Истиқлолият - арзиши муқаддаси миллӣ
Гарчи дар марҳилаҳои таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан бо таассуф солиёни дароз зери идораи бегонагон қарор дошт. Танҳо 9-уми сентиябри соли 1991 чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби Истиқолол ва давлати мустақил гардиданд. Бинобар ин, вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти навбатии тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид.
Истиқлолият ин рамзи озодӣ, соҳибдавлатӣ ва ватандории мардуми сарбаланди мутамаддини тоҷик аст. Пас аз барҳам хӯрдани Итиҳоди Шӯравӣ тамоми ҷумҳуриҳое, ки дар ҳайати он арзи вуҷуд доштанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти худро ба даст овардааст.
9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар байни дигар давлатҳои дунё шинохта шуд. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагӣ ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз бахшид.
Эъломияи истиқлолияти давлатии Точикистон ва оғози бунёди Ҷумҳурии Точикистон, дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ – умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халки дорои тамаддуни оламшумур, рамзҳои давлатӣ – Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, асъори миллӣ – сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Ин дастоварди муқаддас барои халқи Тоҷикистон Ватану ватандорӣ, давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкориҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиклолият рамзи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».
Бояд қайд кард, ки мақсади асосии низоми демократӣ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар шахс, волоияти қонун, пойдории адолат ва фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи мардум дар идоракунии давлат мебошад. Дар таҳкиму пойдории Истиқлолият саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст.
Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017,№968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин ҷашн 9-уми сентиябри соли 2021 бо шӯкуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озоди кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ оварад!
Одиназода Ш.И., муҳандиси шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия,
Зоиров Ш., нозири калони маркази бақайдгирӣ ва машваратии шуъбаи таълим.