Назаре ба робитаҳои адабии тоҷикону ӯзбекон
Равобити адабии тоҷикону ӯзбекон собиқаи куҳан дошта, аз даврони бостон ибтидо мегирад. Ин равобити адабӣ дар шаклу навъҳои мухталиф зуҳур намуда, бо тақозойи даврони муайяни таърихӣ таъсири адабиёти тоҷик ба адабиёти ӯзбек ва баръакс ба мушоҳида мерасад. Намунаҳои аввалини ин робитаи адабӣ, пеш аз ҳама, дар эҷодиёти шифоҳии ҳар ду халқ мушоҳида мешавад. Аз маҷмӯаҳои банашррасида зарбулмасалу мақол, афсонаву ривоятҳо ва ашъори гуногуни шифоҳӣ бармеояд, ки аксари онҳо мундариҷаву ғояи муштарак доранд. Агар таъйини забониро истисно намоем, маълум намешавад, ки ин асарҳо моли кадоме аз ин халқиятҳо ҳастанд. Ин гуна афкори муштарак дар офаридаҳои ҳамосии ин халқиятҳо бештар ба назар мерасад. Масалан, дар эпосҳои қаҳрамонии «Гуруғлӣ» ва «Алпомиш» идеву орзу ва ормони ҳар ду миллатро мушоҳида кардан мумкин аст. Пажӯҳишгарони адабиёти шифоҳӣ собит намудаанд, ки қаҳрамони миллии тоҷик Рустами Дастон дар байни ӯзбекҳо хеле шуҳрат дорад ва дар таъсири он дар адабиёти ин миллат образҳои зиёде ба амал омадаанд. Ба гуфтаи муҳаққиқи адабиёти шифоҳии тоҷик Раҷаб Амонов, «Алпомиш»-и тоҷикӣ дар таъсири бевоситаи «Алпомиш»-и ӯзбекӣ ба вуҷуд омадааст ва «Гурӯғли»-ҳои тоҷикию ӯзбекӣ шабоҳатҳои зиёде бо ҳам доранд.
Дар гузашта «Шоҳнома»-ю «Самаки айёр», «Чор дарвеш» ва дигар асарҳои ривоятии тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуда, дар шаклгирии насри ривоятии онҳо нақши муассир бозидаанд. Баъзе асарҳои тоҷикӣ ба туфайли ба забони туркӣ тарҷума шуданашон боқӣ мондаанд. Масалан, китоби панҷуми «Самаки айёр» аз байн рафтааст, аммо тарҷумаи туркии он боқӣ монда, ки муҳаққиқон ба воситаи тарҷумаи туркии он нусхаи тоҷикии онро барқарор карданд.
Бино ба такиди пажӯҳандагон, робитаи адабии адабиёти хаттии тоҷикону ӯзбекон аз асрҳои Х1-Х11 сарчашма мегирад. Аз он ҷо, ки адабиёти форси тоҷикӣ таърихи хеле куҳан дорад, дар асрҳои миёна суханварони туркии ӯзбекӣ дар пайравӣ ба адибони форсу тоҷик асарҳои зиёд офаридаанд ва дар ин замина шоирону адибони зуллисонайн ба майдон омаданд, ки ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ эҷод мекарданд. Муҳаққиқон «Муҳаббатнома»-и Хоразмиро, ки соли 1353 эҷод шудааст, намунаи нахустини ин падидаи адабӣ медонанд. Дар давраи темуриён сафи шоирони дузабона, ки ба тоҷикию ӯзбекӣ эҷод мекарданд, хеле афзуд. Дар нимаи аввали асри ХY шоирони ӯзбек Атоӣ, Саккокӣ, Лутфӣ, Гадоӣ, ки парвардаи адабиёти форси тоҷикӣ буданд, ашъори худро ба ду забон: форси тоҷикӣ ва турки ӯзбекӣ эҷод кардаанд. Бештари ашъори ин шоирони ӯзбек дар пайравии ғазалиёти Камоли Хуҷандию Ҳофизи Шерозӣ мебошад.
Дар нимаи дуюми асри ХУ равобити адабии ин халқҳои бародар ба давраи сифатан нав дохил мегардад ва ба дараҷаи камоли он мерасад, ки дар саргаҳи он ду шоири бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ меистанд. Маҳз бо воситаи ин ду абармарди бузурги фарҳанги башарӣ равобити адабии тоҷикону ӯзбекон мазмунан ғанию рангин мегардад ва самараи он дар даврони Истиқлол низ ба мушоҳида мерасад. Дар масъалаи дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ҳам дар адабиётшиносии тоҷикону ӯзбекон ва ҳам дар ховаршиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рисолаҳои тадқиқотии зиёде анҷом гирифтааст. Зикри ин нукта кофист, ки саҳми Алишери Навоӣ на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули адабиёти туркӣ- ӯзбекӣ, балки дар рушди адабиёти тоҷик низ бузург аст. Навоӣ, ки парвардаи мактаби Ҷомӣ буд, дар пайравии шоирони бузурги форсу тоҷик, алалхусус дар пайравии устодаш Ҷомӣ ашъори зиёде сурудааст. Алишери Навоӣ ба забони тоҷикӣ девоне мерос гузошта, ки бо номи «Девони Фонӣ» шуҳрат дорад . Навоӣ дар ашъори тоҷикиаш Фонӣ тахаллус намуда буд.
Дар асрҳои минбаъда ба таъсири воқеаҳои сиёсию иҷтимоӣ шоирони тоҷику ӯзбек суннати бунёдгузаштаи Навоиро идома дода, дар ҳавзаҳои адабии Бухорову Самарқанд, Хуқанд ва Хоразм ашъори зиёде ба ду забон офариданд. Дар асрҳои ХYIII-XIX анъанаи шоирони зуллисонайн дар Осиёи Миёна хусусияти умумӣ гирифт. Шоирони тоҷику ӯзбек на танҳо ба ду забон шеър мегуфтанд, балки бо ду забон девон ҳам тартиб додаанд. Дар ин давраи шоироне, монанди Гулханӣ, Маъмур, Ҳозиқ, Маъдан, Муқимӣ, Фурқат, Аҷзӣ, Васлӣ ва дигарон ба ду забон шеър суруда, дар инкишофи адабиёти ҳар ду халқ хидмати арзанда кардаанд.
Бояд зикр кард, ки баҳрабардории суханварони ин ду миллат аз адабиёти якдигар дар ҳеч замоне қатъ нагардидааст. Дар миёни анбӯҳи мероси адабии тоҷикону ӯзбекон, чи наср ва чи назм афкори ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва истиқлолталабиву озодихоҳӣ, одаму одамгароӣ, дӯстии халқҳо, таҳамммулпазирӣ фароҳам омадааст, ки имрӯз аз онҳо барои устувории давлати соҳибистиқлол ва ташаккули тафаккуру идеалҳои миллӣ, барқарор ва таҳкими дӯстӣ бо дигар халқу миллатҳо ба таври васеъ истифода бурдан мумкин аст.
Адабиёти ғанӣ, пурмуҳтаво ва беш аз ҳазорсолаи ниёгон барои худшиносӣ ва ифтихор вазифаи муҳимро метавонад иҷро кунад. Ва пеш аз ҳама, худи моро бо таърихи пурифтихорамон шинос намуда, саҳми адибонамонро дар инкишофи тамаддуни башарӣ нишон медиҳад. Ин осори гаронбаҳо дар ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосе дошта, барои пешрафти фарҳангу маънавиёти халқҳои дигари олам хизмати шоиста намудааст. Аз «Авесто»-ву пандномаҳои паҳлавӣ шурӯъ карда,то ашъори Рӯдакиву «Шоҳнома»-и Фирдавсиву «Гулистон»-и Саъдӣ, рубоиёти Умари Хайёму қасидаҳои Носири Хусрав, ғазалиёти Ҳофиз, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхиву «Хамса»-и Низомӣ, маснавиҳои Аттору «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, девони форсии Алишери Навоӣ, осори Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ ва садҳо асарҳои дигар ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва нашр шудаанд.
Таъкид намудан лозим аст, ки чунин эҳёи маданият ва фарҳанг дар кишвари ба мо дӯст Ӯзбекистон низ рух додааст. То имрӯз даҳҳо асарҳои таърихӣ, осори адибони гузашта дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тадқиқ ва чоп шудаанд. Мероси дар гузашта, дар шароити ягонаи фазои маданӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ эҷоднамудаи аҷдодони мо ба ҳар ду халқ мансубанд. Дар Ӯзбекистон дар риштаи омӯзиши улуми динии гузаштагон, мероси намояндагони ҳавзаҳои илмӣ ва адабии Бухоро, Хӯқанд, Хева, Шаҳрисабзу Насаф, Тирмиз корҳои бузурге ба анҷом расидааст. Ҷашнвораи “Авесто” дар Тоҷикистону Ӯзбекистон барои наздик шудани халқҳои тоҷику ӯзбек, ки гузаштаи ягона доранд аҳамияти бузурги илмӣ ва фарҳангиро доро мебошад.
Мероси пурбаҳои илмӣ ва адабӣ имрӯз барои ҳар ду кишвари соҳибистиқлол, ки рӯ ба ҷомеаи хуқуқбунёди дунявӣ ниҳодаанд, хеле муҳим ва зарур мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи нав тарбияи инсони худшиносу худогоҳ, дорои ахлоқи неку маънавиёти баландро тақозо менамояд. Осори адабии ниёгон саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардӯстӣ буда, дар тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозанд. Аз ин рӯ, таҳқиқу омӯзиш ва таҳияву нашри осори адабии ниёгон аз вазифаҳои муҳими аҳли илму адаб ба шумор меравад.
Устод Садриддин Айнӣ бо асари маъруфи «Намунаи адабиёти тоҷик» марҳалаи наверо дар таҳқиқи мероси адабии мардуми тоҷик оғоз намуда, муҳаққиқонро ба омӯзиши осори гаронбаҳои гузаштагон роҳнамоӣ карда буд. Ӯ дар бораи аҳволу осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Восифӣ, Навоӣ, Бедил, Аҳмади Дониш таҳқиқоти пурарзиш анҷом дода, бо кашфиёту бозёфтҳои илмияш адабиётшиносии тоҷикро ғанӣ гардонд. Кори устод Айниро олимону матншиносони варзидаи тоҷик идома доданд ва дар нашри осори адабӣ намунаҳои хуб ва таҷрибаи кофӣ низ ба даст омадааст.
Мероси адабии мардуми тоҷику ӯзбек ҳоло дар марказҳои илмии кишварҳои гуногуни олам амсоли Русия, Амрико, Англия, Фаронса, Олмон, Чехия, Ҳолланд, Австрия, Ҳиндустон, Покистон, Курё, Ҷопон, Чин низ тадқиқ мешавад. Вале марказҳои асосии таҳқиқ муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон бояд бошанд. Аз ин рӯ, зарур аст ки ин марказҳо дар таҳқиқи осори адибони классик ва муосир, хусусан, таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси бузургмардони адаб, пайваста саъю талош намоянд. Зеро мероси пурбаракати адабии мо чунон зиёд аст, ки теъдоди шуарои соҳибдевон беш аз панҷ ҳазор нафар мебошанд.
Дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек ва равобити адабии ин ду миллати бародар дар даврони Истиқлол боз ҳам бештар рушд меёбад, ки ба манфиати тарафайн аст.
Азиза Давлатшоева,
полковники милитсия