Маҳфили «Ширу шакар» дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки адибон Маҷид Салим, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ҷамоллиддин Яқубӣ устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Инсон ва табиат», номзади илмҳои филологӣ ва дастаи ҳаваскорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо курсантони курси якуми Академияи ВКД, ки дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, деҳаи Қамбар, дар заминаи қисми низомии Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, махфили шеъру суруд «Ширу шакар» доир гардид.
Дар қисмати муқаддимавии ин ҳамоиши адабӣ-фарҳангӣ бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол, тинҷиву осоиштагии диёр ва таманиётҳои идона бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, адибон барномаро оғоз намуданд. Шеърҳое, ки суханварон аз эчодиёташон хонданд, ба мавзӯъҳои Ватан, Модар, Истиқлолият ва моҳияти он, Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, аз ҷониби устодон, афсарони ин қисми низомӣ ва курсантони курси якуми Академияи ВКД гарму самимӣ истиқбол карда шуданд.
Таъкид карда шуд, ки 9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.
Дар фарҷоми суханронии хеш шоири халқии Тоҷикистон Маҷид Салим китобҳои «Бешаи палангон», «Темурмалик», «Шапалак» ва «Рангинкамон»-ро ба курсантон тақдим намуд.
Давлатшоева А.Ш.