Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои Ватан
Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола 23-уюми май бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди ҷавонон дар Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Пеш аз таҷлили Рӯзи ҷавонон 23-юми май, Ҳафтаи ҷавонон баргузор мешавад, ки пур аз чорабиниҳои мухталиф барои насли ҷавони кишвар мебошад. Ва он аз барномаҳои варзишӣ, фарҳангӣ, шабҳои назм ва консертҳо иборат мебошад.
21 майи соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон доимо афзоиши демографӣ сурат мегирад ва нисфи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз маълумоти оморӣ чанд рақамро дар зер меорем, ки воқеан нишон медиҳад, ки ҷавонон қисми зиёди аҳолиро ташкил дода, нақши асосиро мебозанд:
- Аз беш аз 9 миллиону 313 ҳазор (тибқи маълумоти Агентии омор то санаи 1 январи соли 2021) нафар аҳолии Тоҷикистон 70 фоизи аҳолӣ то 35 мебошад;
- Синни миёнаи омории шаҳрванди Тоҷикистон 2,2 сол аст;
- Дар кишвар 41 донишгоҳи таҳсилоти олӣ мавҷуд аст;
- Шумораи донишҷӯён дар Тоҷикистон 245 ҳазор нафар аст;
- беш аз 40 ҳазор нафар аз ҷумлаи ҷавонони Тоҷикистон дар кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд;
- Сатҳи умумии саводнокӣ дар байни ҷавонон 99,88% -ро ташкил медиҳад;
- Сатҳи саводнокӣ дар байни занони ҷавон 99,86% аст;
- Сатҳи саводнокӣ дар байни мардон 99,89% -ро ташкил медиҳад.
Ватанро танҳо ҷавонони соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд, давлатро шаҳрвандони донишманду баландихтисос муқтадиру нерӯманд мегардонанд ва пешрафти суботи ҷомеа аз сатҳи донишу фарҳанг ва ҷаҳонбинии онҳо вобастагии мустақим дорад. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Умуман, ҷавонон дар маркази ҳама гуна тағйироту табаддулотҳои ҷиддӣ ва ҳам нек дар кишварашон буданд. Масалан, ҷавонон ба мисли Сӯҳробу Сиёвуш дар таърихи мо дар дифои манфиатҳои миллат ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, барои истиклоли Ватанаш ҷонашро фидо карда буд, гуруҳи ҷавонон инқилобҳои демократиро дар кишварҳои Аврупову Осиё ба вуҷуд оварданд ва имрузҳо ҷавонони ба идораи давлатӣ ҷалбшуда дар кишварҳои собик Шӯравӣ, аз ҷумла Қазоқистону Руссия ба пешрафти нисбии сарзаминашон хизмати назаррас менамоянд [2]. Бинобар ин, таърихи инсоният аз гувоҳи он, ки ҷавонон нерӯи созандаи бузург ҳастанд, саршор аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд, зеро роҷеъ ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар карда, борҳо ба насли ҷавон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд.
Президенти кишвар хуб дарк кардаанд, ки асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз ба нерӯи ҷавонон вобастагӣ доранд. Дар иқтибоси боло таъкид гардидааст, ки ҷавононро дар ҳар ҳолат ва дар ҳар вазъият чунон дастгирӣ ва кӯмак намоем, ки ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бошанд. Шароити комилан мусоид барои ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити фаъолият маҳз дар гуфтаҳои Сарвари кишвар батакрор зикр шудааст, ки ин баёнгари сиёсати устувор ва оянданигар дар рушди давлат ва давлатдорӣ аст. Дар суханрониҳои Сарвари кишвар натанҳо ба нерӯи созандаи ҷавонон умед баста шудааст, балки бамаврид таъкид шудааст, ки ҷавонони мо аз ҳар гуна пешрафтҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд ва сари вақт муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоиро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рух медиҳанд огоҳона дарк намоянд.
Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррифкунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрузу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан – ғайри имкон аст. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутарраққию пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозуи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мебошанд. Дар мавриди дигар ишора менамоянд, ки «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд" .
Маълум мешавад, ки андешаҳои Президенти кишвар дар мавриди нақши муассир доштани нерӯи ҷавонон дар муҳити сиёсӣ ва дигаргуншавиҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳамчунин густариши соҳаҳои гуногуни ҷомеа такя ба меъёрҳои устувори сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад. Метавон мисолҳои зиёдеро ин ҷо овард, ки бевосита таваҷҷӯҳ ва эътимоди шахсии Сарвари давлатро нисбат ба насли ҷавон ифода менамояд. Бояд гуфт, ки маҳз ҳамин эътибори Пешвои миллат сабаб гардида, ки аҳли Ҳукумати Тоҷикистон низ дар самт пайрави сиёсати пешгирифтаи Президент мебошанд.
Ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ парламенти кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тавсиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.
Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба рох монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт.
Баъди мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23 майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соха - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Боварӣ ва ифтихори сарвари кишвар аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонӣ ва одобу ахлоқи насли замони истиқлол бори дигар онҳоро водор месозад, ки далерона ба сӯйи фардои дурахшони ватан ҳамчун нерӯи пешбарандаи сиёсати Пешвои миллат устуворона гом бардоранд., зеро дар “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” оварда шудааст: “... ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад”.
Маруфзода Маъсумахон Маруф,
муаллимаи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети
№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия