Тарбияи ватанпарастии ҷавонон
Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ватанпарсатӣ арзиши муқаддас аст ва аз ҳама унсури муҳимми тарбия маҳсуб меёбад, ки он дар мафҳумҳои зодгоҳ, диёр, кишвар, сарзамин, Ватан ифода мегардад. Унсурҳои дигари тарбия бо ҳамин унсури тарбия иртибот дошта садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш ифода менамояд.
Замони истиқлолият давраи сифатан нави фаъолияти ҷавонон ва наврасонро дар самти таҳким бахшидани пояҳои маърифативу ҳуқуқӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, тарбия намудани шахсиятҳои донишманду ватандӯст вазифаи аввалиндараҷаи маориф ва созмонҳои идеологӣ ба шумор меравад. Ба хусус, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангии миллат яке аз самтҳои асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бояд таъкид кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар баробари бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти хоса зоҳир намуда, бо мақсади ташаккули инсони фаъолу созанда силсилаи ҳуҷҷатҳои бунёдиро аз қабили «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тасвиб дод, ки он иқдоми беҳтарине барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву миллатпарастӣ маҳсуб меёбанд. Ин аст, ки тарбияи ватанпарастӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлат дар соҳаи маориф мебошад ва дар назди омӯзгорон вазифаҳои умдаро ба пеш мегузорад. Ин намуди тарбия фаъолияти бисёрсамта, бонизом бомақсад ва бо ҳам мувофиқи идорахои давлатӣ, сохтор ва муассисаҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки ба ташаккули шуури ватанпарастӣ, ҳисси садоқат ба Ватан равона карда мешавад. Тарбия ватанпарастӣ дар асоси самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
-омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишу суннатҳои он, ки он дар дарк намудани хусусиятҳои маърифатии сарчашмаҳои илмию таърихӣ, инкишофи маданият, дарки моҳияти Ватан, тақдири он, ифтихор аз гузаштагон ва шахсиятҳои маъруф, омӯзиши таърихи ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, ташаккули сифатҳои масъулияти ҳарбӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баҳри ҳимоями ватани худ аз хатархои берунӣ, дарки хусусиятҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаву суннатҳои мардуми худ ифода меёбад. Ин самти тарбия бештар дар ҳамгироӣ бо унсурҳои тарбияи худшиносӣ ва хештаншносӣ амалӣ карда мешавад.
-муҳофизати мухити зист., ин самт бештар ба тарбияи экологӣ такя мекунад ва дарки ҳифозат ва беҳдошти муҳити зист, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, ҳамоҳангсозии корҳои экологиву маърифатиро аз қабили ободонии мавзеъҳо, риояи тозагӣ, кабудизоргардонии гирду атроф ва ғайраро ифода менамояд;
-ташаккули хисси миллӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон, ки он сарчашмахои худро аввалан аз мухити оила ва сипас аз ҷамъият- боғча, мактаб, донишгоҳ ва коргоҳ мегирад. Яъне, ҳисси муҳаббат ба ватан дар хаёти ҳар як инсон, ҳар як миллат мавқеи хоса дорад. Ин ҳиссиёт ва муҳаббат ба миллат, анъана, Ватан ҳамеша аз оила оғоз ёфта, дар зиндагӣ дар ҷамъият ташаккул меёбад.
-сиёсиву ҳуқуқӣ, ки он ташаккули дарки ӯҳдадориҳои конститутсионӣ ва ҳарбӣ, ҳодиса ва равандҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии давлат, сиёсати ҳарбӣ, қоидаҳои ҳарбӣ, мавқеъ ва нақши Қуввахои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми сиёсии ҷамъият ва давлатро дар бар мегирад
-байналмилалӣ, ки ин самт ба тарбияи арзишхои миллӣ, садоқат ба ватан ва миллат, тарғиби ифтихори миллӣ, дӯстии халқҳо, сулҳпарастӣ, гиромидошти забони давлатӣ, маданият, таъриху фарҳанги миллат равона карда мешавад;
Қобил ба ёдоварист, ки раванди корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонону наврасон пас аз қабул гардидани «Консепсияи миллии тарбия» (соли 2006) вусъати нав пайдо намуда, мақсаду вазифа ва мазмуни тарбия комилан ба арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии миллати мо мутобиқ кунонида шуд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати тозаистиқлоли мо ба тарбияи густурдаи миллӣ бештар ниёз дорад. Аз ҷумла, дар Консепсия таъкид шудааст, ки: «Рушди минбаъдаи кишвар ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу зебопараст, фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шахрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила мебошад».
Педагоги варзида, академик Лутфуллоев М. дастури таълимие дар асоси нақшаи таълимии «Ифтихори Ватандорӣ» таҳия намудааст, ки он тамоми паҳлӯҳои тарбияи ватандӯстиро фаро гирифта, вазифаҳои тарбияи ватандӯстиро муайян менамояд. Таъкид карда мешавад, ки тарбияи ватандӯстӣ дар ҷараёни таълиму тарбия дар заминаи аз худ намудани унсурҳои миллии тарбия бояд амалӣ гардад. Дар ин ҷодда бештар маҳсули эҷодии шоирон ва нависандагони тоҷику форс ҳамчун далели ташаккули шуури миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шахсият хизмат мекунад. Муҳаққиқ таъкид мекунад, ки зимни таълим тарбия дода шавад, ки ватандӯстӣ ин танҳо бо дӯст доштани Ватани соҳибистиқлол ва муҳаббат ба маҳалли хеш, минтақа, вилоят ва ноҳия анҷом намеёбад. Ватандӯстӣ омодагӣ, муҳаббат ба Тоҷикистони ягона ва тақсимнопазир, садоқат ба он, садоқат ба халқ ва кӯшишҳоро баҳри пурқувват гардонидани тавоноии кишвар ифода менамояд(ҳамон ҷо).
Тарбияи ватанпарастӣ бояд яклухт ва мукаммал бошад. Усули яклухт хусусияти муҳимтарини тарбияро инъикос намуда, ҳадафи он ба ташаккули яклухт ва ҳамаҷониба инкишоф додани шахсият равона шудааст. Муҳаққиқ Туронов С. руйи мавзӯи тарбияи ватандӯстӣ муҳокима ронда, қайд кардааст, ки « усули яклухт хусуяти қонуниро дошта, яке аз принсипҳои тарбияи хонандагон мебошад ва он ба таври воқеӣ мувофиқати пурраи тарафҳои шахсияти инкишофёфтаро талаб мекунад».
Аз ин рӯ, тарбияи узви комили ҷомеа, инсони маънавӣ яке аз муҳимтарин вазифаҳои низоми ҳозираи таҳсилот ба шумор меравад. Имрӯз дар ҷомеаи демократии мо ба масъулияти шахсии инсон дар назди худ ва ҷомеа, дараҷаи вазифа ва виҷдони маънавии ӯ, ташаккулу камолоти ахлоқии шахсият ҳар чӣ бештар таваҷӯҳ зоҳир мегардад. Ҳамзамон, бо таҳияи талаботи муайяни ахлоқӣ, танзими муносибати ҳаёти одамон, дар шуури ҳар як шахсият ворид сохтани ин талабот ва тасаввуроти ба он алоқамандро тақозо менамояд. Ин масъала, чуноне, ки болотар зикр намудем, аз ҷониби ҷомеа дар раванди тарбияи маънавӣ аз хурдсолӣ cap карда ҳаллу фасл мешавад.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки дар кори тарбияи ватанпарастӣ дар муассисаҳои томактабӣ зимни машғулиятҳо бештар аз маводи мустаҳкамкунанда, ба амсоли видеофилмҳои ба мавзӯъҳои санъату фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ, мусиқӣ, меъморӣ, зебоипарастӣ бахшидашуда, дар муассисаҳои таҳсилотӣ бештар аз ташкили лексияҳо, сӯхбат, ҳикоя, маҳфилҳои адабию тематикӣ оид ба тарбияи ватандустӣ, манфиатҳои миллии давлат, мубоҳисахо, викторинаҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мизҳои мудаввар, конференсиву семинарҳо ва ғайра истифода бурдан хеле умда мебошад.
Бояд мутазаккир шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мунтазам тавсия медиҳад, ки хонандагону донишҷӯён, ҷавондухтарону ҷавонписарон бештар ба маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ ҷалб карда шаванд, то ки барои муаррифии истеъдоди худ дар дохил ва хориҷи мамлакатамон имконияти бештар ба даст оранд. Ҳадафи Пешвои миллат аз ин ташаббус дар он аст, ки ҷавонон барои зуҳури истеъдоду маҳорат, ба таври васеъ амалӣ гардонидани нақша ва имконотҳои худ монеаеро дар зиндагии худ эҳсос накунанд ва ҳамеша озоду муваффақ бошанд.
Барои он ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан бигирад, онҳо бояд аз таърих ва фарҳанги кӯҳанбунёди худ бархӯрдор бошанд. Вале боиси таассуф аст, ки дар замири аксарияти ҷавонон имрӯз танбалӣ, худфиребӣ, вақткушӣ мушоҳида мешавад.
Ҷавонон бояд сарнавишти ибратомӯзи гузаштагони худ, фидокорию ҷонбозиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик ва таърихи кӯҳану нави миллати худро хуб донанд. Дар акси ҳол ҳеҷ касе аз ноогоҳиву бехабарӣ ватандӯст ва милатдӯсти хақиқӣ шуда наметавонад. Ин ҳама танҳо дар натиҷаи дарки моҳияти мафҳумҳое чун Тоҷикистон, Модар-Ватан, Ваҳдат, истиқлолият, давлат, сулҳ, ягонагӣ, ҳамбастагӣ, якпорчагӣ, шукргузорӣ ва амсоли инҳо ба миён меояд.
Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зимаи ҷавонон вогузор аст. Ватанро дар баробари модари худ дӯст доштан, қадр кардан ва ҳифз намудан ватанпарвари вокеии миллати худ буданро ифшо месозад. Танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ хифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Ҷавононе, ки воқеан ватани худро дӯст медоранд ва ободиву таарққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Дар ин робита тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон дониста мешавад.
Бо назардошти ҳадафҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ зарур мешуморем, ки ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстии ҷавонон тадбирҳои зерин роҳандозӣ карда шаванд:
-ба роҳ мондани омӯзиши ашъори панду ахлоқии адибони классик ва муосири тоҷик ва инчунин асарҳои насрии фарогирандаи мавзӯъҳои ватанпарастӣ, миллатпарастӣ ва рафоқатпазириву сулҳпарварӣ;
-ба роҳ мондани таълиму омӯзиши таъриху фарҳанги қадима ва имрӯзаи миллати тоҷик ва миллату давлатҳои дигар;
-ташкили намоиши китобҳои ҷанбаи тарбияи ватанпарастӣ дошта;
-ташкил намудани мизҳои мудаввар, муколаммаву мубоҳисаҳо дар мавзӯи ватанхохиву миллатпарастӣ;
-ташкил намудани саёҳатҳо, ташриф намудан ба осорхонаҳо, театру нигористонҳо, дидан намудан аз мавзеҳои таърихиву фарҳангии кишвар;
- бо иштироки ҷавонон барпо намудани викторинахо, мизҳои мудаввар дар атрофи мавзӯи ватанпарастӣ ва дар ин замина инкишоф додани малакаҳои муоширатии ҷавнону наврасон;
-тақвият додани ҳамкориҳо бо падару модарон, қудакистонҳо ва муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, варзишӣ;
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамояд, ки ҷавонон нерӯи фаъолу созандаи ҷамеаро ташкил медиҳанд. «Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудан, вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзоёни ҷомеа, бахусус падару модарон, омӯзгорон ва ҳар як фарди равшандил аст. «Наврасону ҷавонон созандагони Ватан, бунёдкори сулҳу ваҳдат, такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд»- қайд менамояд ӯ. Президент Эмомалӣ Раҳмон мақоми муҳими ҷавононро дар амалӣ намудани нақшаву барномахои стратегии рушди ҷомеа махсус таъкид намуда, қайд мекунад, ки «имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодёти миллии мамлакат ҷавонони бонангу номус содиқона кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд».
Дар сиёсати худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалияти бештарро ба рушди соҳаи маориф ва тарбияи ҷавонон равона менамояд. «Ҷавонон ояндаи Тоҷикистонанд»- доимо дар баромадҳои худ таъкид менамояд ӯ. Аз ин рӯ, ҷавонону наврасони мамлакатро мебояд ба он водор кард, ки ба дарки амиқи ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат таваҷҷӯҳи авалиндараҷа зоҳир намоянд, масъулият нишон дода, ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз беш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона созанд, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки дар ҷомеа сазовори мавқеи арзанда бошанд, Нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкоронаи худро дар рӯҳияи ватанпарастиву хизмат ба миллати хеш пайваста густариш диҳанд.
Азиза Давлатшоева,
сардори кафедраи забонҳои
Академияи ВКД ҶТ,
дотсент, полковники милитсия.