳҳои ноябр – декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар қасри овозадори Арбоб барпо шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави қонунии Точикистон замина гузошт. Дар ин иҷлосияи таърихию тақдирсози миллат Эмомалӣ Раҳмон - Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамчун сиёсатмадори даврони нав – сарбонии миллати азияткашидаи тоҷикро ба дӯш гирифт, меъмори сулҳу ваҳдат, якпорчагӣ ва созандагӣ дар кишвар гардид.
Эмомалӣ Раҳмон лаҳзаҳои нахсутини ба мақоми баланд омаданаш дар ҳамон иҷлосияи таърихӣ изҳор карда буд: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва дар ин роҳ агар лозим шавад, ҷони хуро дареғ намедорам».
Сарвари давлат ба ваъдаи додаи худ вафо кард, дар натиҷаи талошҳои пай дар пай ва вохуриву гуфтушунидҳои зиёд санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба имзо расид, ки ин тантанаи сиёсати хирадмандонаи ӯ ба ҳисоб меравад ва ҳақиқатан як будани қавлу амал ва зоҳиру ботини ӯро нишон медиҳад. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи Тоҷиконро созмонҳои байналхалқӣ омӯхта истодаанд,. Масалан, соли 2001 дар шаҳри Душанбе конфронси байналхалқии омӯзиши сулҳи тоҷикон баргузор гардид, ки аҳамияти ниҳоят бузург дошта, боиси ифтихори мо тоҷикон мебошад.
Дар баромадҳои зиёди худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад, аммо ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, дар оянда ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Марҳилаи сипаришуда- 30 соли Истиқлолият марҳилаи бунёди таҳкурсии тоҷикистони навин – Тоҷикистони асри XXI ба ҳисоб меравад ва имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни мубораки Истиқлолият чорабиниҳои гуногун баргузор шуда истодаанд.
Мо имрӯз бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки дар диёри тоҷикон Истиқлолият бо қадамҳои устувор ва файзи хоса ҳукмрон аст. Аз шарофат ва баракати Истиқлолият тамоми соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ эҳё гардида, аз соли 2000-ум инҷониб рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ба амри воқеӣ табдил ёфтааст. Ин ҳама дигаргунисозиҳои умедбахш боварии аҳолиро ба фардои саодатмандии кишвар тақвият мебахшад.
Дар ин раванд барномаҳои соҳаҳои мухталиф таҳрези шуда, хосатан, барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар равона шудааст, устуворона ботадриҷ татбиқ мегардад. Сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат ҳам, дар навбати аввал, ба таъмин кардани зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои худ изҳори умеду боварӣ менамояд, ки кадрҳои ҷавону болақаёти ба вазифаҳои пурмасъулият таъингашта, бо истифода аз донишу малака, тафаккури наву созанда ва роҳу усулҳои муосири идоракунии давлатӣ метавонад дар рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Инчунин, бино ба таъкиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф аз асосҳои муътақиди рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад, зеро рушди нумӯи ҷомеа, таъмини амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бо низом ва бо сифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса ба сатҳи ҷойгиршавии миллат дар арсаи байналмилал вобаста мебошад.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки ҳамчун дастоварди шоистаи даврони Истиқлолият дар соҳаи маориф ба имзо расид, ин Созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба шумор меравад. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъи, Созмони Ҳамкории Шанхай ва чандин сохторҳои ҳамкории бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавии дигар мебошад ва бо зиёда аз 124 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Воқеъан, Сарвари давлати тоҷикон аз соли 1993 то инҷониб аз минбари Созмони Милали Муттаҳид чандин маротиба дар мавзӯъҳои мухталиф ва мубрами рӯз суханронӣ карда, бо нутқи хирадмандона ва сиёсати якрӯйёнаву давлатсозонаи тоҷиконро барои оламиён изҳор намудааст.
Талошҳои пайвастаи сарвари давлати мо барои пешрафту ободонии ватани азизамон дар давлатҳои хориҷа ва созмонҳои байналмилалӣ низ қадр мекунанд, чунончи Доктор Масъуди Миршоҳӣ ҷоннисорӣ ва талошҳои ояндасозии Президенти кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро муоина карда навиштааст: «Ташаббусҳову ибтикороти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди кишвари мутараққӣ басо ибратомӯз, шахсияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун инсони олиҳиммат ва фурӯтан, парастишгари меҳан ва тарғибгари илму фарҳанг ба ҳаддест, ки фарансиёни муқими Фаронса ва Аврупоро ба ваҷд меорад ва меҳри эшонро ба кишвари зебои тоҷикон бештар месозад».
Дар марҳилаи кунунӣ ҳар фарди ҷомеаро зарур ва қарз аст, ки муҳофиз ва нигаҳдори кохи Истиқлол бошад ва бо эҳсоси саршори ватанхоҳиву сулҳпарастӣ онро ба наслҳои минбаъда комилу бегазанд ба мерос гузорад, зеро ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ба сатҳи арзанда расонидан аз саъю кӯшиши ҳар як шаҳрванди он вобастагии калон дорад.
Мо ҳамватанон ҳам, сарҷамъона ғояҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳар солу ҳама рӯз дастгирӣ намуда, бо ифтихор ба Кохи Истиқлол хишт мегузорем ва Тоҷикистони азизамонро рушду нумӯ бахшида бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар солҳои наздик ҳадафҳои стратегии давлати мо дар амал татбиқ гардида, ҳама дар маҷмӯъ ба таъмини сифат ва сатҳи шоистаи зиндагии мардуми кишварамон мерасем.
Барои фатҳи ин ҳадафҳо аз ҳар фарди худогоҳу бедордил ва ҳар як шахси ватандӯст тақозо мегардад, ки пеш аз ҳама манфиатҳои халқу давлат ва Ватани азизи худро аз ҳама чиз афзалтар шуморида, ба хотири ободии Ватан, таҳкими иқтидори давлат ва осоиштагии мардум кору фаъолият намояд ва дар раванди созандагиву ободонии сарзамини куҳанбунёди хеш ширкати фаъол дошта бошад.
Хокироев А.Ю., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети
№ 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия.